Наҳемё
7 Вақте девор бино ёфт,+ ман дарҳои онро шинондам.+ Сипас дарбонон,+ сарояндагон+ ва левизодагон+ таъйин карда шуданд. 2 Пас аз ин ман бародарам Ҳанонӣ+ ва ҳамчунин Ҳананёи сарвари Қалъаро,+ ки шахси хеле боваринок ва аз бисёриҳо бештар худотарс буд,+ бар Ерусалим таъйин намудам 3 ва ба онҳо гуфтам: «Бигзор дарвозаҳои Ерусалимро то вақти гармии рӯз накушоянд ва дарбонон, ҳанӯз ки дар посгоҳи худ мебошанд, дарҳоро пӯшида, қулф зананд. Ҳамчунин сокинони Ерусалимро, ҳар якеро, дар ҷое ки ба вай таъйин шудааст, ва дар рӯ ба рӯйи хонааш, дидбон таъйин кунед». 4 Шаҳр бузургу паҳновар буд, аммо сокинонаш+ кам ва хонаҳояш бино нашуда буданд.
5 Худои ман дар дилам андохт, ки калоншавандагон, сардорон ва халқро ҷамъ оварда, рӯйхати оилаҳои онҳоро тартиб диҳам.+ Он вақт ман рӯйхати касонеро, ки дар аввал ин ҷо омада буданд, ёфтам ва дар он чунин навишта шуда буд:
6 Инҳоянд сокинони вилоят, ки аз Бобил ба Ерусалим ва Яҳудо, ҳар яке ба шаҳри худ, баргаштанд.+ Онҳо аз асироне буданд, ки шоҳ Набукаднесар+ ба Бобил бурда буд.+ 7 Ин одамон ҳамроҳи Зарубобил,+ Ешуа,+ Наҳемё, Азарё, Раамё, Наҳамонӣ, Мордахай, Билшон, Мисперет, Биҷвай, Наҳум ва Баано омаданд.
Шумораи мардони исроилӣ чунин буд:+ 8 писарони Фаръуш — 2172, 9 писарони Шафатёҳу — 372, 10 писарони Ораҳ+ — 652, 11 писарони Поҳатмӯоб,+ аз хонадони Ешуа ва Юоб+ — 2818, 12 писарони Элом+ — 1254, 13 писарони Затту — 845, 14 писарони Заккой — 760, 15 писарони Биннуй — 648, 16 писарони Бебой — 628, 17 писарони Азҷод — 2322, 18 писарони Адуниқом — 667, 19 писарони Биҷвай — 2067, 20 писарони Один — 655, 21 писарони Отир, аз хонадони Ҳизқиё,— 98, 22 писарони Ҳошум — 328, 23 писарони Бесой — 324, 24 писарони Ҳориф — 112, 25 писарони Ҷибъӯн+ — 95, 26 мардони Байт-Лаҳм ва Натуфо — 188, 27 мардони Анотӯт+ — 128, 28 мардони Байт-Азмавт — 42, 29 мардони Қирят-Яърим,+ Кефиро ва Баирӯт+ — 743, 30 мардони Ромо ва Ҷабъа+ — 621, 31 мардони Михмос+ — 122, 32 мардони Байт-Ил+ ва Ой+ — 123, 33 мардони Набӯи дигар — 52, 34 писарони Эломи дигар — 1254, 35 писарони Ҳорим — 320, 36 писарони Ериҳӯ — 345, 37 писарони Лӯд, Ҳодид ва Уну+ — 721 ва 38 писарони Саноо — 3930 нафар.
39 Коҳинон:+ писарони Ядоё, аз хонадони Ешуа — 973, 40 писарони Иммир — 1052, 41 писарони Фашҳур+ — 1247 ва 42 писарони Ҳорим+ — 1017 нафар.
43 Левизодагон:+ писарони Ешуа, аз хонадони Қадмиил,+ аз писарони Ҳудво — 74 нафар. 44 Сарояндагон:+ писарони Осаф+ — 148 нафар. 45 Дарбонон:+ писарони Шаллум, писарони Отир, писарони Талмӯн, писарони Аққуб,+ писарони Ҳатито ва писарони Шубой — 138 нафар.
46 Хизматгузорони ибодатгоҳ*+ инҳо буданд: писарони Сиҳо, писарони Ҳасуфо, писарони Таббоут, 47 писарони Қерус, писарони Сио, писарони Фодун, 48 писарони Лабоно, писарони Ҳаҷобо, писарони Салмой, 49 писарони Ҳонон, писарони Ҷиддил, писарони Ҷаҳар, 50 писарони Раоё, писарони Расин, писарони Нақудо, 51 писарони Ҷаззом, писарони Уззо, писарони Фосеҳо, 52 писарони Бесой, писарони Мауним, писарони Нафишсим, 53 писарони Бақбуқ, писарони Ҳақуфо, писарони Ҳарҳур, 54 писарони Баслит, писарони Маҳидо, писарони Ҳаршо, 55 писарони Барқӯс, писарони Сисро, писарони Томаҳ, 56 писарони Насиҳо ва писарони Ҳатифо.
57 Писарони хизматгорони Сулаймон инҳо буданд:+ писарони Сутай, писарони Сӯферет, писарони Фаридо, 58 писарони Яъло, писарони Дарқун, писарони Ҷиддил, 59 писарони Шафатёҳу, писарони Ҳаттил, писарони Фухерет-Ҳасбоим ва писарони Омӯн. 60 Хизматгузорони ибодатгоҳ*+ ва писарони хизматгорони Сулаймон ҳамагӣ 392 нафар буданд.
61 Инҳоянд касоне, ки аз Тал-Милҳ, Тал-Ҳаршо, Каруб, Аддон ва Иммир баромаданд, вале натавонистанд бигӯянд, ки аз кадом хонадонанд ва исбот кунанд, ки аслу насабашон аз Исроил аст:+ 62 писарони Далоё, писарони Тубиё ва писарони Нақудо — ҳамагӣ 642 нафар. 63 Коҳинон: писарони Ҳобайё, писарони Ҳаққӯс,+ писарони Барзилой (ин Барзилой яке аз духтарони Барзилойи+ ҷилъодиро ба занӣ гирифта, бо номи хусураш* хонда мешуд). 64 Онҳо насабномаи худро ҷустуҷӯ карданд ва наёфтанд, барои ҳамин аз коҳинӣ гирифта шуданд*.+ 65 Аз ин рӯ волӣ*+ ба онҳо гуфт, ки, то он вақте ки коҳине бо урим ва туммим*+ пайдо нашавад, аз чизҳои хеле муқаддас+ нахӯранд.
66 Тамоми ин ҷамоат дар якҷоягӣ 42 360 нафар буд.+ 67 Бо онҳо ҳамчунин ғуломону канизон+ буданд, ки шумораашон 7337 нафар буд; ҳамроҳашон боз 245 марду зани сароянда+ буд. 68 Онҳо 736 асп, 245 хачир, 69 435 шутур ва 6720 хар доштанд.
70 Баъзе аз сарварони хонаводаҳо барои кор хайрия карданд.+ Волӣ* ба хазина 1000 дирҳами* тилло, 50 коса ва 530 курта барои коҳинон дод.+ 71 Баъзе аз сарварони хонаводаҳо барои ин кор ба хазина 20 000 дирҳами тилло ва 2200 минои* нуқра хайрия карданд. 72 Боқимондаи мардум 20 000 дирҳами тилло, 2000 минои нуқра ва 67 курта барои коҳинон хайрия карданд.
73 Коҳинон, левизодагон, дарбонон, сарояндагон,+ баъзе аз мардум, хизматгузорони ибодатгоҳ* ва боқимондаи мардуми Исроил дар шаҳрҳои худ ҷой гирифтанд.+ Вақте моҳи ҳафтум фаро расид,+ исроилиён дар шаҳрҳои худ ҷойгир буданд.+