2 Петрус
1 Ман, Шимъӯни Петрус — ғулом ва расули Исои Масеҳ*, ба онҳое менависам, ки аз баракати росткории Худои мо ва Наҷотбахшамон Исои Масеҳ мисли мо ба дониши ростии бебаҳо имон овардаанд:
2 Бигзор ба воситаи дониши дақиқ+ дар бораи Худо ва дар бораи Ҳазратамон Исо ба шумо лутфу осоиштагии бештар дода шавад. 3 Аз қудрати илоҳӣ ба мо ҳар чизи барои ҳаёт ва худотарсӣ зарур ато шудааст, чунки мо дар бораи Оне, ки ба воситаи ҷалол ва некукории худ моро даъват намудааст,+ ба хубӣ дониш гирифтаем. 4 Бо ин ҷалолу некуӣ ӯ ба мо ваъдаҳои бузургу бебаҳо дод,+ то ба воситаи онҳо шумо аз бадахлоқии ҷаҳон, ки меваи нафс аст, озод шуда, мисли Худо рӯҳ гардед.+
5 Аз ин сабаб бо тамоми кӯшиш+ ба имони худ некукориро илова намоед,+ ба некукорӣ бошад, донишро,+ 6 ба дониш — худдориро, ба худдорӣ+ — истодагариро, ба истодагарӣ — худотарсиро,+ 7 ба худотарсӣ — бародардӯстиро, ба бародардӯстӣ — муҳаббатро.+ 8 Агар ҳамаи ин хислатҳоро дошта бошеду онҳоро афзун кунед, дар истифодаи дониши дақиқ дар бораи Ҳазратамон Исои Масеҳ сусту бесамар намешавед.+
9 Вале касе, ки ин хислатҳоро надорад, кӯр аст, чунки чашмонашро аз равшанӣ мепӯшад*,+ ва фаромӯш кардааст, ки аз гуноҳҳои пештарааш пок гаштааст.+ 10 Бинобар ин, эй бародарон, боз ҳам бештар саъю кӯшиш кунед, ки чун даъватшудагон+ ва интихобшудагон вафодор монед, ва, агар ҳамин тавр кунед, ҳеҷ гоҳ пешпо намехӯред.+ 11 Бо ин роҳ шумо соҳиби баракати бузург мешавед, яъне имкон пайдо мекунед, ки ба Подшоҳии ҷовидонаи+ Ҳазрат ва Наҷотбахшамон Исои Масеҳ дохил шавед.+
12 Аз ин рӯ ман ният дорам ҳамаи чизҳои навиштаамро доимо ба шумо хотиррасон кунам, гарчанд шумо онҳоро медонед ва дар дониши ростии гирифтаатон устувор ҳастед. 13 Ман дуруст меҳисобам, ки, то даме дар ин ҷисм* ҳастам,+ онҳоро хотиррасон карда,+ шуморо бедор созам, 14 зеро медонам, ки ба наздикӣ ин ҷисмро тарк мекунам, чуноне ки Ҳазратамон Исои Масеҳ низ инро ба ман маълум сохта буд.+ 15 Ман доимо бо тамоми қувват мекӯшам, то пас аз рафтанам шумо ҳамаи инро ба худ ёдрас карда тавонед.
16 Вақте дар бораи қудрат ва ҳузури Ҳазратамон Исои Масеҳ ба шумо гуфта будем, суханонамон бар қиссаҳои моҳирона бофта асос намеёфт, балки мо бузургии ӯро бо чашмони худ дида будем.+ 17 Падарамон Худо, Сарчашмаи ҷалоли бузург, ӯро иззату ҷалол дода гуфт: «Ин Писари азизи ман аст ва ман аз ӯ розиям».+ 18 Ин суханонро мо бо гӯши худ, вақте бо ӯ дар кӯҳи муқаддас будем, шунидем.
19 Аз ин рӯ боварии мо ба пешгӯйиҳо боз ҳам қавитар гашт ва шумо низ хуб мекунед, ки ба онҳо диққат мекунед. Ин суханон то вақти бомдод ва то пайдо шудани ситораи саҳарӣ+ дар ҷойи торик, дар дилҳои шумо, чун чароғ медурахшанд.+ 20 Шумо пеш аз ҳама медонед, ки ягон пешгӯйии Навиштаҳо аз андешаи* инсонӣ сар намезанад, 21 зеро пешгӯйӣ ҳеҷ гоҳ бо хости одамизод ба забон оварда нашудааст,+ балки одамон бо роҳнамоии рӯҳи муқаддас, аз ҷониби Худо, сухан гуфтаанд.+