Пандгӯ
12 Офаридгори Бузурги худро дар айёми ҷавоният дар ёд дор,+ пеш аз он ки рӯзҳои сахт биёянд,+ солҳое, ки ту бигӯӣ: «Маро аз онҳо хурсандие нест», 2 пеш аз он ки рӯшноии офтобу моҳ ва ситорагон тира гардад+ ва абрҳо баъди боридан баргарданд*, 3 дар рӯзе ки посбонҳои хона биларзанд ва мардони бақувват хам шаванд, занон ба сабаби кам буданашон аз дастос кардан* бозистанд ва бонуҳое, ки ба тиреза нигоҳ мекунанд, фақат торикиро бинанд,+ 4 вақте дарҳои кӯча баста шаванд, садои осиё паст гардад, кас аз садои паранда бедор шавад ва тамоми занони сароянда хомӯш гарданд,+ 5 вақте кас аз баландӣ тарсад ва дар кӯча ӯро даҳшатҳо интизор бошанд, вақте дарахти бодом шукуфад,+ малах худро кашолакунон барад ва кавар* кафад, зеро инсон ба хонаи охираташ меравад+ ва навҳагарон дар кӯча гаштугузор мекунанд,+ 6 пеш аз он ки риштаи нуқрагин канда шавад, косаи тилло пора гардад, кӯзаи сари чашма шиканад ва чархи чоҳ шикаста шавад. 7 Он гоҳ хок дубора ба замин бармегардад+ ва рӯҳ* сӯйи Худо, ки онро дода буд.+
8 «Ҳеҷу пуч аст,— гуфт пандгӯ.+— Ҳама чиз ҳеҷу пуч аст!»+
9 Ғайр аз он ки пандгӯ хирадманд шуд, ӯ он чиро медонист, ба мардум пайваста таълим медод.+ Ӯ ҳамчунин андеша мекард ва ҷустору кофтуков менамуд, то пандҳои зиёдеро гирд оварад.+ 10 Пандгӯ кӯшиш намуд, то суханони дилнишинро биёбад+ ва суханони аниқи ростиро бинависад.
11 Суханони хирадмандон мисли халачӯбҳост+ ва гуфтаҳои ҷамъовардаи онҳо мисли мехҳое ҳастанд, ки сахт кӯфта шудаанд; онҳо аз тарафи як чӯпонанд. 12 Эй писарам, аз он чӣ зиёда аз инҳост, эҳтиёт шав: навиштани китобҳои зиёд охир надорад ва аз ҳад зиёд саргарми онҳо шудан ҷисмро хаста мекунад.+
13 Хулосаи гап, хулосаи ҳар чизи шунида, чунин аст: аз Худо битарс+ ва амрҳои ӯро риоя намо,+ зеро вазифаи асосии инсон ҳамин аст.+ 14 Худо ҳар амалро, аз ҷумла ҳар чизи ниҳонро, доварӣ карда, мебинад, ки он хуб аст ё бад.+