Закарё
8 Яҳува, Худои лашкарҳо, боз паём фиристода гуфт: 2 «Яҳува, Худои лашкарҳо, чунин мегӯяд: “Ман бо рашки зиёд+ ва бо хашми зӯр Сионро муҳофизат мекунам”.
3 Яҳува чунин мегӯяд: “Ман ба Сион бармегардам+ ва дар Ерусалим сокин мешавам.+ Ерусалим шаҳри ростӣ* ва кӯҳи муқаддас,+ кӯҳи Яҳува, Худои лашкарҳо, номида мешавад”.+
4 Яҳува, Худои лашкарҳо, чунин мегӯяд: “Мӯйсафедону кампирон боз дар майдонҳои Ерусалим мешинанд ва ҳар яке ба сабаби дарозии умраш дар даст асо хоҳад дошт.+ 5 Майдонҳои шаҳр аз писарону духтароне, ки дар онҳо бозӣ мекунанд, пур мешаванд”.+
6 Яҳува, Худои лашкарҳо, чунин мегӯяд: “Дар он рӯзҳо ин барои бақияи халқ номумкин тобад ҳам, барои ман номумкин нахоҳад тофт”,— мегӯяд Яҳува, Худои лашкарҳо.
7 Яҳува, Худои лашкарҳо, чунин мегӯяд: “Ман халқамро аз дасти кишварҳои шарқу ғарб халос мекунам.+ 8 Ман онҳоро бозмеораму дар Ерусалим сокин мекунам.+ Онҳо халқи ман мешаванду ман Худои онҳо,+ Худои ҳаққу* росткорашон мешавам”.
9 Яҳува, Худои лашкарҳо, чунин мегӯяд: “Қавӣ бошед,+ эй касоне, ки ин суханонро аз даҳони пайғамбарон мешунавед.+ Ин суханонро дар рӯзе гуфта буданд, ки таҳкурсии хонаи Яҳува, Худои лашкарҳоро, гузошта, ибодатгоҳро сохтанӣ шуданд. 10 Пеш аз он айём на ба одам музде медоданду на ба чорпо+ ва аз дасти душманон омадану рафтан бехатар набуд, зеро ман тамоми одамонро душмани якдигар карда будам.
11 Ман бо бақияи ин халқ дигар чун дар замони пеш рафтор намекунам,+— мегӯяд Яҳува, Худои лашкарҳо.— 12 Акнун осоиштагӣ кошта мешавад, ток ҳосил медиҳад, замин самар меорад+ ва аз осмон шабнам меборад. Ман ҳамаи инро насиби бақияи ин халқ мегардонам.+ 13 Эй хонадони Яҳудо ва хонадони Исроил, чуноне ки шумо барои халқҳо рамзи лаънат будед,+ ончунон рамзи баракат мешавед,+ зеро ман шуморо наҷот медиҳам. Натарсед!+ Қавӣ бошед!”+
14 Яҳува, Худои лашкарҳо, чунин мегӯяд: “Азбаски бобоёнатон маро ба хашм оварданд, ман азм кардам, ки ба сари шумо бало орам, ва аз ин пушаймон набудам,— мегӯяд Яҳува, Худои лашкарҳо.— Чуноне ки он вақт карда будам,+ 15 ҳоло низ азм кардаам, ки ба Ерусалим ва хонадони Яҳудо некӣ кунам.+ Пас, натарсед!+
16 Ин аст корҳое, ки бояд ба ҷо оред: ба якдигар рост гӯед+ ва назди дарвозаҳо аз рӯйи адл доварӣ карда осоиштагӣ оред.+ 17 Нисбати якдигар қасди бад наандешед+ ва ба қасами дурӯғ дил набандед,+ зеро ман аз ҳамаи ин корҳо нафрат дорам”,+— мегӯяд Яҳува».
18 Яҳува, Худои лашкарҳо, боз ба ман паём фиристода гуфт: 19 «Яҳува, Худои лашкарҳо, чунин мегӯяд: “Рӯзаи моҳи чорум,+ панҷум,+ ҳафтум+ ва даҳум+ барои хонадони Яҳудо рӯзи шодиву хушҳолӣ, иди хурсандибахш, хоҳад буд.+ Пас, ростиву осоиштагиро дӯст доред”.
20 Яҳува, Худои лашкарҳо, чунин мегӯяд: “Айёме фаро мерасад, ки халқҳо ва сокинони шаҳрҳои зиёде меоянд. 21 Сокинони як шаҳр ба назди сокинони шаҳри дигар рафта, мегӯянд: “Биёед рафта, аз таҳти дил Яҳуваро зориву тавалло кунем ва Яҳува, Худои лашкарҳоро, биҷӯем. Мо ҳам меравем”.+ 22 Мардуми бисёр ва халқҳои пурзӯре ба Ерусалим омада, Яҳува, Худои лашкарҳоро, ҷӯё мешаванд+ ва Яҳуваро зориву тавалло мекунанд”.
23 Яҳува, Худои лашкарҳо, чунин мегӯяд: “Дар он рӯзҳо даҳ нафар аз ҳамаи забонҳо ва халқҳо+ домани марди яҳудиро маҳкам дошта, мегӯянд: “Бо шумо меравем,+ зеро шунидаем, ки Худо бо шумост”».+