Айюб
2 Ӯ мисли ғунча мешукуфаду дарҳол пажмурда мешавад*.+
Ӯ мисли соя пайдо мешаваду нопадид мегардад.+
3 Бале, ту нигоҳи худро бар ӯ равона кардаӣ
Ва ӯро бо худ ба мурофиа овардаӣ.+
4 Оё аз каси нопок пок ба вуҷуд меояд?+
Албатта, не!
5 Рӯзҳои ӯ муайян шудаанд
Ва шумораи моҳҳояш дар дасти туст.
Ту барои ӯ ҳадде гузоштаӣ, ки ӯ наметавонад аз он бигзарад.+
6 Назаратро як дам аз ӯ дур кун, то каме ором ёбад,
То даме ки мисли мардикор рӯзашро ба охир расонад.+
7 Охир, ҳатто барои дарахт умеде ҳаст.
Агар онро бибуранд, дубора навда мебарорад
Ва шохаҳояш сабзидан мегиранд.
8 Агар решаҳои он дар замин пир шаванд
Ва кундаи он дар хок бимирад,
9 Ҳамин ки бӯйи об ба он бирасад, нашъунамо меёбад,
Мисли ниҳоли нав шохаҳои тару тоза мебарорад.
10 Аммо одам мемирад ва нобуд мегардад.
Инсон ҷон медиҳад — ва куҷо мешавад?+
11 Обҳо аз баҳр мераванд
Ва дарё беоб монда, хушк мешавад.
12 Одамизод низ ба хоб рафта, дигар намехезад.+
То даме ки осмон нест нашавад, бедор намешавад
Ва аз хоби худ барнамехезад.+
Кошки бароям муҳлате муайян карда, баъд маро ба хотир меовардӣ.+
14 Агар инсон бимирад, оё метавонад аз нав зиндагӣ кунад?+
Ман интизор мешавам,
То даме ки рӯзҳои меҳнати маҷбуриям тамом шаванд,
То даме ки рӯзи озодиям фаро расад.+
15 Он гоҳ ту маро даъват мекунӣ ва ман ба ту ҷавоб медиҳам.+
Ту амали дастҳои худро сахт ёд мекунӣ.
16 Аммо ҳозир ту ҳар як қадами маро ба ҳисоб мегирӣ
Ва танҳо ба гуноҳҳоям назар медӯзӣ.
17 Ҷинояти ман дар халтае сарбамуҳр аст
Ва хатои маро бо ширеш маҳкам медорӣ.
18 Чи хеле ки кӯҳ афтода гард-гард мешавад
Ва кӯҳпора аз ҷойи худ меҷунбад,
19 Чи тавре ки об сангро соида мехӯрад
Ва ҷараёнҳои об хоки заминро шуста мебаранд,
Ту низ умеди инсони хокиро барбод медиҳӣ.
20 Ту ӯро мағлуб месозӣ ва ӯ нобуд мегардад.+
Рангу рӯяшро дигаргун месозӣ ва ӯро ба гӯр мефиристӣ.
21 Писарони ӯ обрӯманд мешаванд ва ӯ намедонад,
Онҳо беқадр мегарданд, аммо ӯ хабар надорад.+
22 Ӯ дардро фақат то он дам ҳис мекунад, ки тани зинда дорад,
Ва ҷонаш танҳо он вақт менолад, ки ӯ зинда аст».