1 Подшоҳон
18 Вақте ки Довуд бо Шоул сухан гуфтанро ба охир расонд, Юнотон+ ӯро мисли ҷони худ дӯст дошт+ ва ӯву Довуд дӯсти ҷонӣ шуданд*. 2 Пас аз он рӯз Шоул Довудро дар пеши худ нигоҳ дошт ва ба ӯ иҷозат надод, ки ба хонаи падараш баргардад.+ 3 Юнотон бо Довуд аҳд баст,+ чунки вайро мисли ҷони худ дӯст дошт.+ 4 Ӯ яктаҳи* беостинеро, ки дар танаш буд, кашида, бо либоси ҷангӣ, шамшер, камон ва камарбандаш ба Довуд дод. 5 Довуд ба ҷанг баромаданро сар кард ва, дар ҳар ҷое ки Шоул ӯро мефиристод, комёб мегашт*.+ Шоул ҷанговаронро+ ба ихтиёри вай супурд ва ин ба тамоми мардум ва ходимони Шоул хуш омад.
6 Вақте ки Довуд ва дигарон аз ҷанги фалиштиён бармегаштанд, занон аз ҳамаи шаҳрҳои Исроил сурудхонон+ ва рақскунон ба пешвози шоҳ Шоул мебаромаданд ва сетору даф+ навохта, хурсандӣ мекарданд. 7 Он занон рақсу бозӣ карда чунин месароиданд:
«Шоул ҳазорҳоро зарба зад
Ва Довуд — даҳҳо ҳазорро».+
8 Ин суруд ба Шоул маъқул нашуд ва ӯ сахт ба ғазаб омада+ гуфт: «Онҳо ба Довуд даҳҳо ҳазорро нисбат доданд, ба ман бошад, ҳазорҳоро. Фақат ҳамин мондааст, ки ба вай подшоҳиро диҳанд».+ 9 Аз он рӯз сар карда Шоул аз Довуд гумони бад мебурд.
10 Рӯзи дигар рӯҳи баде аз ҷониби Худо Шоулро, ки дар хона буд, фаро гирифт+ ва авзояш дигар шуду ӯ аҷоиб* рафтор кард, Довуд бошад, чун дафъаҳои пешин чанг менавохт.+ Шоул, ки дар даст найза дошт,+ 11 онро сӯйи Довуд партофта,+ гуфт: «Довудро найза зада, ба девор медӯзам!» Вале Довуд ду бор аз дасти ӯ халос хӯрд. 12 Пас аз ин Шоул аз Довуд тарсид, зеро Яҳува бо ӯ буд,+ лекин аз Шоул дур шуда буд.+ 13 Он гоҳ Шоул вайро аз пеши худ дур карда, мириҳазор таъйин намуд ва Довуд лашкарро ба ҷанг мебурд.+ 14 Довуд дар ҳар кор комёб мегашт*+ ва Яҳува бо ӯ буд.+ 15 Вақте Шоул дид, ки Довуд хеле комёб мешавад, аз вай тарсид. 16 Аммо тамоми Исроил ва Яҳудо Довудро дӯст медоштанд, чунки ӯ онҳоро ба ҷанг мебурд.
17 Баъдтар Шоул ба Довуд гуфт: «Духтари калониам Мерабро+ ба ту ба занӣ медиҳам,+ лекин ту бояд минбаъд ҳам ба ман далерона хизмат кунӣ ва ҷангҳои Яҳуваро пеш барӣ»,+ лекин дар дилаш гуфт: «Бигзор ӯ аз дасти ман нею аз дасти фалиштиён кушта шавад».+ 18 Довуд дар ҷавоб ба Шоул гуфт: «Ман кистам ва хешовандонам, хонадони падарам, дар Исроил кистанд, ки ман домоди подшоҳ шавам?»+ 19 Аммо, чун вақти ба Довуд додани Мераби духтари Шоул расид, ӯро аллакай ба Адриили+ маҳӯлотӣ ба занӣ дода буданд.
20 Духтари Шоул, Микал,+ ба Довуд ошиқ шуда буд. Вақте инро ба Шоул хабар доданд, ин ба ӯ писанд омад. 21 Шоул гуфт: «Ман духтарамро ба ӯ медиҳам, то ин барояш доме гардад ва ӯ бо дасти фалиштиён кушта шавад».+ Шоул бори дуюм ба Довуд гуфт: «Имрӯз ту домоди ман хоҳӣ шуд». 22 Шоул ба ходимонаш фармуд: «Ба Довуд пинҳонӣ бигӯед: “Подшоҳ аз ту розӣ аст ва ҳамаи ходимони шоҳ туро дӯст медоранд. Биё домоди подшоҳ шав”». 23 Вақте ки ходимони Шоул ин суханонро ба Довуд расонданд, ӯ гуфт: «Ба назари шумо, домоди подшоҳ шудан осон аст? Ман, охир, як одами камбағал ва назарногир ҳастам».+ 24 Ходимони Шоул ба ӯ хабар доданд: «Довуд чунин ва чунон гуфт».
25 Он гоҳ Шоул гуфт: «Ба Довуд чунин гӯед: “Подшоҳ қалине талаб намекунад,+ фақат ин ки 100 фалиштиро бикуш ва пӯсти сари узви мардинаашонро бурида,+ биёр, то ки аз душманони шоҳ қасос гирифта шавад”». Шоул қасд дошт, ки Довудро бо дасти фалиштиён бикушад. 26 Ходимони шоҳ ин суханонро ба Довуд расониданд ва фикри домоди подшоҳ шудан ба ӯ писанд омад.+ Пеш аз он ки муҳлат ба охир расад, 27 Довуд бо одамонаш рафта, 200 марди фалиштиро кушт ва пӯсти сари узви мардинаи ҳамаи онҳоро бурида, ба подшоҳ овард, то ки домодаш шавад. Пас аз ин Шоул духтараш Микалро ба ӯ ба занӣ дод.+ 28 Шоул фаҳмид, ки Яҳува бо Довуд аст+ ва духтараш Микал ӯро дӯст медорад.+ 29 Ӯ боз бештар аз Довуд тарсид ва аз он вақт то охири умраш душмани Довуд буд.+
30 Мирони фалиштӣ ба ҷанг мебаромаданд ва, ҳар бор ки онҳо меҷангиданд, Довуд аз ҳамаи ходимони Шоул бештар комёб мешуд*+ ва номаш шуҳрати зиёд пайдо мекард.+