Забур
Ба сардори ромишгарон. Бар сози гиттит*. Таронаи писарони Қӯраҳ.+
84 Чӣ дилпазир аст хаймаи бузургат,+
Эй Яҳува, Худои лашкарҳо!
2 Ҷонам муштоқи саҳнҳои Яҳува аст,+
Вуҷудам аз пазмонӣ беҳол гаштааст.
Ҷону танам сӯйи Худои зинда бонги шодӣ мезанад.
3 Ҳатто паранда дар он ҷо барои худ хона меёбад
Ва фароштурук лона пайдо мекунад.
Вай дар он чӯҷаҳояшро нигоҳубин мекунад,
Назди қурбонгоҳи бузургат, эй Яҳува, Худои лашкарҳо,
Подшоҳ ва Худои ман!
5 Хушбахтанд касоне, ки аз ту қувват меёбанд,+
Касоне, ки дилашон сӯйи роҳҳои хонаат нигарон аст.
6 Вақте аз водии Бака* мегузаранд,
Он дар назарашон макони серобу ҷӯй метобад.
Бар он ҷо борони бармаҳал баракат меборонад*.
7 Онҳо роҳ мераванду беқувват намешаванд,+
Ҳар яки онҳо ба ҳузури Худо, ба Сион, меояд.
8 Эй Яҳува, Худои лашкарҳо, дуои маро бишнав,
Эй Худои Яъқуб, ба садоям гӯш деҳ. (Село)
10 Як рӯз дар саҳнҳои ту беҳ аз ҳазор рӯз берун аз он!+
Бароям дар остонаи хонаи Худоям будан беҳтар аст,
Ки дар хаймаи бадкорон зиндагӣ кунам,
11 Зеро Яҳува Худо офтоб+ ва сипар+ аст,
Ӯ лутф мекунад ва ҷалол мебахшад.
Яҳува аз касоне, ки дар беайбӣ роҳ мераванд,
Чизи некро дареғ намедорад.+
12 Эй Яҳува, Худои лашкарҳо,
Хушбахт аст касе, ки ба ту такя мекунад.+