Забур
Ба сардори ромишгарон. Бар созҳои торӣ. Таронаи Довуд.
61 Эй Худоям, зориамро бишнав,
Ба дуоям гӯш андоз.+
2 Вақте дилам суст шавад,
Аз кунҷи замин сӯйи ту фарёд мезанам.+
Маро ба кӯҳпораи баланд роҳнамоӣ кун,+
3 Зеро ту паноҳгоҳи ман ҳастӣ,
4 Дар хаймаи ту то абад меҳмон мешавам+
Ва зери сояи болҳоят паноҳ меёбам,+ (Село)
5 Зеро ту, эй Худо, назрҳои* маро шунидаӣ
Ва аз меросе, ки тарсгорони номат доранд, ба ман низ додаӣ.+
6 Ту ба рӯзҳои умри подшоҳ рӯз илова менамоӣ+
Ва солҳои умри ӯ дароз мешавад.