Корнома
9 Шоул бошад, пур аз хашму ғазаб буд ва сахт мехост шогирдони Ҳазратро кушад.+ Ӯ назди саркоҳин рафта, 2 хоҳиш кард, ки ба ибодатхонаҳои шаҳри Димишқ нома нависад, то ӯ пайравони ин Роҳро*,+ хоҳ зан бошад, хоҳ мард, бандӣ карда, ба Ерусалим орад.
3 Дар роҳ, вақте ки Шоул ба Димишқ наздик мешуд, ногаҳон аз осмон нуре дурахшид ва атрофи ӯро равшан кард.+ 4 Ӯ ба замин афтода, овозеро шунид, ки гуфт: «Шоул, Шоул, барои чӣ маро озор медиҳӣ?» 5 Шоул гуфт: «Тақсир, ту кистӣ?» Ӯ ҷавоб дод: «Ман ҳамон Исоям,+ ки ту ӯро озор медиҳӣ.+ 6 Бархез ва ба шаҳр даро; дар он ҷо ба ту гуфта мешавад, ки бояд чӣ кор кунӣ». 7 Касоне, ки бо ӯ буданд, аз ҳайрат шах шуданд, зеро садоро мешуниданду касеро намедиданд.+ 8 Вақте Шоул аз ҷой хест, чизеро надид, ҳарчанд чашмонаш кушода буданд. Аз ин рӯ онҳо ӯро аз дасташ гирифта, ба Димишқ оварданд. 9 Ӯ се рӯз чизеро намедид+ ва ҳеҷ чиз намехӯрду наменӯшид.
10 Дар Димишқ Ҳанониё+ ном шогирде буд ва Ҳазратамон дар рӯъё ба вай намудор шуда, гуфт: «Ҳанониё!» Ӯ гуфт: «Лаббай, Ҳазратам». 11 Ҳазрат ба ӯ гуфт: «Хеста, ба кӯчае, ки Рост ном дорад, бирав ва дар хонаи Яҳудо Шоул ном марди тарсусиро+ суроғ кун. Ӯ, ки ҳоло дуо мегӯяд, 12 дар рӯъё дидааст, ки Ҳанониё ном шахсе омада, бар ӯ даст мегузорад, то бино гардад».+ 13 Аммо Ҳанониё дар ҷавоб гуфт: «Ҳазратам, ман аз даҳони бисёриҳо дар бораи ин мард ва тамоми бадие, ки ӯ ба покони Ерусалим кардааст, шунидаам. 14 Ба ин ҷо низ ӯ аз коҳинони калон иҷозат гирифта, омадааст, то ҳар касеро, ки ба ту имон дорад, бандӣ кунад».+ 15 Аммо Ҳазратамон ба ӯ гуфт: «Бирав, зеро ин шахс зарфи хушкардаи ман аст,+ ки бояд номи маро ба халқҳо,+ подшоҳон+ ва писарони Исроил эълон намояд. 16 Ман ба ӯ нишон медиҳам, ки ба хотири номи ман ӯ бояд чӣ қадар азоб кашад».+
17 Пас, Ҳанониё рафта, ба он хона даромад ва бар Шоул даст гузошта, гуфт: «Шоул, бародарам, Ҳазратамон Исо, ки дар роҳ, ҳангоми ба ин ҷо омаданат, ба ту намудор шуд, маро фиристод, то ту бино гардӣ ва аз рӯҳи муқаддас пур шавӣ».+ 18 Ҳамон лаҳза чизе ба монанди пулакча аз чашмони Шоул афтод ва ӯ бино гашт. Он гоҳ ӯ бархост, таъмид гирифт* 19 ва хӯрок хӯрда қувват ёфт.
Шоул якчанд рӯз бо шогирдон дар Димишқ+ монд 20 ва дарҳол дар ибодатхонаҳо дар бораи Исо эълон кардан гирифт, ки ӯ Писари Худост*. 21 Аммо ҳамаи онҳое, ки ӯро мешуниданд, дар ҳайрат монда мегуфтанд: «Оё ин ҳамон касе нест, ки дар Ерусалим касонеро, ки ба ин ном имон доранд, бераҳмона озор медод?+ Магар ӯ барои бандӣ карда, назди коҳинони калон бурдани онҳо наомада буд?»+ 22 Шоул бошад, дар хизмат торафт қувват мегирифт ва бо далелҳои қавӣ Масеҳ будани Исоро исбот карда,+ яҳудиёни Димишқро ба ҳайрат меовард.
23 Пас аз гузаштани рӯзҳои зиёд яҳудиён забон як карданд, ки Шоулро кушанд,+ 24 аммо ӯ аз ин хабардор шуд. Яҳудиён барои куштани ӯ шабу рӯз дарвозаҳои шаҳрро посбонӣ мекарданд, 25 бинобар ин шогирдонаш шабона ӯро дар сабад аз тирезаи девори шаҳр поён фароварданд.+
26 Шоул ба Ерусалим омада,+ кӯшиш кард, ки ба шогирдони Исо ҳамроҳ шавад, аммо ҳама аз ӯ метарсиданд, чунки ба шогирд шуданаш бовар надоштанд. 27 Он гоҳ Барнаббо+ ба мадади Шоул омад ва ӯро назди расулон овард. Барнаббо ба онҳо дар бораи он ки чӣ тавр Ҳазратамон дар роҳ ба Шоул намудор шуда,+ бо ӯ гап зад ва чӣ тавр Шоул дар Димишқ дар бораи номи Исо далерона гап мезад, батафсил нақл кард.+ 28 Пас аз он Шоул бо онҳо монд ва дар Ерусалим озодона гашта, дар бораи номи Ҳазратамон далерона гап мезад. 29 Ӯ бо яҳудиёни юнонизабон суҳбат ва баҳсу мунозираҳо мекард, онҳо бошанд, аз пайи куштани ӯ шуданд.+ 30 Вақте ки бародарон аз ин хабардор гаштанд, Шоулро ба Қайсария бурданд ва баъд ба Тарсус гусел карданд.+
31 Он вақт ҷамоат дар саросари Яҳудия, Ҷалил ва Сомария+ ба муддате оромӣ ёфта, обод мешуд. Ҷамоат меафзуд, зеро аз рӯҳи муқаддас+ тасалло меёфт ва дар тарси Яҳува рафтор мекард.
32 Вақте Петрус дар саросари он минтақа мегашт, ба назди покони шаҳри Лидда омад.+ 33 Дар он ҷо ӯ Аниёс ном шалеро дид, ки ҳашт сол боз бистарӣ буд. 34 Петрус ба ӯ гуфт: «Эй Аниёс, Исои Масеҳ туро шифо медиҳад.+ Бархезу бистаратро ҷамъ кун!»+ Ҳамон лаҳза ӯ аз ҷой хест. 35 Ӯро дида мардуми Лидда ва водии Сорӯн ба Ҳазрат имон оварданд.
36 Дар Ёфо Тобито (ба забони юнонӣ Доркас*) ном зане буд, ки шогирди Масеҳ буда, бисёр корҳои нек мекард ва хайру садақоти зиёде медод. 37 Вақте Петрус дар Лидда буд, Доркас касал шуда, мурд. Шогирдоне, ки дар он шаҳр буданд, ӯро шустанду дар болохона гузоштанд. 38 Азбаски Лидда дар наздикии Ёфо ҷойгир буд, шогирдон дар он шаҳр будани Петрусро шунида ба назди ӯ ду нафарро фиристоданду хоҳиш карданд: «Илтимос, тезтар назди мо биё». 39 Петрус бархоста, бо онҳо равона шуд. Ҳангоме ки ба он ҷо расид, ӯро ба болохона бурданд ва ҳамаи бевазанон дар назди ӯ ҷамъ шуданд. Онҳо гиря мекарданд ва сарулибоси зиёдеро, ки Доркас дар вақти зинда буданаш дӯхта буд, ба Петрус нишон медоданд. 40 Петрус аз ҳама хоҳиш кард, ки берун бароянд,+ худаш бошад, зону зада, дуо гуфт. Сипас ӯ сӯйи ҷасад гашта, гуфт: «Эй Тобито, бархез!» Ҳамон дам ӯ чашмонашро кушод ва Петрусро дида, нишаст.+ 41 Петрус дасти Доркасро гирифту ӯро ба по хезонд ва покони он ҷо ва бевазанонро даъват карда, ӯро, ки зинда шуда буд, ба онҳо супорид.+ 42 Хабари ин воқеа дар тамоми Ёфо паҳн шуд ва бисёриҳо ба Ҳазратамон имон оварданд.+ 43 Петрус рӯзҳои зиёд дар Ёфо, дар хонаи Шимъӯн ном чармгаре монд.+