Марқус
11 Дар роҳ ба Ерусалим, ҳангоме ки онҳо ба қишлоқҳои Байт-Фоҷӣ ва Байт-Ҳинӣ,+ ки бар кӯҳи Зайтун ҷойгиранд, наздик мешуданд, Исо ду шогирдашро фиристода,+ 2 гуфт: «Ба ин қишлоқ, ки дар рӯ ба рӯйи шумост, дароед. Он ҷо шумо харкурраи* бастаеро мебинед, ки ба он ҳанӯз касе савор нашудааст. Бандро кушода, курраро ба ин ҷо биёред. 3 Агар касе пурсад, ки “Чаро онро кушода истодаед?”, чунин ҷавоб диҳед: “Ин харкурра ба Ҳазрат даркор аст, ӯ онро зуд бармегардонад”». 4 Шогирдон ба он қишлоқ рафтанд ва курраеро, ки дар кӯча, дар назди дар, баста шуда буд, диданд. Вақте ки онҳо банди курраро мекушоданд,+ 5 баъзе касоне, ки дар он ҷо истода буданд, гуфтанд: «Чаро онро кушода истодаед?» 6 Шогирдон суханони Исоро ба он одамон гуфтанд ва онҳо иҷозат доданд, ки курраро гирифта баранд.
7 Шогирдон курраро+ ба назди Исо оварда, ҷомаҳояшонро ба болои он партофтанд ва ӯ ба он савор шуд.+ 8 Ҳамчунин бисёриҳо ҷомаҳои худро дар сари роҳи Исо пойандоз мекарданд, дигарон бошанд, шохаҳоро бурида, ба замин мепартофтанд.+ 9 Онҳое, ки пешопеш ва аз қафо мерафтанд, фарёд зада мегуфтанд: «Худоё, илтиҷо мекунем, ӯро дар паноҳат нигаҳ дор!+ Барака ёбад касе, ки ба номи Яҳува меояд!+ 10 Худо Подшоҳии падарамон Довудро, ки наздик омадааст, баракат диҳад!+ Эй Худо, ки дар осмонӣ, илтиҷо мекунем, ӯро дар паноҳат нигаҳ дор!» 11 Ба Ерусалим омада, Исо ба ибодатгоҳ даромад ва гирду атрофро аз назар гузаронд, лекин, азбаски рӯз бевақт шуда буд, ҳамроҳи 12 расулаш ба Байт-Ҳинӣ рафт.+
12 Рӯзи дигар, вақте ки онҳо аз Байт-Ҳинӣ мебаромаданд, Исо гушна монд.+ 13 Вай аз дурӣ дарахти анҷирро, ки барг дошт, дида наздик рафт, то бубинад, ки мевае дорад ё не. Лекин назди дарахт омада, ғайр аз барг чизе наёфт, чунки ҳоло мавсими анҷир нарасида буд. 14 Он гоҳ Исо ба дарахт гуфт: «Илоҳо асло касе аз меваи ту нахӯрад»,+ ва шогирдонаш суханони ӯро шуниданд.
15 Баъд аз ин онҳо ба Ерусалим омаданд. Дар он ҷо вай ба ибодатгоҳ даромада, онҳоеро, ки харидуфурӯш мекарданд, пеш кард, мизҳои саррофону* курсиҳои кафтарфурӯшонро чаппа кард+ 16 ва нагузошт, ки касе чизеро аз саҳни ибодатгоҳ гузаронад. 17 Ӯ таълим дода мегуфт: «Магар навишта нашудааст: “Хонаи ман хонаи дуои тамоми халқҳо номида мешавад”?+ Шумо бошед, онро ба макони ғоратгарон табдил додаед».+ 18 Коҳинони калон ва шариатдонон аз ҳамаи ин хабардор шуда роҳи куштани ӯро кофтанд,+ лекин аз ӯ метарсиданд, чунки тамоми мардум аз таълими ӯ ба ҳайрат омада буд.+
19 Шомгоҳон Исову шогирдонаш аз шаҳр баромада рафтанд. 20 Саҳарии рӯзи дигар, вақте ки онҳо аз пеши дарахти анҷир мегузаштанд, диданд, ки он аз решааш хушк шудааст.+ 21 Петрус суханони Исоро ба хотир оварда гуфт: «Устод, инро бубин! Дарахти анҷире, ки онро дуои бад карда будӣ, хушк шудааст».+ 22 Исо дар ҷавоб ба онҳо гуфт: «Ба Худо имон дошта бошед. 23 Ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ ба ин кӯҳ “худро бардошта, ба баҳр парто” гӯяд ва дар дил шакку шубҳа накунад, балки имон дошта бошад, ки суханонаш иҷро мешаванд, ҳатман иҷро шудани онҳоро мебинад.+ 24 Аз ин рӯ ба шумо мегӯям: имон дошта бошед, ки ҳар чиро, ки дуо гуфта, аз Худо хоҳиш кунед, ба даст меоред, ва он ба шумо дода мешавад.+ 25 Вақте ки рост истода дуо мегӯед, онҳоеро, ки бар зидди шумо гуноҳ кардаанд, бубахшед, то Падари осмонии шумо ҳам гуноҳҳоятонро бахшад».+ 26 *——
27 Онҳо боз ба Ерусалим омаданд. Вақте ки ӯ дар саҳни ибодатгоҳ гаштугузор мекард, коҳинони калон, шариатдонон ва пирон назди ӯ омада, 28 гуфтанд: «Ту ба кардани ин корҳо чӣ ҳақ дорӣ? Кӣ ба кардани ин корҳо ба ту ҳуқуқ додааст?»+ 29 Исо ба онҳо гуфт: «Ман ҳам ба шумо як савол дорам. Агар ба саволам ҷавоб диҳед, ман ҳам мегӯям, ки ба ман кӣ ҳаққу ҳуқуқ додааст. 30 Канӣ бигӯед: таъмиди* Яҳё+ аз ҷониби Худо* буд ё одамон?»+ 31 Онҳо байни худ андеша ронда, гуфтанд: «Агар “Худо” гӯем, ӯ мегӯяд: “Пас, барои чӣ шумо ба вай имон наовардед?” 32 Аммо, агар “одамон” гӯем...» Онҳо аз мардум метарсиданд, чунки мардум бовар дошт, ки Яҳё, дар ҳақиқат, пайғамбар буд.+ 33 Аз ин рӯ онҳо ба Исо ҷавоб доданд: «Намедонем». Он гоҳ Исо ба онҳо гуфт: «Ман ҳам ба шумо намегӯям, ки ба кардани ин корҳо кӣ ба ман ҳуқуқ додааст».