5 Мӯсо
32 Ба ман гӯш андоз, эй осмон
Ва сухани даҳонамро бишнав, эй замин.
2 Панди ман мисли борон хоҳад борид,
Суханонам мисли шабнам хоҳанд рехт,
Мисли қатраҳои борони маҳин бар сабзазор
Ва мисли борони сел бар алафзор.
5 Онҳо бадкор шудаанд.+
Онҳо фарзандони ӯ нестанд ва айб дар худашон аст.+
Онҳо насли расвою ифлосанд!+
Магар ӯ Падарат нест, ки туро ба дунё овардааст,+
Он кӣ туро офарида, аз ту халқе сохтааст?
7 Рӯзҳои қадимро ба хотир овар
Ва дар бораи умри гузаштагон биандеш.
Аз падарат пурсон шав ва ӯ ба ту мегӯяд,+
Аз пиронат суол кун ва онҳо ба ту ҷавоб медиҳанд.
8 Вақте Худои Таоло ба халқҳо мерос медод+
Ва фарзандони Одамро* аз якдигар ҷудо мекард,+
Ӯ шумораи Исроилро ба назар гирифта,+
Барои халқҳо сарҳадҳоро муқаррар намуд,+
9 Зеро халқи Яҳува ҳиссаи ӯст,+
Яъқуб дороии ӯст.+
11 Чи хеле ки уқоб ба чӯҷаҳояш париданро ёд медиҳад,
Бар болояшон чарх мезанад,
Болҳояшро паҳн карда, онҳоро мегирад
Ва бар парҳояш бардошта мебарад,+
12 Яҳува низ худаш ӯро* роҳнамоӣ мекард,+
Худои дигаре бо ӯ набуд.+
Худо ба ӯ аз сахра асал медод
Ва аз санги хоро равған.
14 Ту маскаи гов ва шири гӯсфанд,
Гӯсфандҳои парворӣ,
Қӯчқорҳои Бошон, бузҳо
Ва гандуми аълосифат мехӯрдӣ+
Ва шаробро, хуни ангурро, менӯшидӣ.
15 Вақте Ешурун* фарбеҳ шуд, ба лагад задан даромад.
Ту фарбеҳ, ғафс ва тануманд шудаӣ.+
Ӯ Худоеро, ки ӯро офарид, тарк кард+
Ва Кӯҳпораи наҷоташро рад намуд.
17 Онҳо ба девҳо қурбонӣ меоварданд, на ба Худо,+
Ба худоёне, ки намешинохтанд,
Ба худоёни наве, ки ба қарибӣ пайдо шуда буданд,
Ба худоёне, ки бобоёнатон намешинохтанд.
18 Ту Кӯҳпораеро, ки туро ба дунё овардааст, фаромӯш кардӣ+
Ва Худоеро, ки туро зодааст, аз ёд бурдӣ.+
19 Вақте Яҳува инро дид, онҳоро рад кард,+
Зеро писарону духтаронаш ӯро ба ғазаб оварданд.
20 Ӯ гуфт: “Рӯйи худро аз онҳо пинҳон месозам,+
Мебинам, ки онҳоро чӣ пеш меояд.
Ман низ бо он чӣ халқ нест, рашки онҳоро меорам,+
Бо халқи бефаҳме онҳоро ба хашм меорам,+
22 Зеро оташи ғазаби ман аланга задааст+
Ва он то ба қаъри гӯр*+ хоҳад сӯхт,
Замин ва ҳосили онро фурӯ хоҳад бурд
Ва бунёди кӯҳҳоро оташ хоҳад зад.
23 Ман ба сари онҳо балоҳои бисёр меорам,
Тирҳоямро бар онҳо холӣ мекунам.
Дандони даррандагон+
Ва заҳри хазандагони рӯйи заминро бар онҳо мефиристам.
Ин ҳам ба сари ҷавонону духтарон
Ва ҳам тифлону мӯйсафедон меояд.+
26 Мехостам бигӯям: “Онҳоро пароканда месозам
Ёди онҳоро аз миёни одамон нест мекунам”,
27 Лекин инро ба хотири душманон накардам,+
То онҳо фикри ғалат накунанд+
Ва нагӯянд: “Мо дастболо шудем,+
Ин корҳоро Яҳува накардааст”.
30 Агар Кӯҳпораашон онҳоро тарк намекард
Ва Яҳува онҳоро ба дасти душманон намесупорид,+
Магар як нафар метавонист 1000 нафарро сур кунад
Ва ду кас 10 000 нафарро дунболагирӣ намояд?+
32 Токи онҳо аз токзори Садӯм
Ва аз киштзори Амӯро аст.+
Ангурашон пур аз заҳр аст,
Хӯшаҳояш талх.+
33 Шаробашон заҳри морон аст,
Заҳри қотили кубро.
34 Магар онҳоро ман захира накардаам
Ва дар анборҳоям сарбамуҳр нестанд?+
35 Қасос аз ман аст, худам подош медиҳам,+
Дар вақташ, ҳангоме ки пойҳояшон билағжад,+
Зеро рӯзи ҳалокаташон наздик аст,
Оқибати онҳо ба зудӣ меояд.
36 Яҳува халқашро доварӣ хоҳад кард+
Ва ба хизматгоронаш раҳм хоҳад намуд,+
Вақте бубинад, ки онҳо беҳол шудаанд
Ва фақат оҷизу нотавон боқӣ мондааст.
37 Он гоҳ ӯ мегӯяд: “Куҷоянд худоёнашон,+
Куҷост кӯҳпорае, ки дар он паноҳ меҷустанд?
38 Ку он худоён, ки чарбуи қурбониҳояшонро* мехӯрданд
Ва шароби ҳадияҳои рехтаниашонро менӯшиданд?+
Бигзор бархезанду ба шумо ёрӣ расонанд
Ва шуморо пуштибонӣ кунанд.
Ман мемиронаму зинда мегардонам.+
40 Дастамро сӯйи осмон бардошта,
Мегӯям: “Ба ҳаёти абадиам қасам!”+
41 Вақте шамшери барқзанандаамро тез кунам
Ва дастамро барои доварӣ тайёр созам,+
Аз душманони худ қасд мегирам+
Ва бадхоҳонамро ҷазо медиҳам.
42 Тирҳои худро аз хун маст мегардонам,
Шамшерамро аз гӯшт сер мекунам,
Бо хуни куштагон ва асирон
Ва каллаҳои пешвоёни душманон”.
43 Эй мардумон, бо халқи ӯ шодӣ кунед,+
Зеро ӯ барои хуни бандагонаш қасос мегирад+
Ва ҷазои душманонашро медиҳад,+
Ӯ барои замини халқаш товон медиҳад*».
44 Мӯсо омада, ҳамроҳи Ҳушаи*+ писари Нун тамоми суханони ин сурудро ба гӯши халқ расонд.+ 45 Вақте Мӯсо ҳамаи ин суханонро ба тамоми Исроил расонд, 46 ӯ ба онҳо гуфт: «Ҳама огоҳиҳоеро, ки имрӯз ба шумо гуфтам, дар дилатон ҷой диҳед,+ то ба фарзандонатон амр фармоед, ки ҳамаи суханони ин Шариатро ба ҷо оранд,+ 47 зеро ин гапи хушку холӣ нест, балки сухани ҳаётбахш аст+ ва ба воситаи он шумо дар замине, ки Урдунро гузашта, онро соҳиб мешавед, умри дароз мебинед».
48 Худи ҳамон рӯз Яҳува ба Мӯсо гуфт: 49 «Ба кӯҳи Аборим,+ яъне Набӯ,+ ки дар замини Мӯоб ва рӯ ба рӯйи Ериҳӯ аст, баро ва ба замини Канъон, ки онро ба фарзандони Исроил мерос медиҳам, назар кун.+ 50 Баъди ин ту дар кӯҳе, ки ба он мебароӣ, мемирӣ ва бо гузаштагони худ мепайвандӣ, ҳамон тавре ки бародарат Ҳорун дар кӯҳи Ҳӯр аз олам чашм пӯшид+ ва ба гузаштагонаш пайваст. 51 Охир, ҳар дуи шумо дар биёбони Син, назди обҳои Мерибо,+ ки дар наздикии Қодеш аст, дар миёни исроилиён ба ман бевафоӣ кардед. Шумо поку муқаддас буданамро дар пеши назари мардуми Исроил нишон надодед.+ 52 Ту он заминеро, ки ба исроилиён медиҳам, аз дурӣ мебинӣ, вале ба он намедароӣ».+