Матто
12 Боре Исо рӯзи шанбе аз киштзор мегузашт. Он вақт шогирдонаш гурусна монданд ва хӯшаҳои гандумро чида, хӯрдан гирифтанд.+ 2 Фарисиён инро дида ба ӯ гуфтанд: «Нигоҳ кун! Шогирдони ту дар рӯзи шанбе кореро мекунанд, ки раво нест».+ 3 Исо ба онҳо гуфт: «Магар нахондаед, ки Довуд, вақте ӯву ҳамроҳонаш гушна монданд, чӣ кор кард?+ 4 Чӣ тавр ӯ ба хонаи Худо даромада, бо ҳамроҳонаш нони пешкашро+ хӯрд, ҳол он ки хӯрдани он танҳо ба коҳинон раво буд?+ 5 Ё магар дар Таврот нахондаед, ки дар рӯзҳои шанбе коҳинон дар ибодатгоҳ қонуни рӯзи шанберо вайрон мекунанд ва бо вуҷуди ин гунаҳкор ҳисобида намешаванд?+ 6 Аммо ман ба шумо мегӯям: шахсе, ки дар ин ҷост, аз ибодатгоҳ ҳам бузургтар аст.+ 7 Агар шумо мефаҳмидед, ки суханони “раҳму шафқат мехоҳам,+ на қурбонӣ”+ чӣ маъно доранд, одамони бегуноҳро айбдор намекардед. 8 Инро мегӯям, то бидонед, ки Фарзанди одам Хӯҷаини рӯзи шанбе аст».+
9 Исо аз он ҷо баромада, ба ибодатхона рафт. 10 Дар он ҷо марди дасташ хушкшудае* буд.+ Баъзе аз онҳое, ки дар он ҷо буданд, бо нияти айбдор намудани Исо аз ӯ пурсиданд: «Оё дар рӯзи шанбе шифо додан равост?»+ 11 Ӯ ба онҳо гуфт: «Кадоме аз шумо, агар як гӯсфанд дошта бошад ва он дар рӯзи шанбе ба чоҳ афтад, онро аз чоҳ намебарорад?+ 12 Гӯсфанд ки ин хел қадр дошта бошад, одам чӣ қадар пурарзиштар аст! Бинобар ин дар рӯзи шанбе некӣ кардан равост». 13 Сипас Исо ба он мард гуфт: «Дастатро дароз кун». Вай дасташро дароз кард ва он мисли дасти дигараш сиҳат шуд. 14 Фарисиён бошанд, аз он ҷо баромада, забон як карданд, ки ӯро кушанд. 15 Вале Исо аз ин огоҳӣ ёфта, аз он ҷо рафт. Аз пайи ӯ одамони зиёде равона шуданд+ ва ӯ ҳамаи беморонро шифо дод, 16 аммо қатъиян фармуд, ки дар борааш ба дигарон нақл накунанд,+ 17 то суханони зерине, ки ба воситаи пайғамбар Ишаъё пешгӯйӣ шуданд, иҷро гарданд:
18 «Ана бандаи ман,+ ки ӯро хуш кардаам! Ман ӯро дӯст медорам ва аз ӯ розиям.+ Рӯҳи худро бар ӯ мегузорам+ ва ӯ чӣ будани адолатро ба халқҳо аён месозад. 19 Ӯ баҳсу мунозира+ ва доду фарёд нахоҳад кард ва касе дар кӯчаҳои калон овози ӯро нахоҳад шунид. 20 Ӯ қамиши нимшикастаро намешиканад ва пилтаи нимсӯхтаро хомӯш намекунад,+ то даме ки адолатро барқарор намояд. 21 Халқҳо ба номи ӯ умед хоҳанд баст».+
22 Он гоҳ ба назди ӯ марди девдореро оварданд, ки кӯру гунг буд. Исо ӯро шифо дод ва ӯ ба гап даромаду бино шуд. 23 Тамоми мардум дар ҳайрат монда дар бораи Исо мегуфтанд: «Боз ҳамин Писари Довуд набошад?» 24 Фарисиён ин суханонро шунида гуфтанд: «Ӯ девҳоро бо ёрии Баал-Забул* — ҳокими девҳо, берун мекунад».+ 25 Исо фикру андешаи онҳоро пай бурда гуфт: «Ҳар подшоҳие, ки дар он ҷудоӣ ба миён ояд, барҳам мехӯрад ва ҳар шаҳр ё хонадоне, ки дар он ҷудоӣ ба миён ояд, устувор намемонад. 26 Ба ин монанд, агар Шайтон Шайтонро берун кунад, пас, дар ӯ ҷудоӣ ба миён омадааст. Дар ин ҳол чӣ тавр подшоҳии ӯ устувор мемонад? 27 Беш аз ин, агар ман девҳоро бо ёрии Баал-Забул берун мекарда бошам, писарони шумо онҳоро бо ёрии кӣ берун мекунанд? Пас, онҳо доварони шумо хоҳанд буд. 28 Лекин, агар ман девҳоро бо рӯҳи Худо берун мекарда бошам, пас, Подшоҳии Худо, дар ҳақиқат, то ба шумо расидааст.+ 29 Чӣ тавр кас ба хонаи марди пурзӯре зада даромада, чизу чораашро аз они худ карда метавонад? Ӯ бояд аввал дасту пойи марди пурзӯрро бандад ва танҳо баъд метавонад хонаи вайро ғорат кунад. 30 Ҳар кӣ бо ман нест, зидди ман аст ва ҳар кӣ бо ман ҷамъ намекунад, пароканда месозад.+
31 Бинобар ин ба шумо мегӯям: ҳар гуноҳ ва куфри одамон бахшида мешавад, аммо куфре, ки бар зидди рӯҳи муқаддас гуфта мешавад, бахшида намешавад.+ 32 Ҳар кӣ бар зидди Фарзанди одам сухане гӯяд, бахшида мешавад,+ аммо ҳар кӣ бар зидди рӯҳи муқаддас сухане гӯяд, на дар ин замона бахшида мешаваду на дар замони оянда*.+
33 Агар шумо мисли дарахти хуб бошед, меваи хуб меоред ва, агар мисли дарахти бад бошед, меваи бад меоред, зеро дарахт аз меваҳояш шинохта мешавад.+ 34 Эй афъизодагон,+ чӣ тавр шумо сухани хуб гуфта метавонед, дар сурате ки худатон бад ҳастед? Охир, дар дил чизе бошад, ба забон ҳамон меояд.+ 35 Одами нек аз ганҷинаи дилаш чизи нек берун меорад. Одами бад аз ганҷинаи дилаш чизи бад берун меорад.+ 36 Ба шумо мегӯям, ки одамон барои ҳар як сухани бадашон дар Рӯзи Доварӣ ҷавоб медиҳанд,+ 37 зеро ту аз рӯйи суханонат росткор дониста мешавӣ ва аз рӯйи суханонат айбдор дониста мешавӣ».
38 Он гоҳ баъзе аз шариатдонон ва фарисиён ба ӯ чунин гуфтанд: «Устод, мехоҳем ба мо аломате нишон диҳӣ».+ 39 Дар ҷавоб Исо ба онҳо гуфт: «Ин насли бадкор ва ба Худо бевафо аломат меҷӯяд, аммо ғайр аз аломати пайғамбар Юнус ба ин насл аломате нишон дода намешавад.+ 40 Чи тавре ки Юнус се шабу се рӯз дар шиками моҳии бузург буд,+ ҳамон тавр Фарзанди одам низ се шабу се рӯз дар оғӯши замин мемонад.+ 41 Мардуми Нинве бо ин насл дар Рӯзи Доварӣ бархеста, онро айбдор мекунанд, зеро онҳо хабари Юнусро шунида тавба карданд,+ вале касе, ки дар ин ҷост, аз Юнус ҳам бузургтар аст.+ 42 Маликаи ҷануб бо ин насл дар Рӯзи Доварӣ бархеста, онро айбдор мекунад, зеро ӯ аз як гӯшаи дурдасти замин назди Сулаймон омад,+ то суханони хирадмандонаи ӯро шунавад, вале касе, ки дар ин ҷост, аз Сулаймон ҳам бузургтар аст.+
43 Вақте рӯҳи нопок аз одам берун ояд, он барои ёфтани ҷойи зист дар ҷойҳои беоб гардиш мекунад, аммо ҷое намеёбад.+ 44 Сипас он рӯҳ ба худ мегӯяд: “Ба хонае, ки онро тарк карда будам, бармегардам”, ва, вақте гашта меояд, хонаро холӣ, ҷорӯбзада ва ороста меёбад. 45 Баъд он рӯҳ рафта, боз ҳафт рӯҳи аз худаш бадтарро меорад ва онҳо ба он хона даромада, ҷо мегиранд; ҳамин тавр, аҳволи он одам аз пешинааш бадтар мегардад.+ Бо ин насли бадкор низ чунин мешавад».
46 Вақте ки ӯ ба мардум сухан мегуфт, модар ва бародаронаш+ дар берун истода, имкон меҷустанд, ки бо ӯ гап зананд.+ 47 Он гоҳ касе ба ӯ хабар дод: «Модару бародаронат дар берун истодаанд ва бо ту гап задан мехоҳанд». 48 Исо дар ҷавоб гуфт: «Кист модари ман ва кистанд бародарони ман?» 49 Ӯ ба шогирдонаш ишора карда, гуфт: «Ана модару бародарони ман!+ 50 Ҳар кӣ хости Падарамро, ки дар осмон аст, иҷро кунад, бародар, хоҳар ва модари ман аст».+