Забур
Ба сардори ромишгарон. Таронаи писарони Қӯраҳ.+ Бар сози аламут*.
2 Бинобар ин нахоҳем тарсид, ҳарчанд замин дигаргун шавад,
Кӯҳҳо ба ларзиш омада, ба қаъри баҳр фурӯ раванд,+
3 Оби баҳр ба ҷӯшу хурӯш ояд+
Ва кӯҳҳо аз талотуми он ба ҷунбиш оянд. (Село)
4 Дарёе ҳаст, ки ҷӯйҳои он сокинони шаҳри Худоро хурсанд мекунанд+
Ва хаймаи муқаддасу бузурги Худои Таолоро шод месозанд.
5 Худо андаруни шаҳр аст,+ он фурӯ намеғалтад.
Худо субҳидам ба мадади он хоҳад омад.+
6 Халқҳо шӯру ғавғо карданд, подшоҳиҳо сарнагун шуданд,
Ӯ овози худро баланд намуд ва замин об шуд.+
7 Яҳува, Худои лашкарҳо, бо мост,+
Худои Яъқуб паноҳгоҳи мост. (Село)
8 Биёед ва шоҳиди корномаҳои Яҳува шавед,
Бубинед, ки ӯ дар замин чӣ корҳои ҳайратангезе кардааст.
9 Ӯ ҷангҳоро то ба канори замин барҳам медиҳад,+
Камонро шикаста, найзаро пора месозад
Ва аробаҳои ҷангиро* оташ мезанад.
10 «Таслим шавед ва бидонед, ки ман Худо ҳастам.