Ҳабаққуқ
3 Дуои пайғамбар Ҳабаққуқ, ки чун марсия* гуфта шудааст:
2 Эй Яҳува, ман овозаи туро шунидам.
Корҳои ту, эй Яҳува, маро ба ҳайрат оварданд.
Дар давоми солҳо* инро ба вуҷуд ор!
Дар давоми солҳо* инро маълум соз.
Дар вақти бесарусомонӣ моро ба ёд ор ва раҳм кун.+
Шукӯҳи ӯ осмонро фаро гирифт.+
Замин аз васфу ситоиши ӯ пур шуд.
4 Дурахши ӯ мисли равшании рӯз буд+
Ва дасти ӯ, ки қувваташ дар он пинҳон буд, нур мепошид.
5 Пешопеши ӯ вабо равона буд+
Ва табларза аз паси ӯ мерафт.
Кӯҳҳои ҷовидонӣ пора-пора шуданд
Ва теппаҳои азалӣ сар хам карданд.+
Роҳҳои ӯ роҳҳои қадима аст.
7 Ман дидам, ки хаймаҳои Куш дар азоб буданд
Ва чодарҳои замини Мидён ларзиданд.+
8 Эй Яҳува, оё ту аз дарёҳо дарғазаб шудаӣ,
Оё хашми ту бар дарёҳо аланга мезанад?
Оё қаҳри ту бар зидди баҳр аст?+
9 Камони ту бараҳна ва тайёр аст.
Мувофиқи қасам калтакҳо* ба амал омодаанд.* (Село)
Ту заминро бо дарёҳо тақсим намудаӣ.
10 Туро дида кӯҳҳо ба дарди сахт гирифтор шуданд.+
Борони сел бошаст аз замин гузашт.
Обҳои азим бо овози баланд хурӯшиданд+
Ва дастони худро боло карданд.
11 Офтобу моҳ дар макони баланди худ қарор гирифтанд,+
Тирҳои нурпоши ту аз камон ҷастанд+
Ва найзаат мисли барқ дурахшид.
12 Ту бо хашм аз замин гузаштӣ
Ва бо ғазаб халқҳоро поймол кардӣ.
13 Ту барои наҷоти халқи худ, барои раҳо кардани масеҳат*, берун омадӣ.
14 Вақте ҷанговарони ӯ чун тундбод дарафтоданд, ки маро пароканда созанд,
Ва шоду хурсанд буданд, ки камин гирифта, бечораро фурӯ бурданд,
Ту сари онҳоро бо аслиҳаи худашон шикоф кардӣ.
15 Бо аспонат аз баҳр,
Аз обҳои азими пурталотум, гузаштӣ.
16 Инро шунида дарунамро ларза гирифт,
Аз садои он лабонам пир-пир париданд,
Ва пойҳоям ба ларза омаданд.
Аммо ман рӯзи мусибатро оромона интизор мешавам,+
Он бар сари халқе меояд, ки ба мо ҳамла меорад.
17 Ҳатто агар дарахти анҷир гул накунад
Ва токҳо самар наоранд,
Агар дарахти зайтун мева надиҳад
Ва киштзорҳо беҳосил монанд,
Агар дар қӯра* рама намонад,
Ва дар оғилҳо гов набошад,
18 Ман аз Яҳува шод мешавам
Ва аз Худои наҷоти худ хурсандӣ меёбам.+
19 Парвардигор Яҳува қуввати ман аст.+
Ӯ пойҳои маро мисли пойҳои гавазн месозад
Ва маро бар баландиҳо қадамгузор мекунад.+
Ба сардори ромишгарон. Бар созҳои тории ман.