2 Таслӯникиён
3 Эй бародарон, доимо дар ҳаққи мо дуо гӯед,+ то каломи Яҳува минбаъд низ босуръат паҳн шавад+ ва одамон онро мисли шумо ҷалол диҳанд. 2 Ҳамчунин дуо гӯед, ки Худо моро аз одамони зараррасону бадкирдор паноҳ диҳад,+ зеро на ҳама имон доранд.+ 3 Вале Ҳазратамон ба суханаш вафо карда, ба шумо қувват мебахшад ва шуморо аз Шайтон* нигоҳ медорад. 4 Мо чун пайравони Ҳазратамон дилпурем, ки шумо дастуроти моро иҷро карда истодаед ва дар оянда ҳам мекунед. 5 Бигзор Ҳазратамон доимо роҳнамои дилҳои шумо бошад, то шумо Худоро дӯст дореду+ дар хизмати Масеҳ устувор монед.+
6 Акнун, эй бародарон, ба номи Ҳазратамон Исои Масеҳ ба шумо дастур медиҳем, ки аз ҳар бародаре, ки вайронкори тартибу низом+ ва дастури мост*,+ дурӣ ҷӯед. 7 Худи шумо медонед, ки чӣ тавр бояд ба мо пайравӣ кунед,+ чунки мо дар байни шумо беинтизомӣ намекардем 8 ва хӯроки ҳеҷ касро муфт намехӯрдем.+ Баръакс, мо шабу рӯз бо арақи ҷабин меҳнат мекардем, то ба ҳеҷ кадоми шумо бор нашавем,+ 9 на аз сабаби он ки ба ин ҳақ надоштем,+ балки ба шумо намунаи ибрат шудан мехостем.+ 10 Вақте ки бо шумо будем, чунин дастур медодем: «Касе кор кардан нахоҳад, хӯрок ҳам нахӯрад».+ 11 Ба гӯши мо расид, ки дар миёни шумо баъзеҳо беинтизомӣ карда,+ тамоман меҳнат намекунанд ва, ба болои ин, ба корҳои дигарон дахолат мекунанд.+ 12 Мо ба чунин касон ба номи Ҳазратамон Исои Масеҳ дастуру насиҳат медиҳем, ки сар хам карда аз пайи кори худ шаванд ва аз меҳнати худ нон хӯранд.+
13 Шумо бошед, эй бародарон, некӣ карданро бас накунед. 14 Агар касе ба суханони ин нома итоат накунад, вайро дар мадди назар доред* ва бо вай дигар рафтуо накунед,+ то аз рафтори худ шарм дорад. 15 Лекин ӯро душман наҳисобед, балки чун бародар насиҳат кунед.+
16 Бигзор Соҳиби осоиштагӣ ҳама вақт ва дар ҳама чиз ба шумо осоиштагӣ бахшад.+ Бигзор Ҳазратамон бо ҳамаи шумо бошад.
17 Ман, Павлус, ин саломро бо дасти худ менависам,+ ки бо он ҳамаи номаҳоям фарқ мекунанд; ҳусни хати ман ҳамин аст.
18 Лутфу марҳамати Ҳазратамон Исои Масеҳ бо ҳамаи шумо бод!