Эзро
3 Вақте моҳи ҳафтум+ фаро расид ва исроилиён дар шаҳрҳои худ буданд, ҳамаи онҳо якдилона дар Ерусалим ҷамъ омаданд. 2 Ешуаи+ писари Юсодоқ, коҳинони дигар, Зарубобили+ писари Шаалтиил+ ва бародаронаш бархостанд ва барои Худои Исроил қурбонгоҳе сохтанд, то, чи тавре ки дар Тавроти* Мӯсо, марди Худо, навишта шуда буд,+ бар он қурбониҳои сӯхтанӣ оранд.
3 Ҳамин тавр, онҳо қурбонгоҳро дар ҷойи пешинааш бино карданд, ҳарчанд аз халқҳои гирду атроф метарсиданд.+ Пас аз ин онҳо бар он ба Яҳува қурбонии сӯхтанӣ — қурбонии сӯхтании саҳарӣ ва бегоҳӣ, овардан гирифтанд.+ 4 Он гоҳ онҳо мувофиқи он чӣ навишта шуда буд, Иди Хаймаҳоро* ҷашн гирифтанд+ ва ҳар рӯз миқдори муайяни қурбонии сӯхтаниро, ки барои як рӯз муқаррар шуда буд, меоварданд.+ 5 Аз ин пас онҳо қурбонии сӯхтании доимӣ меоварданд.+ Онҳо барои навмоҳ+ ва ҳамаи идҳои+ муқаддаси Яҳува ва ҳамчунин барои ҳамаи онҳое, ки ба Яҳува ҳадияҳои ихтиёрӣ+ пешкаш мекарданд, қурбонӣ меоварданд. 6 Аз рӯзи якуми моҳи ҳафтум+ онҳо ба Яҳува пешкаш кардани қурбонии сӯхтаниро сар карданд, лекин таҳкурсии ибодатгоҳи Яҳува ҳанӯз гузошта нашуда буд.
7 Онҳо ба сангбурон+ ва дигар коргарон+ пул доданд ва ба сидӯниён ва сӯриён хӯрок, нӯшокӣ ва равған доданд, то онҳо бо иҷозати подшоҳи Форс+ — Куруш бо роҳи баҳр аз Лубнон ба Ёфо+ чӯбҳои сидра биёранд.
8 Дар соли дуюми ба хонаи Худо, ба Ерусалим, омаданашон, дар моҳи дуюм, Зарубобили писари Шаалтиил, Ешуаи писари Юсодоқ ва боқии бародаронашон, коҳинон, левизодагон ва ҳамаи онҳое, ки аз асирӣ ба Ерусалим омаданд,+ корро сар карданд. Онҳо левизодагони 20-сола ва калонтарро таъйин карданд, то сохтмони хонаи Яҳуваро назорат кунанд. 9 Мардони Яҳудо — Ешуа бо писарон ва бародаронаш ва Қадмиил бо писаронаш, ҷамъ омаданд, то ҳамроҳи писарони Ҳенодод,+ писарон ва бародарони онҳо, ки левизода буданд, коргаронеро, ки дар сохтмони хонаи Худо иштирок мекунанд, назорат намоянд.
10 Вақте бинокорон таҳкурсии ибодатгоҳи Яҳуваро гузоштанд,+ коҳинон либоси расмӣ дар тан бо карнай+ ва левизодагон, писарони Осаф, бо санҷҳо бархостанд, то аз рӯйи дастуроти подшоҳи Исроил — Довуд, Яҳуваро ҳамду сано хонанд.+ 11 Онҳо бо навбат суруд хонда, Яҳуваро шукргузорӣ ва ҳамду сано мекарданд+ ва мегуфтанд: «Ӯ некуст ва меҳру вафои ӯ ба халқи Исроил то абад аст».+ Он гоҳ тамоми халқ бо овози баланд Яҳуваро ҳамду сано хонданд, чунки таҳкурсии хонаи Яҳува гузошта шуд. 12 Бисёри коҳинон, левизодагон ва сарварони хонаводаҳо — мӯйсафедоне, ки хонаи авваларо дида буданд+ — вақте гузошта шудани таҳкурсии ин хонаро диданд, бо овози баланд гиристанд, дигарон бошанд, аз хурсандӣ бо тамоми овоз фарёд мезаданд.+ 13 Халқ чунон баланд фарёд мезаданд, ки овозашон аз дур шунида мешуд, барои ҳамин одамон садои шодиву хурсандиро аз садои гиря фарқ карда наметавонистанд.