Ишаъё
Ин кист, ки дар либоси пуршукӯҳ
Бо қуввати бузург қадам мезанад?
«Ин манам, ки гапи ҳақ мезанам
Ва бо қуввати бузург наҷот медиҳам».
2 Чаро либоси ту сурх аст
Ва чаро мисли либоси касест, ки ангурро дар чархушт поймол мекунад?+
3 «Ман чархуштро танҳо́ поймол кардам.
Касе аз халқҳо бо ман набуд.
Ман онҳоро бо хашм поймол менамудам
Ва бо ғазаб зери по мекардам.+
Либоси ман бо хуни онҳо доғдор шудааст
Ва ман тамоми либосамро олуда кардаам,
4 Зеро рӯзи интиқом дар дили ман аст+
Ва соли бозхариди халқам фаро расидааст.
5 Ман нигаристам, лекин касе набуд, ки ёрӣ диҳад,
Ман ҳайрон шудам, ки касе дастгирӣ накард.
6 Ман бо хашм халқҳоро поймол намудам,
Онҳоро аз ғазаби худ маст кардам+
Ва хунашонро ба замин рехтам».
7 Корҳои пур аз меҳру вафои Яҳуваро зикр хоҳам кард,
Яҳуваро барои корҳояш,
Барои ҳар чизе, ки Яҳува бароямон кардааст, ситоиш хоҳам намуд,+
Зеро ӯ аз дилсӯзӣ ва меҳру вафои бузургаш
Ба хонадони Исроил некии бисёр кардааст.
8 Ӯ гуфт: «Онҳо ҳақиқатан халқи мананд, писароне, ки бевафоӣ намекунанд».+
Ҳамин тавр ӯ Наҷотбахши онҳо шуд.+
10 Вале онҳо исён мебардоштанд+ ва рӯҳи муқаддасашро зиқ мекарданд.+
Барои ҳамин ӯ душмани онҳо шуда,+ бо онҳо меҷангид.+
11 Онҳо даврони пеш, замони бандааш Мӯсоро, ба хотир оварда мегуфтанд:
«Куҷост Худое, ки онҳоро бо чӯпонони рамааш+ аз баҳр баровард?+
Куҷост Худое, ки рӯҳи муқаддасашро ба ӯ дода буд?+
12 Куҷост Худое, ки бо дасти пурҷалолаш дасти рости Мӯсоро гирифта мерафт,+
Худое, ки обҳоро пеши онҳо ҷудо кард,+
То барои худ номи ҷовиде пайдо кунад?+
13 Куҷост Худое, ки онҳоро аз обҳои хурӯшон гузаронд,
Ба тавре ки онҳо мисли аспи саҳро пешпо нахӯрда гузаштанд?
14 Чуноне ки чорво ба водӣ фаромада, дам мегирад,
Рӯҳи Яҳува ба онҳо оромӣ мебахшид».+
Ту халқатро ин тавр роҳнамоӣ кардӣ,
То барои худ номи пуршукӯҳе пайдо кунӣ.+
15 Аз осмон, аз макони баланди поку пурҷалолат, назар андохта бубин.
Ғайрату тавоноӣ ва дилсӯзиву+ меҳрубонии ту куҷост?+
Ту онҳоро аз ман боздоштаӣ.
16 Охир, ту Падари мо ҳастӣ,+
Иброҳим моро надонад
Ва Исроил моро нашиносад ҳам,
Ту, эй Яҳува, Падари мо ҳастӣ.
Номи ту аз қадим Товондеҳи мост.+
17 Эй Яҳува, чаро мегузорӣ, ки мо аз роҳҳои ту дур шавем?
Чаро мегузорӣ, ки дилҳои мо сахт шавад ва мо аз ту натарсем?+
Ба хотири бандагонат,
Ба хотири қабилаҳое, ки моли туянд, сӯйи мо баргард.+
18 Халқи муқаддаси ту ин заминро муддати каме соҳиб буд.
Душманони мо муқаддасгоҳатро таги по карданд.+
19 Дер боз мо мисли касоне шудаем, ки ту ҳеҷ гоҳ бар онҳо ҳукмронӣ накардаӣ,
Мисли касоне, ки ҳеҷ гоҳ бо номи ту хонда нашудаанд.