1 Қӯринтиён
1 Ман, Павлус, ки бо хости Худо даъват шудаам, ки расули Исои Масеҳ* бошам,+ ҳамроҳи бародарамон Сӯстинис 2 ба шумо, эй ҷамоати Худо, ки дар шаҳри Қӯринт+ ҳастед, нома менависам. Ман ба шумо, эй касоне, ки чун пайравони Исои Масеҳ поку муқаддас гардидаед,+ бале, ба шумо, ки ба пок будан даъват шудаед, ва ҳамчунин ба ҳамаи онҳое, ки дар ҷойи шумову дигар ҷойҳо номи Ҳазрати ҳамаамон Исои Масеҳро мехонанд,+ чунин менависам:
3 Лутфу осоиштагии Падарамон Худо ва Ҳазратамон Исои Масеҳ бо шумо бод!
4 Лутфу марҳамати Худоро, ки ба воситаи Исои Масеҳ ба шумо дода шудааст, дар хотир дошта, доимо Худоро бароятон шукр мегӯям, 5 зеро шумо бо Масеҳ ягонагӣ дошта, ҳама чиро, аз ҷумла атои суханварӣ ва донишро, ба фаровонӣ соҳиб гаштаед.+ 6 Аз ин маълум мешавад, ки он чӣ дар бораи Масеҳ ба шумо шаҳодат дода шуд,+ дар байнатон реша давондааст 7 ва аз ин рӯ шумо ошкор шудани Ҳазратамон Исои Масеҳро+ бесаброна интизор шуда, аз ҳеҷ ато камие надоред. 8 Худо шуморо то ба охир устувор мегардонад, то дар рӯзи Ҳазратамон Исои Масеҳ касе шуморо айбдор карда натавонад.+ 9 Худое, ки шуморо даъват кардааст, то бо Писараш Исои Масеҳ, ки Ҳазрати мост, шарик бошед, амину бовафо аст.+
10 Эй бародарон, аз шумо ба номи Ҳазратамон Исои Масеҳ хоҳиш мекунам, ки ҳамаатон якдилу якзабон, ҳамфикру ҳамақида бошед,+ ва бигзор дар байнатон ҷудоӣ набошад.+ 11 Ба ман аз хонаводаи Хлӯо дар бораатон, эй бародарон, хабар доданд, ки шумо бо якдигар баҳсу мунозира мекунед, 12 яъне яке аз шумо мегӯяд: «Ман шогирди Павлусам», дигаре мегӯяд: «Ман аз они Апуллус»,+ каси дигар бошад: «Ман шогирди Кифо* ҳастам», ва боз нафаре: «Ман аз они Масеҳам». 13 Оё Масеҳ тақсим шудааст? Магар барои шумо дар сутун Павлус кушта шуд? Ё ин ки шумо ба номи Павлус таъмид гирифтед*? 14 Худоро шукр, ки ҳеҷ кадоми шуморо, ғайр аз Криспусу+ Ғоюс,+ таъмид надодаам, 15 то касе нагӯяд, ки шумо ба номи ман таъмид гирифтед. 16 Ҳа, ман боз аҳли хонаи Истефанусро таъмид додаам.+ Ғайр аз ин, дар хотир надорам, ки боз касеро таъмид дода бошам, 17 чунки Масеҳ маро на барои он фиристодааст, ки таъмид диҳам, балки, барои он ки хушхабарро эълон кунам.+ Ман бошам, ин корро бо суханони олимона накардам, то сутуни азоби* Масеҳ беҳуда нагардад.
18 Хабар дар бораи сутуни азоб* барои нобудшавандагон беақлист,+ вале барои мо, наҷотёбандагон, қудрати Худост.+ 19 Дар ин бора навишта шудааст: «Ман хиради хирадмандонро нобуд месозам ва доноии донишмандонро рад мекунам».+ 20 Куҷост хирадманди ин ҷаҳон*? Куҷост шариатдон? Куҷост файласуф*? Магар Худо беақлӣ будани хиради ин ҷаҳонро нишон надод? 21 Хиради Худо бошад, дар он аён гашт, ки, ҳарчанд ҷаҳон бо хиради худ+ Худоро нашинохт,+ ӯ маъқул донист, ки ба воситаи он чизе, ки дар назари дигарон беақлӣ+ метобаду эълон карда мешавад, имондоронро наҷот диҳад.
22 Яҳудиён аломат металабанд+ ва юнониён хирад меҷӯянд, 23 вале мо дар бораи Масеҳ, ки дар сутун кушта шуд, сухан мегӯем ва ин барои яҳудиён санги пешпову барои халқҳои дигар беақлист.+ 24 Аммо барои даъватшудагон, хоҳ яҳудӣ бошанд, хоҳ юнонӣ, Масеҳ қудрату хиради Худост,+ 25 зеро он чӣ аз Худо мебошаду онро беақлӣ меҳисобанд, аз хиради инсонӣ болотар аст. Ҳамчунин он чӣ аз Худосту онро нотавонӣ меҳисобанд, аз қуввати инсон тавонотар аст.+
26 Эй бародарон, чи тавре ки мебинед, бисёре аз шумо, ки даъват шудаед, соҳибқудрат, бузургзода ё дар назари одамон бохирад нестед.+ 27 Вале Худо касонеро интихоб кард, ки ба назари ин ҷаҳон беақл метобанд, то бохирадонро шармсор кунад. Ӯ касонеро интихоб кард, ки дар назари ин ҷаҳон нотавонанд, то тавоноёнро шарманда кунад.+ 28 Худо он чиро, ки ҷаҳон назарногиру паст меҳисобад, яъне чизҳоеро, ки дар назари одамон ҳеҷанд, интихоб кард, то чизҳоеро, ки дар назари мардум пурқадр аст, беқадр созад+ 29 ва ҳеҷ кас дар пеши Худо фахр накунад. 30 Вале аз баракати Худо шумо бо Исои Масеҳ ягонагӣ доред. Ба воситаи ӯ хиради Худо ба мо аён гашт, ҳамчунин мо дар назари Худо росткор шудем,+ поку муқаддас гаштем+ ва бо баҳои товон* озод шудем.+ 31 Бинобар ин, чуноне ки навишта шудааст, «касе, ки фахр мекунад, бигзор бо Яҳува фахр кунад».+