Забур
118 Яҳуваро шукр гӯед, зеро ӯ некуст.+
Меҳру вафои ӯ то абад аст.
2 Бигзор Исроил бигӯяд:
«Меҳру вафои ӯ то абад аст».
3 Бигзор хонадони Ҳорун бигӯяд:
«Меҳру вафои ӯ то абад аст».
4 Бигзор тарсгорони Яҳува бигӯянд:
«Меҳру вафои ӯ то абад аст».
5 Дар андуҳи худ Ёҳро* хондам.
Ёҳ ба ман ҷавоб дод ва маро ба макони орому осуда овард.+
6 Яҳува бо ман аст, нахоҳам тарсид.+
Одамизод бо ман чӣ метавонад кунад?+
7 Яҳува бо ман аст, ӯ мададгори ман аст*.+
Бар бадхоҳонам тантанавор назар хоҳам кард.+
8 Паноҳ бурдан ба Яҳува беҳ аст
Аз такя намудан ба одамон.+
9 Паноҳ бурдан ба Яҳува беҳ аст
Аз такя намудан ба мирон.+
10 Ҳама халқҳо маро гирд карданд,
Вале ман бо номи Яҳува онҳоро рондам.+
11 Онҳо маро гирд карданд, пурра иҳота намуданд,
Вале ман бо номи Яҳува онҳоро рондам.
12 Онҳо маро мисли занбӯрҳо гирд карданд,
Вале мисли оташ дар хорзор нобуд шуданд.
Бо номи Яҳува онҳоро рондам.+
13 Маро сахт тела доданд*, то биафтам,
Вале Яҳува ба ман мадад кард.
14 Ёҳ сарпаноҳу қуввати ман аст,
Ӯ наҷоти ман гаштааст.+
15 Дар хаймаҳои росткорон овози шодиву наҷот ба гӯш мерасад.
Дасти рости Яҳува қуввати худро ошкор месозад.+
16 Дасти рости Яҳува баланд шудааст,
Дасти рости Яҳува қуввати худро ошкор месозад.+
17 Нахоҳам мурд, зинда хоҳам монд,
То корҳои Ёҳро эълон намоям.+
19 Дарвозаҳои росткориро ба рӯям боз кунед,+
То даромада, дар он ҷо Ёҳро ситоиш кунам.
20 Ин дарвозаи Яҳува аст.
Аз он росткорон медароянд.+
21 Туро ситоиш мекунам, зеро ба дуоям ҷавоб додӣ+
Ва наҷоти ман гаштӣ.
24 Ин рӯзро Яҳува муқаррар кард
Ва мо дар он шодиву хурсандӣ хоҳем намуд.
25 Яҳува, илтимос, моро наҷот деҳ, туро зорӣ дорем!
Яҳува, илтимос, ба мо ғалаба ато кун!
27 Яҳува Худост,
Ӯ равшанӣ мебахшад.+
29 Яҳуваро шукр гӯед,+ зеро ӯ некуст.
Меҳру вафои ӯ то абад аст.+