Корнома
23 Павлус ба Шӯрои олии яҳудиён нигоҳ карда, гуфт: «Эй бародарон, ман то ба имрӯз дар пеши Худо бо виҷдони пок рафтор кардаам».+ 2 Он гоҳ саркоҳин Ҳанониё ба касоне, ки дар назди Павлус меистоданд, фармон дод, ки ба даҳонаш як шапалоқ зананд. 3 Павлус ба ӯ гуфт: «Худо туро занад, эй девори сафедшуда! О наход ту маро аз рӯйи Шариат доварӣ куниву боз Шариатро вайрон карда, фармон диҳӣ, ки маро зананд?» 4 Касоне, ки дар назди ӯ истода буданд, гуфтанд: «Ту саркоҳини Худоро дашном медиҳӣ?!» 5 Павлус гуфт: «Эй бародарон, ман намедонистам, ки ӯ саркоҳин аст, зеро навишта шудааст: “Роҳбари халқро дашном надеҳ”».+
6 Вақте Павлус фаҳмид, ки як қисми Шӯрои олӣ саддуқиёнанд ва қисми дигараш фарисиён, бо овози баланд гуфт: «Эй бародарон, ман фарисӣ+ ва фарисизодаам. Маро барои умеде, ки ба зиндашавӣ дорам, доварӣ карда истодаанд». 7 Баъд аз ин суханон дар миёни фарисиёну саддуқиён баҳсу мунозираи бисёр шуд ва ҷамъомадагон ба ду гурӯҳ ҷудо шуданд. 8 Гап дар сари он ки саддуқиён мегӯянд на зиндашавӣ вуҷуд дорад, на фариштагон ва на офаридаҳои рӯҳӣ, фарисиён бошанд, ба ин чизҳо бовар мекунанд.+ 9 Барои ҳамин шӯру ғавғое бархост ва баъзе шариатдононе, ки фарисӣ буданд, аз ҷой хеста, бо хашму ғазаб ҷанҷол бардоштанду гуфтанд: «Мо дар ин одам ҳеҷ айбе намебинем, вале, агар бо ӯ офаридаи рӯҳӣ ё фариштае сухан гуфта бошад...»+ 10 Вақте ки муноқишаи онҳо авҷ гирифт, мириҳазор, аз тарси он ки Павлусро пора-пора мекунанд, ба сарбозон фармон дод, ки поён фароянд ва ӯро аз миёни онҳо зуд бароварда, ба сарбозхона биёранд.
11 Худи ҳамон шаб Ҳазратамон ба Павлус намудор шуда, гуфт: «Далер бош!+ Ту дар Ерусалим дар бораи ман нағз шаҳодат додӣ, дар Рум низ бояд ҳамон тавр кунӣ».+
12 Вақте рӯз шуд, яҳудиён нақшаи куштани Павлусро кашиданд ва қасам хӯрданд, ки, то ин корро накунанд, чизе ба даҳон намегиранд. 13 Шумораи қасамхӯрдагон аз 40 нафар зиёд буд. 14 Онҳо назди коҳинони калону пирон рафта, чунин гуфтанд: «Мо қасам хӯрдем, ки, то Павлусро накушем, ҳеҷ чиз намехӯрем. 15 Ҳоло шумо ҳамроҳи Шӯрои олии яҳудиён пурратар дида баромадани масъалаи Павлусро баҳона карда ба мириҳазор бигӯед, ки ӯро ба наздатон биёрад. Мо бошем, тайёр шуда меистем ва, пеш аз он ки ба назди шумо расад, ӯро мекушем».
16 Аммо ҷияни* Павлус аз қасди бади онҳо огоҳӣ ёфта ба сарбозхона омад ва инро ба Павлус хабар дод. 17 Павлус бошад, яке аз мирисадҳоро ҷеғ зада, гуфт: «Ин ҷавонро пеши мириҳазор бар, чунки ӯ ба вай чизе гуфтан мехоҳад». 18 Он гоҳ мирисад ӯро гирифта, назди мириҳазор бурд ва гуфт: «Павлуси зиндонӣ маро ҷеғ зада, хоҳиш кард, ки ин ҷавонро ба наздат орам, зеро ӯ ба ту чизе гуфтанӣ аст». 19 Мириҳазор ӯро аз дасташ гирифта, як тараф бурду пурсид: «Ба ман чӣ гап доштӣ?» 20 Он ҷавон гуфт: «Яҳудиён забон як карданд, ки пурратар дида баромадани масъалаи Павлусро баҳона карда аз ту хоҳиш кунанд, ки пагоҳ ӯро назди Шӯрои олии яҳудиён биёрӣ.+ 21 Аммо ту ба гапашон надаро, зеро зиёда аз 40 нафари онҳо барои куштани Павлус камин гирифтаанд: онҳо қасам хӯрдаанд, ки то ин корро накунанд, чизе ба даҳон намегиранд.+ Ҳоло онҳо тайёр шуда, иҷозати туро интизоранд». 22 Он гоҳ мириҳазор ҷавонро ҷавоб дода, фармуд: «Ба ҳеҷ кас нагӯй, ки ту маро аз ин хабардор кардӣ».
23 Баъд ӯ ду мирисадро даъват намуда, гуфт: «Рафта, 200 сарбоз, 70 савора ва 200 найзадорро тайёр кунед, то ки соатҳои нуҳи шаб* рост ба Қайсария равона шаванд. 24 Ҳамчунин аспҳоро омода кунед, то Павлусро савор карда, сиҳату саломат назди Феликси ҳоким расонед». 25 Сипас ӯ чунин номае навишт:
26 «Ман, Клавдиюс Лисиёс, ба ҷаноби муҳтарам, Феликси ҳоким, саломи худро мерасонам. 27 Яҳудиён ин одамро дастгир карда, куштанӣ буданд, вале ман дарҳол ҳамроҳи сарбозонам омада, ӯро халос кардам,+ зеро фаҳмидам, ки ӯ шаҳрванди Рум аст.+ 28 Барои аниқ кардани он ки ин одамро дар чӣ айбдор мекунанд, ӯро ба Шӯрои олии онҳо овардам.+ 29 Ман фаҳмидам, ки вай дар масъалаҳое айбдор карда мешавад, ки бо Шариаташон алоқаманд аст,+ вале ӯ ҳеҷ коре накардааст, ки сазовори марг ё ҳабс бошад. 30 Аммо, вақте хабар ёфтам,+ ки онҳо қасди куштанашро доранд, дарҳол ӯро назди ту фиристодам ва ба даъвогаронаш фармудам, ки шикояти худро дар пеши ту баён кунанд».
31 Сарбозон, чуноне ки ба онҳо фармуда шуд, Павлусро гирифта,+ шабона ба Антипотрис оварданд. 32 Рӯзи дигар онҳо Павлусро ҳамроҳи сарбозони аспсавор равона карда, худашон ба сарбозхона баргаштанд. 33 Сарбозони савора ба Қайсария дохил шуда, номаро ба ҳоким супурданд ва Павлусро низ пешаш оварданд. 34 Пас аз хондани нома ҳоким аз кадом вилоят будани Павлусро пурсид. Вақте аз Қилиқия+ будани ӯро фаҳмид, 35 гуфт: «Пас аз омадани даъвогаронат масъалаи туро бодиққат дида мебароям».+ Пас аз ин ӯ фармон дод, ки Павлусро дар қасри Ҳиродус нигоҳ доранд.