1 Мӯсо
18 Баъди ин Яҳува*+ дар назди дарахтони калони Мамре+ ба Иброҳим, ки дар гармии рӯз дар таги дари хайма менишаст, намудор шуд. 2 Иброҳим назар андохта, дид, ки каме дуртар аз ӯ се мард истодаанд.+ Ҳамин ки ӯ онҳоро дид, аз назди дари хайма ба пешвозашон давид ва то замин таъзим кард. 3 Сипас гуфт: «Яҳува*, агар дар назарат писанд афтода бошам, илтимос, аз пеши бандаат гузашта нарав. 4 Иҷозат диҳед, ки каме об биёранду пойҳоятонро бишӯянд;+ баъд дар таги дарахт дароз кашед. 5 Модом ки назди бандаи худ омадед, иҷозат диҳед, ки як бурда нон биёрам, то хӯрда қувват гиред*, ва баъд метавонед роҳатонро давом диҳед». Он гоҳ онҳо гуфтанд: «Майлаш, бигзор гуфти ту шавад».
6 Иброҳим назди Соро ба хайма шитофт ва гуфт: «Зудтар се сатил* орди маҳин гирифта, хамир кун ва нон паз». 7 Сипас Иброҳим давида, аз байни гову молаш буққаи ҷавони* хуберо интихоб кард. Ӯ онро ба хизматгораш дод ва вай дарҳол аз пайи тайёр кардани он шуд. 8 Баъд Иброҳим маскаву шир ва гӯшти пухтаро гирифта, пеши онҳо гузошт. Онҳо хӯрданро сар карданд, Иброҳим бошад, дар таги дарахт назди онҳо меистод.+
9 Онҳо ба Иброҳим гуфтанд: «Занат Соро+ дар куҷост?» Ӯ гуфт: «Дар ҳамин ҷо, дар хайма». 10 Он гоҳ яке аз онҳо гуфт: «Соли дигар, ҳамин вақт, ман меоям ва занат Соро соҳиби писар мешавад».+ Дар ин вақт Соро аз таги дари хайма, ки дар пушти он мард буд, ин суханонро гӯш мекард. 11 Иброҳиму Соро пиру солхӯрда буданд.+ Дар ин синну сол Соро наметавонист кӯдак таваллуд кунад*.+ 12 Соро дар дилаш хандида гуфт: «Ман аллакай пир шудаам ва синну соли хӯҷаинам ҳам ба ҷое расидааст. Наход дар чунин синну сол ин хурсандӣ насиби ман шавад?»+ 13 Он гоҳ Яҳува ба Иброҳим гуфт: «Барои чӣ Соро хандида гуфт: “Наход дар чунин синну сол таваллуд карда тавонам?” 14 Магар барои Яҳува чизи мушкиле ҳаст?+ Соли дигар, ҳамин вақт, ман назди ту меоям ва Соро соҳиби писар мешавад». 15 Лекин Соро аз тарс чунин гуфт: «Ман нахандидам!» Аммо ӯ гуфт: «Не, хандидӣ».
16 Баъд он мардон аз он ҷо бархоста рафтанӣ шуданд ва ба тарафи Садӯм+ назар карданд. Иброҳим бошад, ҳамроҳашон рафт, то онҳоро гусел кунад. 17 Яҳува гуфт: «Оё кореро, ки карданиям, аз Иброҳим пинҳон намоям?+ 18 Охир, аз ӯ ҳатман халқи бузург ва пурзӯре ба миён меояд ва ҳамаи халқҳои рӯйи замин ба воситаи ӯ баракат меёбанд.+ 19 Ман ба ӯ наздик шудам, то ӯ ба фарзандон ва аҳли хонаводааш фармояд, ки адлу инсофро ба ҷо оварда бо роҳи Яҳува равона шаванд,+ то Яҳува он чиро, ки ба Иброҳим ваъда додааст, иҷро кунад».
20 Он гоҳ Яҳува гуфт: «Оҳу фиғон аз дасти Садӯм ва Амӯро зиёд шудааст+ ва гуноҳашон бениҳоят азим аст.+ 21 Ман фуруд омада, мебинам ва мефаҳмам, ки оҳу нолае, ки ба гӯшам расидааст, дар ҳаққи онҳо дуруст аст ё не».+
22 Он гоҳ мардон сӯйи Садӯм рафтанд, лекин Яҳува+ бо Иброҳим монд. 23 Иброҳим ба ӯ наздик шуда, пурсид: «Наход ту росткорро бо бадкор нест кунӣ?+ 24 Шояд, дар ин шаҳр 50 росткор бошад. Наход ту ба хотири ин 50 нафар ба ин макон раҳм накунӣ ва онҳоро несту нобуд созӣ? 25 Ҳеҷ гоҳ чунин шуданаш мумкин нест, ки ту ин хел кунӣ ва росткорро бо бадкор нобуд созӣ. Наход оқибати росткору бадкор як бошад?!+ Не, ҳеҷ гоҳ чунин шуданаш мумкин нест!+ Наход Довари тамоми замин аз рӯйи адлу инсоф амал накунад?»+ 26 Он гоҳ Яҳува гуфт: «Агар дар шаҳри Садӯм 50 росткор ёфт шавад, ба хотири онҳо тамоми он маконро мебахшам». 27 Иброҳим гуфт: «Инак, ман, ки хоку хокистар ҳастам, ҷуръат кардам, ки ба Яҳува сухане бигӯям. 28 Шояд, дар он ҷо 50 нафар росткор нею панҷ нафар камтар бошад, оё ту барои панҷ нафар тамоми шаҳрро нест мекунӣ?» Худо дар ҷавоб гуфт: «Ба хотири 45 росткор он шаҳрро нест намекунам».+
29 Аммо Иброҳим боз гуфт: «Шояд, дар он ҷо 40 росткор ёфт шавад». Худо гуфт: «Ба хотири 40 нафар он ҷоро нест намекунам». 30 Ӯ суханашро давом дода гуфт: «Яҳува, илтимос, хашмгин нашав,+ бигзор як гапи дигар гӯям: шояд, дар он ҷо 30 нафар ёфт шавад». Худо гуфт: «Ба хотири 30 нафар он ҷоро нест намекунам». 31 Ӯ боз гуфт: «Инак, ман ҷуръат кардам ба Яҳува сухане бигӯям: шояд, дар он ҷо 20 нафар ёфт шавад». Ӯ ҷавоб дод: «Ба хотири 20 нафар он ҷоро нест намекунам». 32 Ниҳоят ӯ гуфт: «Яҳува, илтимос, хашмгин нашав, лекин иҷозат деҳ боз як сухане гӯям: шояд, дар он ҷо танҳо даҳ нафар ёфт шавад». Худо гуфт: «Ба хотири даҳ нафар он ҷоро нест намекунам». 33 Вақте Яҳува гапашро бо Иброҳим тамом кард, бирафт+ ва Иброҳим ба макони худ баргашт.