111 Ёҳро ситоиш кунед!+
א [Алиф]
Яҳуваро аз дилу ҷон ҳамд хоҳам гуфт+
ב [Бет]
Дар ҷамъомади росткорон ва ҷамоат.
ג [Гимел]
2 Корҳои Яҳува бузурганд,+
ד [Далет]
Ҳама дӯстдорони амалҳояш онҳоро меомӯзанд.+
ה [Ҳе]
3 Корҳояш пурҷалолу пуршукӯҳанд,
ו [Вов]
Ва адолаташ то абад пойдор аст.+
ז [Зайин]
4 Корҳои ӯ чунон ҳайратангезанд, ки аз ёдҳо намераванд.+
ח [Хет]
Яҳува дилсӯзу меҳрубон аст.+
ט [Тет]
5 Ӯ ба тарсгорони худ ризқу рӯзӣ медиҳад,+
י [Йод]
Аҳдашро то абад дар хотир дорад.+
כ [Каф]
6 Ӯ корҳои бузургашро ба халқаш ошкор сохт
ל [Ламед]
Ва ба онҳо мулку мероси халқҳоро дод.+
מ [Мим]
7 Амали дастонаш ҳама ростӣ ва инсоф аст+
נ [Нун]
Тамоми фармудаҳояш сазовори боварианд.+
ס [Самех]
8 Онҳо доимо, то абад, бовариноканд,
ע [Айин]
Бар ростиву росткорӣ асос меёбанд.+
פ [Пе]
9 Ӯ халқашро раҳоӣ бахшидааст.+
צ [Тсаде]
Ӯ фармудааст, ки аҳдаш то абад пойдор бошад.
ק [Коф]
Номи ӯ поку пуршукӯҳ аст.+
ר [Реш]
10 Тарс аз Яҳува оғози хирад аст.+
ש [Син]
Ҳар кӣ фармудаҳои ӯро иҷро кунад, оқил аст.+
ת [Тав]
Ӯро то абад ситоиш хоҳанд кард.