Забур
Ба сардори ромишгарон. Бар сози «Савсан». Таронаи писарони Қӯраҳ.+ Маскил*. Суруди муҳаббат.
45 Дилам аз чизи хубе ба ҳаяҷон омадааст.
Ман мегӯям: «Суруди ман дар васфи подшоҳ аст».+
Бигзор забонам қалами+ котиби хушнавис бошад.+
2 Аз миёни фарзандони одам ту зеботарин ҳастӣ.
Аз лабонат суханони ширин мечакад.+
Аз ин рӯ Худо ба ту баракати ҷовидонӣ додааст.+
Дасти ростат корҳои аҷоибе ба амал меорад.
5 Аз тирҳои тезат халқҳо пеши поят меафтанд.+
Онҳо ба дили душманони подшоҳ мехаланд.+
7 Ту ростиро дӯст доштӣ+ ва бадиро бад дидӣ.+
Аз ин рӯ Худо, Худои ту, туро бо равғани шодмонӣ+ бештар аз рафиқонат тадҳин кардааст*.+
8 Аз ҳама либосҳоят бӯйи мурру уду сано меояд.
Аз қасри оҷ*, қасри пурҳашамат, туро бо созҳо дилхуш мекунанд.
9 Духтарони подшоҳон дар миёни бонувони иззатманди дарбори туянд,
Аз дасти ростат малика истодааст, ки худро бо тиллои Ӯфир оростааст.+
10 Бишнав, эй духтар, диққат деҳ ва гӯш андоз,
Халқи худ ва хонаи падаратро фаромӯш кун.
11 Он гоҳ подшоҳ ҳусну ҷамоли туро орзу хоҳад намуд,
Зеро ӯ хӯҷаини туст.
Пеши ӯ таъзим кун.
12 Духтари Сӯр бо ҳадия хоҳад омад,
Сарватмандони халқ ризои туро хоҳанд ҷуст.
13 Чӣ пуршукӯҳу зебост духтари подшоҳ андаруни қаср!
Куртаи ӯ зардӯзӣ шудааст.
14 Ӯро бо либоси пурнигор бар тан назди подшоҳ меоранд.
Аз ақиби вай дугонаҳои бокираашро пеши ту меоранд.
15 Онҳоро бо шодиву хурсандӣ хоҳанд овард,
Онҳо ба қасри подшоҳ хоҳанд даромад.