Луқо
14 Боре Исо дар рӯзи шанбе ба хонаи яке аз сардорони фарисиён меҳмон шуд ва касоне, ки дар он ҷо буданд, ба ӯ бодиққат нигоҳ мекарданд. 2 Дар он хона марде буд, ки бемории обхӯра* дошт. 3 Исо аз фарисиён ва донандагони Шариат пурсид: «Оё дар рӯзи шанбе шифо додан равост?»+ 4 Лекин онҳо хомӯш буданд. Он вақт Исо ба марди бемор даст расонда ӯро шифо бахшид ва ҷавоб дод. 5 Баъд аз он ӯ ба онҳо гуфт: «Агар писар ё буққаи яке аз шумо дар рӯзи шанбе ба чоҳ афтад,+ магар ҳамон замон вайро намебароред?»+ 6 Вале онҳо дар ҷавоб чизе гуфта натавонистанд.
7 Исо аз боло нишастани меҳмононро дида+ ба онҳо мисоле овард: 8 «Вақте туро ба тӯйи арӯсӣ даъват кунанд, аз боло гузашта нашин.+ Шояд, дар байни даъватшудагон касе бошад, ки аз ту обрӯмандтар аст. 9 Он вақт касе, ки ҳар дуи шуморо даъват кардааст, ба наздат омада, мегӯяд: “Ҷоятро ба ин кас деҳ”. Он гоҳ ту дар хиҷолат монда аз поён гузашта мешинӣ. 10 Аммо, вақте туро даъват мекунанд, аз поён шин, то он касе, ки туро даъват кардааст, ба наздат омада, гӯяд: “Эй дӯст, аз боло гузашта шин”. Он гоҳ иззату эҳтироми ту дар пеши ҳамаи меҳмонон ба ҷо оварда мешавад.+ 11 Пас, ҳар кӣ худро аз дигарон боло гирад, паст мегардад ва ҳар кӣ худро кам гирад, сарбаланд мешавад».+
12 Сипас Исо ба касе, ки ӯро даъват карда буд, рӯ оварда, гуфт: «Ҳангоме ки пешин ё бегоҳ зиёфат медиҳӣ, дӯстон, бародарон, хешу табор ё ҳамсоягони боятро таклиф накун: мабодо онҳо низ рӯзе туро даъват кунанд ва ин мукофоти ту шавад. 13 Балки, вақте зиёфат медиҳӣ, камбағалон, маъюбон, лангон ва кӯронро таклиф кун+ 14 ва ту хушбахт хоҳӣ буд, зеро онҳо чизе надоранд, ки ба ту подош диҳанд. Ту мукофоти худро дар вақти зиндашавии+ росткорон мегирӣ».
15 Инро шунида яке аз меҳмонон ба ӯ гуфт: «Хушбахт аст касе, ки дар Подшоҳии Худо хӯрок мехӯрад».
16 Исо ба ӯ гуфт: «Марде бегоҳирӯзӣ зиёфати калоне барпо кард+ ва касони зиёдро даъват намуд. 17 Чун вақти хӯроки шом расид, ӯ ғуломашро фиристод, то ба даъватшудагон бигӯяд: “Биёед, ҳама чиз тайёр аст”. 18 Вале ҳамаи онҳо, гӯё забон як карда бошанд, ба узрхоҳӣ сар карданд.+ Яке ба ӯ гуфт: “Ман замин харидам ва бояд онро рафта бинам. Бахшиши зиёд, ман омада наметавонам”. 19 Дигаре чунин гуфт: “Ман панҷ ҷуфт буққа харидам ва бояд онҳоро санҷида бинам. Бахшиши зиёд, ман омада наметавонам”.+ 20 Сеюмин гуфт: “Ман ба наздикӣ оиладор шудам, барои ҳамин омада наметавонам”. 21 Ғулом омада, ҳамаашро ба хӯҷаинаш нақл кард. Он гоҳ соҳиби хона ба ғазаб омада ба ғулом гуфт: “Зудтар ба кӯчаҳои калон ва паскӯчаҳои шаҳр рафта, камбағалон, маъюбон, кӯрон ва лангонро ба ин ҷо биёр”. 22 Пас аз чанде ғулом омада, гуфт: “Хӯҷаин, фармонатро ба ҷо овардам, вале ҳоло ҳам ҷойи холӣ ҳаст”. 23 Соҳиби хона ба ғулом гуфт: “Ба сари кӯчаҳо ва роҳҳои беруни шаҳр баромада, одамонро ба омадан розӣ кун, то хонаи ман пур шавад.+ 24 Ба шумо мегӯям, ки ҳеҷ касе аз даъватшудагон хӯроки маро намечашад”».+
25 Ҳамроҳи Исо мардуми бисёре равона буданд ва ӯ ба онҳо рӯ оварда, гуфт: 26 «Агар касе пеши ман ояд, вале падару модар, зану фарзандон, бародарону хоҳарон ва ҳатто ҳаёти худро аз ман зиёдтар дӯст дорад*,+ шогирди ман буда наметавонад.+ 27 Ҳар касе, ки сутуни азобашро* бардошта, маро пайравӣ намекунад, шогирди ман буда наметавонад.+ 28 Масалан, кадоме аз шумо бурҷе* сохтанӣ шуда, аввал нишаста, харҷи онро ҳисоб намекунад, то бидонад, ки онро ба анҷом расонида метавонад ё не? 29 Охир, агар ӯ таҳкурсии онро гузораду барои анҷом додани кор зӯраш нарасад, мардум инро дида ба ҳолаш механданду 30 мегӯянд: “Ин одам сохтанро сар карду корашро ба охир расонда натавонист”. 31 Ё кадом подшоҳ ба муқобили подшоҳи дигар ба ҷанг баромаданӣ шуда, аввал нишаста, маслиҳат намекунад, ки оё метавонад бо 10 000 сарбоз ба касе, ки бо 20 000 сарбоз бар зиддаш меояд, муқобилат кунад? 32 Агар қувваташ нарасад, ҳанӯз ки он подшоҳ дур аст, сафиронашро фиристода, бо ӯ сулҳ мебандад. 33 Пас, бидонед, ки ягон нафари шумо, то аз тамоми молу мулки худ даст накашад, шогирди ман буда наметавонад.+
34 Бешубҳа, намак чизи хуб аст, лекин, агар намак таъми худро гум кунад, бо чӣ мазаи онро баргардонидан мумкин аст?+ 35 Чунин намак на барои замин кор меояду на барои пору. Онро бароварда мепартоянд. Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, бигзор гӯш диҳад».+