1 Подшоҳон
16 Ниҳоят Яҳува ба Самуил гуфт: «То ба кай барои Шоул мотам мегирӣ?+ Охир, ман ӯро рад кардам, то дигар подшоҳи Исроил набошад.+ Шохи худро аз равған пур кун+ ва ба роҳ баро. Ман туро ба назди Исойи+ байтлаҳмӣ мефиристам, зеро аз байни писаронаш барои худ подшоҳ интихоб кардаам».+ 2 Аммо Самуил гуфт: «Чӣ тавр биравам? Агар Шоул шунавад, маро мекушад».+ Яҳува ба ӯ ҷавоб дод: «Бо худ гӯсолае бигир ва ба он ҷо рафта, бигӯ: “Ман омадам, ки ба Яҳува қурбонӣ орам”. 3 Исойро, ба он ҷое ки қурбонӣ меорӣ, таклиф кун, он гоҳ ба ту мегӯям, ки чӣ кор кунӣ. Ту бояд бароям касеро, ки ба ӯ ишора кунам, тадҳин намоӣ*».+
4 Самуил гуфтаҳои Яҳуваро ба ҷо овард. Вақте ӯ ба Байт-Лаҳм+ омад, пирони шаҳр ӯро дида ба тарсу ларз омаданд ва салому алейк карда, гуфтанд: «Тинҷист?» 5 Самуил ҷавоб дод: «Тинҷӣ. Ман омадам, ки ба Яҳува қурбонӣ орам. Худро пок кунед ва бо ман ба қурбонӣ овардан биёед». Ӯ Исой ва писаронашро пок кард ва онҳоро, ба ҷое ки қурбонӣ оварданӣ буд, даъват намуд. 6 Вақте онҳо омаданд, Самуил Элиобро+ дида гуфт: «Бешак, масеҳи* Яҳува ҳамин аст». 7 Аммо Яҳува ба Самуил гуфт: «Ба афту андом ва қомати баландаш+ нигоҳ накун, зеро ман ӯро хуш накардаам. Худо мисли одамизод нигоҳ намекунад, зеро одами хокӣ чизеро мебинад, ки ба чашм маълум аст, Яҳува бошад, дилро мебинад».+ 8 Пас аз ин Исой Абинодобро+ фарёд кард ва ӯро аз пеши Самуил гузаронд, аммо Самуил гуфт: «Инро низ Яҳува интихоб накардааст». 9 Баъд Исой Шамморо+ гузаронд, аммо Самуил гуфт: «Инро ҳам Яҳува интихоб накардааст». 10 Ҳамин тавр Исой ҳафт писари худро аз пеши Самуил гузаронд, аммо ӯ гуфт: «Яҳува ягонтои инҳоро интихоб накардааст».
11 Самуил ба Исой гуфт: «Оё боз писаре дорӣ?» Исой ҷавоб дод: «Писари хурдие+ дорам, ки рамаро мечаронад».+ Он гоҳ Самуил гуфт: «Кас фиристода, ӯро биёр, зеро то ӯ наояд, нишаста, хӯрок намехӯрем». 12 Исой кас фиристода, писари хурдиашро овард. Ӯ сурхрӯву зебо буд+ ва чашмони шаҳло дошт. Яҳува гуфт: «Бархез ва ӯро тадҳин кун, зеро ки ҳамин аст».+ 13 Самуил шохи равғанро+ гирифта, дар пеши бародаронаш ӯро тадҳин кард. Он вақт рӯҳи Яҳува Довудро фаро гирифт ва аз он рӯз сар карда дар ӯ амал мекард.+ Баъдтар Самуил бархоста, ба Ромо рафт.+
14 Рӯҳи Яҳува аз Шоул дур шуд+ ва рӯҳи баде аз ҷониби Яҳува ӯро азоб медод.+ 15 Ходимони Шоул ба ӯ гуфтанд: «Инак, рӯҳи баде аз ҷониби Худо туро азоб медиҳад. 16 Бигзор хоҷаамон ба ходимони худ, ки дар назди ӯ ҳастанд, фармояд, ки чангнавози моҳиреро ёбанд.+ Ҳар боре ки рӯҳи баде аз ҷониби Худо бар ту фарояд, ӯ чанг менавозад ва аҳволат беҳтар мешавад». 17 Аз ин рӯ Шоул ба ходимонаш гуфт: «Илтимос, навозандаи моҳиреро ёфта, ба назди ман оред».
18 Яке аз ходимон ба ӯ гуфт: «Ман дидам, ки писари Исойи байтлаҳмӣ моҳирона менавозад. Ӯ ҷанговари нотарс ва тавоно буда,+ хушгуфтор ва зебо аст+ ва Яҳува бо ӯст».+ 19 Шоул назди Исой кас фиристода, гуфт: «Писари худ, Довудро, ки рамабон аст,+ назди ман бифирист». 20 Исой нон, машки шароб ва бузғоларо ба хар бор карда, бо дасти писараш Довуд ба Шоул фиристод. 21 Довуд назди Шоул омада, ба ӯ хизмат кардан гирифт.+ Шоул Довудро сахт дӯст дошт ва ӯ силоҳбардори вай шуд. 22 Шоул ба Исой хабар фиристода, гуфт: «Илтимос, иҷозат деҳ, ки Довуд дар хизмати ман бошад, зеро ӯ ба ман писанд омад». 23 Ҳар боре ки рӯҳи бад аз ҷониби Худо бар Шоул мефаромад, Довуд чангро гирифта, менавохт ва Шоул ором шуда аҳволаш беҳтар мегашт ва рӯҳи бад аз ӯ дур мешуд.+