Забур
Ба сардори ромишгарон. Бар сози едутун*. Таронаи Довуд.
62 Хомӯш Худоро интизор мешавам.
Наҷотам аз ҷониби ӯст.+
2 Ӯ кӯҳпора, наҷот ва паноҳгоҳи ман аст.+
Такон хӯрам ҳам, побарҷо хоҳам монд.+
3 То ба кай ба одам ҳамла оварда, ӯро куштан мехоҳед?+
Ҳамаатон мисли девори хамида, мисли девори сангине, ки ба афтидан моил аст, хавфнокед.
4 Онҳо якҷоя маслиҳат мекунанд, то ӯро аз мартабаи баландаш* маҳрум созанд.
Онҳо аз дурӯғ ҳаловат мегиранд,
Бо забонашон баракату дар дилашон лаънат мехонанд.+ (Село)
6 Ӯ кӯҳпора, наҷот ва паноҳгоҳи ман аст.
Доимо побарҷо хоҳам монд.+
7 Наҷот ва ҷалоли ман аз Худост.
Худо кӯҳпораи мустаҳкам ва паноҳгоҳи ман аст.+
8 Доимо ба Худо такя кунед, эй мардум.
Дилатонро ба ӯ холӣ кунед.+
Худо паноҳгоҳи мост.+ (Село)
9 Фарзанди одам як дам аст,
Одамизод ночиз аст.+
Вақте онҳоро дар тарозу монӣ, аз нафас сабуктаранд.+
10 Ба зӯрситонӣ таваккал накунед,
Ба ғоратгарӣ умеди беҳуда набандед.
Агар боигариатон зиёд шавад, ба он дил набандед.+
11 Худо як бор гуфт ва ман ду бор шунидам:
Қувват аз Худост.+