3 Мӯсо
19 Яҳува суханашро бо Мӯсо давом дода гуфт: 2 «Ба тамоми мардуми Исроил бигӯ: “Пок бошед, зеро ман, Яҳува, Худои шумо, пок ҳастам.+
3 Ҳар кас модар ва падари худро ҳурмат кунад*+ ва шанбеҳои маро риоя намояд.+ Ман Яҳува, Худои шумо ҳастам. 4 Ба бутҳои бекора рӯ наоред+ ва барои худ бутҳои рехта насозед.+ Ман Яҳува, Худои шумо, ҳастам.
5 Вақте барои Яҳува қурбонии осоиштагӣ меоред,+ онро тавре қурбон кунед, ки ба ӯ писанд ояд.+ 6 Онро бояд худи ҳамон рӯз ва рӯзи дигараш бихӯред, лекин он чӣ то рӯзи сеюм бимонад, бояд дар оташ сӯзонида шавад.+ 7 Лекин, агар он гӯштро дар рӯзи сеюм бихӯред, он ҳаром аст ва ин қурбонӣ писанди Худо намешавад. 8 Касе аз он бихӯрад, барои гуноҳаш ҷавоб медиҳад, чунки нисбати қурбонии муқаддаси Яҳува беҳурматӣ кардааст. Чунин шахс бояд аз миёни халқи худ решакан шавад.
9 Дар мавсими ҳосилғундорӣ канораи замини худро пурра дарав накун ва пасмондаҳои хӯшаро начин.+ 10 Ҳамчунин дар токзори худ доначинӣ накун ва шингилҳои афтодаро начин. Онро барои бечора+ ва ғарибу мусофир бимон. Ман Яҳува, Худои шумо, ҳастам.
11 Дуздӣ накунед,+ дурӯғ нагӯед+ ва якдигарро фиреб надиҳед. 12 Ба номи ман қасами дурӯғ нахӯред,+ то номи Худои худро беҳурмат накунед. Ман Яҳува ҳастам. 13 Ҳаққи каси дигарро нахӯр+ ва ба ғоратгарӣ даст назан.+ Музди меҳнати мардикорро то саҳар надода намон.+
14 Карро дашном надеҳ*, пеши нобино монеае нагузор+ ва аз Худои худ тарсон бош.+ Ман Яҳува ҳастам.
15 Ҳангоми доварӣ беадолатӣ накунед. Ба камбағалу бой бо як чашм нигар*.+ Ёри худро аз рӯйи инсоф доварӣ кун.
16 Дар байни мардум гашта ҳар гуна туҳматро паҳн накун.+ Ҷони ёри худро гирифтори хатар накун*.+ Ман Яҳува ҳастам.
17 Дар дили худ бародаратро бад набин.+ Ёри худро ҳатман ислоҳ кун,+ то ба гуноҳи ӯ шарик нашавӣ.
18 Аз фарзандони халқи худ қассос нагир+ ва нисбати онҳо ба дил кина нагир. Ёри худро мисли худ дӯст дор.+ Ман Яҳува ҳастам.
19 Фармудаҳои маро ба ҷо оред: чорпои ҳархеларо ҷуфт накун. Дар киштзори худ ду навъ тухмӣ накор+ ва либосеро, ки аз ду хел ришта тайёр шудааст, напӯш.+
20 Агар марде бо зане ҳамхоб шавад ва он зан канизе бошад, ки ба марди дигаре ваъда шудааст, лекин ӯро бозхарид нанамудаанд ё озод накардаанд, ҳар ду бояд ҷазо дода шаванд. Аммо онҳоро набояд ба қатл расонд, чунки зан ҳоло озод карда нашудааст. 21 Марде, ки бо он зан ҳамхоб шудааст, бигзор қӯчқореро чун қурбонии айб ба Яҳува, назди даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ, биёрад.+ 22 Коҳин бо қӯчқори қурбонии айб барои гуноҳи вай ба Яҳува товон медиҳад ва гуноҳи ӯ бахшида мешавад.
23 Вақте ба замине, ки ба шумо ваъда дода будам, биёед ва дар он дарахти мевадиҳанда шинонед, бигзор меваҳои он бароятон нопок ва нораво бошанд. Онҳо се сол бароятон нопоку нораво ҳисоб меёбанд. Аз онҳо набояд хӯред. 24 Лекин дар соли чорум тамоми меваҳои он муқаддасанд, онҳоро бо хурсандӣ ба Яҳува пешкаш кунед.+ 25 Дар соли панҷум шумо метавонед аз меваи он хӯред ва онро ба ҳосили худ зам кунед. Ман Яҳува, Худои шумо, ҳастам.
26 Ҳеҷ чизеро, ки хун дошта бошад, нахӯред.+
Фол накушоед ва ҷодугарӣ накунед.+
27 Чаккаҳои сари худро натарошед ва канораи риши худро вайрон накунед.+
28 Барои шахси мурда* бар бадани худ чокҳо накунед+ ва дар бадани худ холкӯбӣ накунед. Ман Яҳува ҳастам.
29 Духтаратро фоҳиша карда ӯро аз нангу номус маҳрум насоз,+ то замин аз зино ва бадахлоқӣ пур нашавад.+
30 Шанбеҳои маро риоя кунед+ ва нисбати муқаддасгоҳи ман эҳтироми беандоза дошта бошед*. Ман Яҳува ҳастам.
31 Ба пурсандагони арвоҳ рӯ наоваред+ ва бо фолбинон маслиҳат накунед,+ то аз пушти онҳо нопок нагардед. Ман Яҳува, Худои шумо, ҳастам.
32 Пеши мӯйсафед бархез+ ва пирамардро иззат кун.+ Аз Худои худ тарсон бош.+ Ман Яҳува ҳастам.
33 Агар дар замини ту ғарибе зиндагӣ кунад, ӯро азоб надеҳ.+ 34 Бигзор ғарибе, ки дар байни шумо зиндагӣ мекунад, бароятон худӣ бошад.+ Ӯро мисли худатон дӯст доред, чунки шумо низ дар замини Миср ғариб будед.+ Ман Яҳува, Худои шумо, ҳастам.
35 Ҳангоми чен кардани дарозӣ, вазн ва ҳаҷм беинсофӣ накунед.+ 36 Бигзор тарозу ва сангҳои ту дуруст бошад. Бигзор сабади андозагириву* зарфи андозагириат* дуруст бошад.+ Ман Яҳува, Худои шумоям, ки шуморо аз замини Миср берун овардаам. 37 Тамоми фармудаҳои маро ба амал оред ва ҳукмҳои маро риоя кунед.+ Ман Яҳува ҳастам”».