Забур
Тарона. Суруди шанбе.
92 Яҳуваро шукрона гуфтан чӣ хуш аст!+
Дар васфи номат, эй Худои Таоло, сароидан* чӣ некуст,
2 Саҳаргоҳон меҳри пойдорат
Ва шабонгаҳ вафоятро эълон кардан,+
3 Бар сози даҳтору танбӯр,
Ва бо навои чанг,+
4 Зеро ту, эй Яҳува, маро бо корҳои худ хурсанд кардаӣ,
Аз дидани амали дастонат ман нидои шодӣ мебарорам.
5 Чӣ бузурганд корҳои ту, эй Яҳува!+
Чӣ амиқанд андешаҳои ту!+
6 Бефаҳм наметавонад онҳоро дарк кунад.
Нодон наметавонад ба он сарфаҳм равад,+
7 Ки бадкорон мисли алаф месабзанд
Ва тамоми хатокорон мешукуфанд,
То ба таври абадӣ нест карда шаванд.+
8 Лекин ту, эй Яҳува, то абад боломақомӣ.
9 Эй Яҳува, бо тантана бар душманонат нигар,
Бубин, ки чӣ тавр онҳо нобуд мегарданд.
Тамоми хатокорон пароканда мешаванд.+
10 Вале ту маро мисли гови ёбоӣ бақувват мегардонӣ.
Бар танам равғани тару тоза хоҳам молид.+
11 Чашмонам бар мухолифонам тантанавор хоҳанд нигарист.+
Гӯшҳоям шикасти душманони бадкорамро хоҳанд шунид.
12 Росткорон бошанд, мисли дарахти нахл нашъунамо хоҳанд кард
Ва мисли сидраи Лубнон бузург хоҳанд шуд.+
13 Онҳо дар хонаи Яҳува шинонда шудаанд
Ва дар саҳнҳои Худои мо мешукуфанд.+
14 Дар айёми пирӣ ҳам борвар хоҳанд буд,+
Бақувват ва тару тоза хоҳанд монд+
15 Ва росткории Яҳуваро эълон хоҳанд кард.
Ӯ Кӯҳпораи ман аст,+ дар ӯ заррае ноинсофӣ нест.