1 Тимотиюс
4 Вале каломи илҳомбахшида аниқ мегӯяд, ки дар оянда баъзеҳо ба таълимоти девҳо ва суханони илҳомёфтаи раҳгумсоз диққат дода аз имон дур мешаванд.+ 2 Чунин касон ба дурӯғи дурӯягоне гӯш медиҳанд,+ ки виҷдонашон мисли пӯсте, ки онро бо оҳани тафсон тамға задаанд, беҳис шудааст. 3 Онҳо оиладориро манъ мекунанд+ ва ба дигарон амр медиҳанд, ки аз баъзе хӯрокҳо парҳез кунанд,+ ҳол он ки Худо чизҳои хӯрданиро офаридааст,+ то имондороне, ки дар бораи ростӣ дониши дақиқ доранд, онро бо шукргузорӣ бихӯранд.+ 4 Охир, ҳар чизе, ки Худо офаридааст, хуб аст+ ва аз ҳар он чӣ бо шукргузорӣ хӯрда мешавад, набояд рӯ гардонд,+ 5 чунки он ба воситаи каломи Худо ва дуо поку муқаддас мегардад.
6 Ба бародарон чунин маслиҳатҳо дода, ту хизматгузори хуби Исои Масеҳ мешавӣ, хизматгузоре, ки худро бо суханони имон ва таълимоти нек ғизо медиҳад, ва ту ин таълимотро ба хубӣ пайравӣ мекунӣ.+ 7 Лекин ба қиссаҳои куфромез,+ ба ҳар хел кампиргап, гӯш надеҳ, ба ҷойи ин худотарсиро мақсади худ сохта, худро машқ деҳ. 8 Машқи ҷисмонӣ андак фоида дорад, худотарсӣ бошад, аз ҳар ҷиҳат фоиданок аст, чунки ваъдаи ҳаёти ҳозираву ояндаро дар бар мегирад.+ 9 Ин сухан дуруст ва сазовори боварии комил аст. 10 Аз ин рӯ мо зӯр мезанему ҷон меканем,+ зеро ба Худои зинда, Наҷотбахши+ ҳама гуна одамон,+ махсусан вафодорон, умед бастаем.
11 Фармудану таълим додани ин чизҳоро давом деҳ. 12 Нагузор, ки касе аз сабаби ҷавоният ба ту нописандӣ кунад, балки дар гуфтор, рафтор, муҳаббат, имон ва покдоманӣ ба вафодорон намуна бош. 13 То вақти омаданам бо қироат* ва насиҳату* таълими дигарон банд бош.+ 14 Ба атое, ки дорӣ, беаҳамиятӣ накун, ки он ба воситаи пешгӯйӣ, ҳангоми даст гузоштани ҳайати пирон ба ту дода шудааст.+ 15 Дар бораи ин чизҳо андеша рон ва андармони онҳо бош, то пешравии ту ба ҳама маълум шавад. 16 Доимо ба худат ва ба таълим доданат диққат деҳ.+ Дар пайи иҷрои ин корҳо бош, зеро бо ин роҳ ҳам худатро наҷот медиҳиву ҳам шунавандагонатро.+