3 Мӯсо
11 Яҳува ба Мӯсову Ҳорун гуфт: 2 «Ба исроилиён чунин гӯед: “Аз ҷонварони рӯйи замин шумо инҳоро хӯрда метавонед:+ 3 ҳар ҷонвари ҷуфтсумеро, ки дар миёни сумаш сӯрохӣ дошта бошад ва хӯрокашро кавша кунад.
4 Аммо ин ҷонваронеро, ки кавша мекунанд ё ҷуфтсуманд, нахӯред: шутурро, ки кавша мекунад, вале ҷуфтсум нест. Он барои шумо ҳаром аст.+ 5 Ҳамчунин харгӯши кӯҳиро*,+ зеро он кавша мекунад, вале ҷуфтсум нест. Он барои шумо ҳаром аст. 6 Заргӯшро низ нахӯред, зеро он кавша мекунад, вале ҷуфтсум нест. Он барои шумо ҳаром аст. 7 Хукро+ низ, зеро ҷуфтсум буда дар миёни сумаш сӯрохӣ дошта бошад ҳам, кавша намекунад. Он барои шумо ҳаром аст. 8 Гӯшти онҳоро нахӯред ва ба ҷасади онҳо даст нарасонед. Онҳо барои шумо ҳароманд.+
9 Аз байни ҷонварони обӣ инҳоро хӯрда метавонед: ҳар ҷонвари обиеро, ки боли шиноварӣ ва пулакча дорад, хоҳ дар баҳр бошад, хоҳ дар дарё, хӯрда метавонед.+ 10 Аммо ҳар ҷонвареро, ки боли шиноварӣ ва пулакча надорад — хоҳ дар баҳр бошад, хоҳ дар дарё — аз он ҷумла ҷонварони хурдеро, ки села-села шуда мегарданд, нахӯред, онҳо барои шумо ҳароманд. 11 Онҳо бояд барои шумо нафратовар бошанд ва шумо гӯшти онҳоро нахӯреду+ аз ҷасади онҳо нафрат кунед. 12 Ҳар ҷонвари обие, ки боли шиноварӣ ва пулакча надорад, барои шумо ҳаром аст.
13 Инҳоянд ҷонварони болдоре, ки бароятон ҳароманд ва шумо набояд онҳоро хӯред: уқоб,+ уқоби моҳигир, каргас,+ 14 калхоти сурх ва ҳар навъ калхоти сиёҳ, 15 ҳар навъ зоғ, 16 шутурмурғ, чуғз, ёҳу, ҳар навъ боз, 17 чуғзи хурд, моҳихӯрак, чуғзи гӯшдароз, 18 қу, мурғи саққо, лошахӯр, 19 лаклак, ҳар навъ ҳавосил*, шонасарак* ва кӯршабпарак. 20 Ҳар навъ ҳашароти болдоре, ки бар чор пойи худ роҳ меравад, барои шумо ҳаром аст.
21 Аз байни ҳар ҳашароте, ки бар чор пойи худ роҳ меравад, фақат ҳамонеро хӯрда метавонед, ки ду пой барои бар замин ҷаҳидан дорад. 22 Шумо метавонед инҳоро хӯред: ҳар навъ малахи болдор, ҳар навъ малахи хӯрданбоб,+ ҳар навъ чирчирак ва дигар хел малахҳо. 23 Дигар ҳашароте, ки бар чор пойи худ роҳ меравад, барои шумо ҳаром аст. 24 Онҳо шуморо нопок гардонда метавонанд. Ҳар кӣ ба ҷасади онҳо даст расонад, то бегоҳ нопок мешавад.+ 25 Ҳар кӣ ҷасади онҳоро бардошта барад, бояд либоси худро шӯяд+ ва ӯ то бегоҳ нопок аст.
26 Ҳар ҷонваре, ки ҷуфтсум аст, вале дар миёни сумаш сӯрохӣ надорад ва кавша намекунад, барои шумо ҳаром аст. Ҳар кӣ ба онҳо даст расонад, нопок мешавад.+ 27 Аз ҳайвонҳое, ки бар чор пой роҳ мераванд, онҳое, ки панҷа доранд, барои шумо ҳароманд. Ҳар кӣ ба ҷасади онҳо даст расонад, то бегоҳ нопок аст. 28 Ҳар кӣ ҷасади онҳоро бардошта барад, бояд либосҳои худро шӯяд+ ва ӯ то бегоҳ нопок аст.+ Ҳамаи инҳо барои шумо ҳароманд.
29 Ин ҳайвонҳои хурде, ки замин аз онҳо пур аст, барои шумо ҳароманд: кӯрмуш, муш,+ ҳар навъ калтакалос, 30 геккон, калтакалоси калон*, самандар, калтакалоси регзор ва бӯқаламун. 31 Ин ҷонварони хурде, ки замин аз онҳо пур аст, барои шумо ҳароманд.+ Ҳар кӣ ба ҷасади онҳо даст расонад, то бегоҳ нопок аст.+
32 Бар ҳар чизе, ки ҷасади онҳо афтад, он нопок мешавад, хоҳ зарфи чӯбӣ бошад, хоҳ либос, хоҳ пӯст ва ё хоҳ пораи палос*. Ҳар зарфе, ки истифода мешавад, бояд зери об карда шавад ва он то бегоҳ нопок аст ва пас аз ин пок мешавад. 33 Агар ҷасади яке аз ин ҷонварон ба зарфи сафолин афтад, онро шиканед ва ҳар чӣ дар даруни он бошад, нопок ҳисобида мешавад.+ 34 Агар аз чунин зарф ба ягон чизи хӯрданӣ об рехта шавад, он нопок ҳисобида мешавад ва ҳар нӯшокие, ки дар даруни чунин зарф бошад, нопок аст. 35 Бар ҳар чизе, ки ҷасади яке аз ин ҷонварон афтад, он нопок аст. Хоҳ танӯр бошад, хоҳ оташдон, бояд шикаста шавад. Онҳо нопоканд ва барои шумо нопок мемонанд. 36 Фақат чашма ва чоҳ барои захираи об пок мемонад, аммо он касе, ки ба ҷасади яке аз ин ҷонварон даст мерасонад, нопок мешавад. 37 Агар ҷасади онҳо ба тухмии коштанӣ афтад, он пок аст. 38 Аммо, агар он тухмӣ дар об тар шуда бошад ва қисми ҷасади онҳо бар он афтад, тухмӣ барои шумо нопок мешавад.
39 Агар яке аз чорпоёне, ки барои хӯроки шумост, бимирад ва касе ба ҷасади он даст расонад, ӯ то бегоҳ нопок мемонад.+ 40 Ҳар кӣ аз ҷасади он бихӯрад, бояд либосҳояшро бишӯяд ва ӯ то бегоҳ нопок мемонад.+ Ҳар кӣ ҷасади онро бардошта барад, бояд либосҳои худро бишӯяд ва ӯ то бегоҳ нопок мемонад. 41 Ҳар ҳайвони хурде, ки замин аз он пур аст, барои шумо ҳаром аст.+ Онҳоро нахӯред. 42 Ягон ҷонвареро, ки бар шиками худ мехазад ва ё ҷонвареро, ки бар чор пойи худ роҳ меравад ё пойи зиёд дорад, нахӯред, зеро онҳо ҳароманд.+ 43 Бо ягон ҳайвони хурде, ки замин аз онҳо пур аст, худро ҳаром насозед ва худро бо онҳо ифлосу нопок нагардонед,+ 44 зеро ман Яҳува, Худои шумо, ҳастам+ ва шумо бояд худро пок гардонед ва муқаддас шавед,+ зеро ман поку муқаддасам.+ Шумо набояд худро бо ягон ҳайвони хурде, ки замин аз онҳо пур аст, нопок гардонед, 45 зеро ман Яҳува ҳастам, ки шуморо аз замини Миср берун овардам, то Худои шумо бошам.+ Шумо бояд пок бошед,+ зеро ман пок ҳастам.+
46 Ин аст қонун дар бораи ҳайвонҳо, ҷонварони болдор, ҳар ҷонвари обӣ ва ҳар ҳайвони хурде, ки замин аз онҳо пур аст, 47 то ки покро аз нопок ва ҷонваронеро, ки хӯрдан мумкин аст, аз ҷонвароне, ки хӯрдан мумкин нест, фарқ карда шавад”».+