Эзро
7 Баъди ин воқеаҳо, дар замони ҳукмронии подшоҳи Форс, Ардашер,+ Эзро*+ баргашт. Ӯ писари Сароё,+ писари Азарё, писари Ҳилқиёҳу,+ 2 писари Шаллум, писари Содӯқ, писари Аҳитуб, 3 писари Амарё, писари Азарё,+ писари Мароют, 4 писари Зараҳё, писари Уззӣ, писари Буққӣ, 5 писари Абишуа, писари Финҳос,+ писари Элъозор,+ писари Ҳоруни+ саркоҳин буд. 6 Ҳамин Эзро аз Бобил омада буд. Ӯ нусхабардоре буд, ки Тавроти* Мӯсоро,+ ки Яҳува ба халқи Исроил додааст, хуб медонист*. Дасти Худояш Яҳува бар ӯ буд, барои ҳамин подшоҳ ҳар он чиро, ки ӯ хоҳиш кард, дод.
7 Дар соли ҳафтуми ҳукмронии подшоҳ Ардашер баъзе аз исроилиён, коҳинон, левизодагон,+ сарояндагон,+ дарбонон+ ва хизматгузорони ибодатгоҳ*+ ба Ерусалим рафтанд. 8 Эзро дар моҳи панҷум, дар соли ҳафтуми ҳукмронии подшоҳ, ба Ерусалим омад. 9 Дар рӯзи якуми моҳи якум ӯ аз Бобил баромад ва дар рӯзи якуми моҳи панҷум ба Ерусалим омада расид. Аз аввал то охири сафар дасти некуи Худо бо ӯ буд.+ 10 Эзро дилашро тайёр кард*, ки Шариати Яҳуваро омӯзад, онро ба кор барад+ ва дастуру ҳукмҳои онро дар Исроил таълим диҳад.+
11 Ин аст нусхаи мактубе, ки подшоҳ Ардашер ба Эзрои коҳину нусхабардор, ки амрҳои Яҳува ва дастурҳои ба Исроил додаи ӯро омӯхта моҳир шуда буд, навишт:
12 * «Шоҳаншоҳ Ардашер+ ба Эзрои коҳину нусхабардори Шариати Худои осмон. Сулҳу осоиштагии фаровон бо ту бод! 13 Ман фармон додам, ки ҳар кӣ дар сарзамини ман аз халқи Исроил ва коҳинону левизодагони онҳо ҳамроҳи ту ба Ерусалим рафтан хоҳад, бигзор равад.+ 14 Подшоҳ ва ҳафт маслиҳатгараш туро мефиристанд, то тафтиш кунӣ, ки оё мардуми Яҳудо ва Ерусалим Шариати Худои туро, ки дар дасти туст, риоя мекунанд ё не. 15 Нуқра ва тиллоеро, ки подшоҳ ва маслиҳатгаронаш ихтиёран барои Худои Исроил, ки хонааш дар Ерусалим аст, доданд, бигир. 16 Ҳамчунин тамоми нуқра ва тиллоеро, ки дар ҳама вилоятҳои Бобил ба ту медиҳанд, ва ҳадияҳоеро, ки мардум ва коҳинон ихтиёран барои хонаи Худои худ, ки дар Ерусалим аст, медиҳанд, бигир.+ 17 Дарҳол ба ин пул буққа,+ қӯчқор,+ барра+ ва ҳар он чиро, ки барои ҳадияҳои ғалла+ ва ҳадияҳои рехтанӣ+ даркор аст, бихар ва ҳамаи инро бар қурбонгоҳи хонаи Худо, ки дар Ерусалим аст, пешкаш кун.
18 Нуқраю тиллои боқимондаро, чи тавре ки дар назари ту ва бародаронат дуруст аст ва мувофиқи хости Худост, сарф кунед. 19 Тамоми зарфҳоеро, ки барои хизмати хонаи Худои ту ба ту дода шудаанд, ба Ерусалим бурда, дар пеши Худо гузор.+ 20 Агар барои хонаи Худоят ба ту чизи дигаре даркор шавад, метавонӣ онро аз хазинаи подшоҳ гирӣ.+
21 Ман, подшоҳ Ардашер, ба ҳама хазинадорони минтақаи он тарафи дарёи бузург* фармон медиҳам, ки ҳар он чӣ Эзрои+ коҳину нусхабардори Шариати Худои осмон аз шумо хоҳиш кунад, дарҳол ба ӯ диҳед. 22 Иҷозат медиҳам, ки ба ӯ то 100 киккар* нуқра, 100 халта* гандум, 100 хум* шароб+ ва 100 хум равған+ дода шавад, намак+ бошад, ба таври фаровон. 23 Бигзор ҳар он чиро, ки Худои осмон дар бораи хонаи худ фармудааст, бо ҷидду ҷаҳд ба ҷо оранд,+ то ки ғазаби Худо бар сарзамини подшоҳ ва писаронаш аланга назанад.+ 24 Боз шуморо огоҳ мекунам, ки аз коҳинон, левизодагон, сарояндагон,+ дарбонон, хизматгузорони ибодатгоҳ*+ ва дигар коргарони хонаи Худо андоз ва боҷу хироҷ нагиред.+
25 Ту, эй Эзро, аз рӯйи хираде, ки Худо ба ту додааст*, қозиву доваронро таъйин кун, то бар тамоми мардуме, ки дар минтақаи он тарафи дарёи бузург зиндагӣ мекунанд, бар ҳамаи онҳое, ки қонунҳои Худои туро медонанд, доварӣ кунанд, лекин касонеро, ки он қонунҳоро намедонанд, ту бояд таълим диҳӣ.+ 26 Ҳар кӣ Шариати Худои ту ё қонуни подшоҳро риоя накунад, бигзор дарҳол ҳукм карда шавад: ё ба қатл, ё ба бадарға, ё ба ҷарима ё ба зиндон».
27 Яҳува, Худои бобоёнамонро, ҳамду сано бод, зеро ӯ дар дили подшоҳ андохт, ки хонаи Яҳуваро, ки дар Ерусалим аст, зебу зинат диҳад!+ 28 Ӯ ба ман меҳру вафо кард ва дили подшоҳ,+ маслиҳатгаронаш+ ва ҳамаи мирони пурқудрати шоҳро ба ман гарм кард. Азбаски дасти Худоям Яҳува бар ман буд, ман қувват гирифтам ва сарварони Исроилро ҷамъ кардам, то бо ман бираванд.