Малокӣ
3 «Ана, ман хабаррасони худро мефиристам ва ӯ пешопеши ман роҳро тайёр* мекунад.+ Он гоҳ Худованд, ки ӯро меҷӯед, ногаҳон ба ибодатгоҳи худ меояд,+ хабаррасони аҳд низ, ки шумо бесаброна интизораш ҳастед, меояд. Ӯ ҳатман меояд,— мегӯяд Яҳува, Худои лашкарҳо.—
2 Аммо кист, ки ба рӯзи омадани ӯ тоб орад ва дар вақти намудор шуданаш истодагӣ намояд? Охир, ӯ мисли оташи гудозгар ва мисли ишқори*+ шустагар мешавад. 3 Ӯ чун гудозанда ва тозакунандаи нуқра+ нишаста, писарони Левиро пок месозад. Ӯ онҳоро чун тиллову нуқра мегудозад ва онҳо халқи росткор гашта, ба Яҳува ҳадия меоранд. 4 Он гоҳ ҳадияи Яҳудову Ерусалим чун солҳои пеш ва давраҳои қадим боз ба Яҳува хуш меояд.+
5 Ман барои доварӣ ба наздат меоям ва дарҳол бар зидди ҷодугарон+ ва зинокорон, бар зидди касоне, ки қасами дурӯғ мехӯранд,+ бар зидди онҳое, ки мардикор,+ бевазан ва ятимро+ фиреб медиҳанд ва ба бегона дасти ёрӣ дароз намекунанд*+ — бар зидди ҳамаи онҳое, ки аз ман наметарсанд, шаҳодат медиҳам,— мегӯяд Яҳува, Худои лашкарҳо.—
6 Ман Яҳува ҳастам ва тағйир намеёбам*.+ Шумо писарони Яъқуб ҳастед, аз ин рӯ то ҳол нобуд нагаштаед. 7 Шумо аз замони бобоёнатон аз дастурҳои ман рӯй гардондед ва онҳоро риоя накардед.+ Сӯйи ман баргардед ва ман сӯйи шумо бармегардам,+— мегӯяд Яҳува, Худои лашкарҳо.—
Аммо шумо мегӯед: “Чӣ тавр мо бояд баргардем?”
8 Магар одам Худоро ғорат мекунад? Шумо бошед, маро ғорат мекунед.
Шумо мегӯед: “Чӣ тавр мо туро ғорат кардаем?”
Бо он ки даҳяк ва ҳадия намеоред. 9 Шумо гирифтори лаънат шудаед*, зеро маро ғорат мекунед, тамоми халқ чунин мекунад. 10 Илтимос, тамоми даҳякҳоро ба анбор биёред,+ то дар хонаи ман хӯрок бошад,+ ва маро санҷида бубинед, ки оё равзанаҳои* осмонро барои шумо намекушоям+ ва шуморо аз баракату неъмати фаровон лабрез намесозам,+— мегӯяд Яҳува, Худои лашкарҳо.—
11 Ман дигар намегузорам, ки ҳосили замини шуморо хӯрда нобуд кунанд*, токзори шумо низ дигар бесамар намешавад,+— мегӯяд Яҳува, Худои лашкарҳо.—
12 Тамоми халқҳо шуморо хушбахт хоҳанд номид,+ зеро замини шумо замини шодмонӣ мешавад,— мегӯяд Яҳува, Худои лашкарҳо.—
13 Суханоне, ки бар зидди ман гуфтед, сахт буданд,— мегӯяд Яҳува.—
Вале шумо мегӯед: “Мо дар миёни худ бар зидди ту чӣ гуфтаем?”+
14 Шумо мегӯед, ки “Ба Худо хизмат кардан фоидае надорад.+ Чӣ суд аз он ки вазифаҳои худро назди ӯ ба ҷо меовардем ва ба сабаби гуноҳҳоямон пеши Яҳува, Худои лашкарҳо, ғамгин мегаштем? 15 Аз ин пас мо худбоваронро хушбахт меҳисобем ва бадкоронро комёб мешуморем.+ Онҳо натарсида Худоро месанҷанд ва барои ин ҷазое намегиранд”».
16 Он вақт тарсгорони Яҳува бо якдигар, ҳар яке бо ёри худ, гап мезаданд ва Яҳува бодиққат онҳоро гӯш мекард. Пеши ӯ дар бораи касоне, ки аз Яҳува метарсанду дар бораи номи ӯ андеша мекунанд*,+ китоби ёддоште навишта мешуд.+
17 «Дар рӯзе ки ман онҳоро ганҷи барчидаи худ гардонам,+ онҳо аз они ман мешаванд,+— мегӯяд Яҳува, Худои лашкарҳо.— Ман ба онҳо раҳм мекунам, чуноне ки падар ба писаре, ки хизмати ӯро ба ҷо меорад, раҳм мекунад.+ 18 Шумо аз нав фарқи росткору бадкорро,+ касеро, ки ба Худо хизмат мекунаду касеро, ки хизмат намекунад, мебинед».