Мико
4 Дар рӯзҳои охир
Кӯҳи хонаи Яҳува+
Бар сари кӯҳҳо устувор мегардаду
Аз теппаҳо баландтар мешавад
Ва халқҳо сӯйи он равона мешаванд.+
2 Халқҳои зиёде омада, мегӯянд:
«Биёед ба кӯҳи Яҳува
Ва ба хонаи Худои Яъқуб бароем.+
Ӯ роҳҳои худро ба мо таълим медиҳад
Ва мо бо роҳҳои ӯ равона мешавем»,
Зеро шариат* аз Сион
Ва каломи Яҳува аз Ерусалим мебарояд.
3 Ӯ дар миёни халқҳои зиёд доварӣ мекунад+
Ва ҳама чиро дар байни мардумони пурзӯр то дуриҳо ислоҳ менамояд.
Халқе бар халқе шамшер намекашад
Ва онҳо дигар ҷангро таълим намегиранд.+
4 Ҳар яки онҳо зери токи худ ва дарахти анҷири худ мешинад+
Ва касе онҳоро наметарсонад,+
Зеро худи Яҳува, Худои лашкарҳо, инро гуфтааст.
5 Ҳамаи халқҳо, ҳар яке ба номи худои худ, равона мешаванд,
Мо бошем, то абад ба номи Худои худ Яҳува равона мешавем.+
6 «Дар он рӯз,— мегӯяд Яҳува,—
Ман халқеро, ки мелангид, ҷамъ мекунам
Ва халқи парокандаро бо онҳое, ки ҷазояшон додам, гирд меорам.+
Яҳува аз ҳозир то абад
Дар кӯҳи Сион бар онҳо подшоҳӣ мекунад.
8 Эй дидбонгоҳи рама,
Эй теппаи духтари Сион,+
Қудрати аввала, подшоҳии духтари Ерусалим,+ ба ту бармегардад.+
9 Пас, чаро фарёд мезанӣ?
Магар ту подшоҳ надорӣ,
Магар маслиҳатгарат нобуд гаштааст ки,
Туро мисли зане, ки мезояд, дард гирифтааст?+
10 Мисли зане, ки мезояд,
Печутоб хӯр ва нола кун, эй духтари Сион,
Зеро ту аз шаҳр баромада, дар саҳро сокин мешавӣ.
Ту то худи Бобил меравӣ+
Ва дар он ҷо халосӣ меёбӣ,+
Он ҷо Яҳува туро аз дасти душманонат бозмехарад.+
11 Халқҳои зиёде бар зидди ту ҷамъ омада, хоҳанд гуфт:
“Бигзор Сион нопок шавад
Ва чашмонамон инро бубинад”.
12 Аммо онҳо фикрҳои Яҳуваро намедонанд
Ва ба нияташ сарфаҳм намераванд.
Ӯ онҳоро мисли дарзаҳои навдаравида дар хирмангоҳ ҷамъ меорад.
13 Бархез ва хирман бикӯб, эй духтари Сион,+
Зеро ман шохҳои туро оҳанину сумҳоятро мисин мегардонам
Ва ту халқҳои бисёреро кӯфта поймол мекунӣ.+
Ту даромади ноҳақи онҳоро ба Яҳува,
Сарвати онҳоро ба Худованди тамоми замин мебахшӣ».+