Айюб
27 Айюб суханонашро* давом дода гуфт:
2 «Қасам ба номи Парвардигоре, ки бо ман аз рӯйи адлу инсоф амал накардааст,+
Ба номи Худои Тавоное*, ки ҷонамро талх кардааст,+
3 То даме ки ҷон дар тан дорам
Ва дами Худо дар биниам аст,+
4 Лабонам суханони ноҳақ намегӯянд
Ва забонам дурӯғ намебофад!
5 Ҳаргиз шуморо росткор наменомам!
То дами марг аз беайбиям даст намекашам*!+
6 Росткориямро нигоҳ медорам ва ҳеҷ гоҳ онро сар намедиҳам.+
То даме ки зиндаам*, дилам маро айбдор намекунад.
7 Бигзор душманам мисли бадкор ҷазо ёбад
Ва касоне, ки ба ман ҳамла меоранд, чун ноинсофон.
8 Худобехабар чӣ умеде дорад, вақте ӯро нобуд месозанд+
Ва, вақте Худо ҷонашро мегирад?
9 Вақте ба сараш балое меояд,
Магар Худо фарёди ӯро мешунавад?+
10 Магар ӯ дар Худои Тавоно хурсандӣ меёбад
Ва оё доимо Худоро мехонад?
11 Аз қудрати Худо ба шумо ҳикоя мекунам*,
Ҳеҷ чизро дар бораи Худои Тавоно пинҳон намесозам.
12 Агар ҳамаи шумо рӯъё дида бошед,
Пас, чаро суханонатон хушку холиянд?
13 Ин аст насибаи бадкор аз ҷониби Худо+
Ва мероси золимон аз Худои Тавоно.
14 Агар писаронаш сершумор гарданд, аз дами шамшер нобуд мешаванд+
Ва наслаш аз нон сер намешавад.
15 Касоне, ки аз хонадони ӯ зинда монанд, гирифтори балое шуда зери хок мешаванд.
Занонашон бева монда барои онҳо мотам намегиранд.
16 Ҳатто агар нуқраро мисли хок бебаркаш захира кунад
Ва либосҳои қиматбаҳоро мисли гил беҳисоб ҷамъ орад,
17 Либосеро, ки ӯ ҷамъ кардааст, росткор мепӯшад+
Ва нуқраеро, ки захира намудааст, беайбон байни ҳам тақсим мекунанд.
18 Хонае, ки ӯ месозад, мисли пиллаи куя ноустувор аст,
Мисли хаскаппае,+ ки нигаҳбон барои худ сохтааст.
19 Вай сарватманд хоб меравад, вале чизеро ҷамъ намеорад.
Вақте аз хоб мехезад, инак, ҳеҷ чиз надорад.
20 Тарсу ҳарос чун селоб ӯро фаро мегирад
Ва тӯфон шабона ӯро шуста мебарад.+
21 Боди шарқӣ ӯро мебарад ва ӯ нобуд мешавад.
Ӯро аз маконаш рӯфта мебарад.+