Таронаи Довуд.
23 Яҳува Чӯпони ман аст,+
Камие нахоҳам дошт.+
2 Дар чарогоҳҳои сералаф маро мехобонад
Ва ба ҷойҳои серобу роҳатафзо мебарад.+
3 Ҷонамро тароват мебахшад.+
Ба хотири номаш маро бо роҳҳои адолат мебарад.+
4 Дар водии зулмот роҳ равам ҳам,+ наметарсам,+
Зеро ту бо манӣ,+ асо ва чӯбдастат маро тасаллӣ мебахшад.
5 Дар пеши душманонам бароям дастархон меороӣ,+
Бар сарам равған мемолӣ,+
Косаам лабрез аст.+
6 Тамоми умр некуӣ ва меҳру вафоят ҳамдами ман хоҳанд буд+
Ва ман тамоми ҳаёт дар хонаи Яҳува зиндагӣ хоҳам кард.+