Дониёл
6 Подшоҳ Дориюш дуруст шуморид, ки бар тамоми мамлакат 120 шаҳрбонро* таъйин кунад.+ 2 Ӯ бар онҳо се вазирро таъйин кард, ки яке аз онҳо Дониёл буд.+ Шаҳрбонон+ ба онҳо ҳисобот медоданд, то подшоҳ зараре набинад. 3 Дониёл аз дигар вазирон ва шаҳрбонон фарқ карда меистод, зеро ӯ соҳиби ақлу заковати олидараҷа* буд,+ ва подшоҳ ният дошт, ки ӯро сарбаланд гардонда бар тамоми мамлакат таъйин намояд.
4 Он вақт вазирон ва шаҳрбонон баҳона меҷустанд, ки Дониёлро дар кори давлатдорӣ айбдор кунанд, аммо барои ин сабаб намеёфтанд ва дар кораш ягон беинсофие намедиданд, зеро ӯ шахси боваринок буд ва дар кори худ ягон зарра бепарвоӣ намекард ва ба ҳеҷ гуна беинсофӣ даст намезад. 5 Онҳо мегуфтанд: «Дар ин Дониёл ягон айбе ёфта наметавонем, магар ин ки аз сабаби риояи қонуни Худояш дар ӯ айбе ёбем».+
6 Пас, он вазирон ва шаҳрбонон ҳамакаса назди подшоҳ даромаданду гуфтанд: «Эй подшоҳ Дориюш, то абад зинда бош! 7 Ҳамаи вазирони мамлакат, нозирон, шаҳрбонон, маслиҳатгарони подшоҳ ва ҳокимон маслиҳатро ба як ҷо монданд, ки аз номи подшоҳ ҳукм ва фармони манъ бароранд, то ҳар кӣ дар давоми 30 рӯз ғайр аз ту, эй подшоҳ, аз худо ё одаме дуову илтиҷо кунад, ба чоҳи шерон партофта шавад.+ 8 Пас, бигзор подшоҳ ин фармонро тасдиқ намояд ва ба он имзо гузорад,+ то ба он, мувофиқи қонуни Модаю Форс, ки бекор карда намешавад, ягон тағйироте дароварда нашавад».+
9 Подшоҳ Дориюш ин ҳукм ва фармони манъро имзо кард.
10 Вақте Дониёл фаҳмид, ки ин фармонро имзо кардаанд, зуд ба хонаи худ рафт. Тирезаҳои болохонаи ӯ сӯйи Ерусалим кушода мешуданд+ ва ӯ рӯзе се маротиба сари зону нишаста, ба Худо дуо мегуфт ва ӯро васфу ситоиш мекард, ҳамон тавре ки пеш аз ин ҳам доимо мекард. 11 Он вақт он мардон ба хонаи Дониёл зада даромаданд ва диданд, ки ӯ аз Худои худ зориву илтиҷо мекунад, ки лутфу марҳамат намояд.
12 Онҳо назди подшоҳ омада, ба ӯ фармони манъро хотиррасон карданд: «Магар ту, эй подшоҳ, фармони манъро имзо накардаӣ, ки ҳар касе, ки дар давоми 30 рӯз ғайр аз ту аз ягон худо ё одаме дуову илтиҷо кунад, бояд ба чоҳи шерон партофта шавад?» Подшоҳ ҷавоб дод: «Бале, он ҳукм мувофиқи қонуни Модаю Форс, ки бекор карда намешавад, тасдиқ шудааст».+ 13 Онҳо дарҳол ба подшоҳ ҷавоб гардонда гуфтанд: «Эй подшоҳ, Дониёл, ки аз асирони яҳудист,+ на туро писанд мекунад, на фармони манъеро, ки ту имзо кардаӣ, балки рӯзе се маротиба дуо мегӯяд».+ 14 Вақте подшоҳ инро шунид, хеле ғамгин гашт ва дар фикри халос кардани Дониёл шуд. Ӯ то нишастани офтоб барои халос кардани Дониёл ҳама кӯшишро ба харҷ дод. 15 Оқибат он мардон ҳамакаса назди подшоҳ даромада, гуфтанд: «Бидон, эй подшоҳ, ки мувофиқи қонуни Модаю Форс ягон фармони манъ ё ҳукме, ки подшоҳ баровардааст, дигар карда намешавад».+
16 Пас подшоҳ фармон дод, ки Дониёлро оварда, ба чоҳи шерон партоянд.+ Подшоҳ ба Дониёл гуфт: «Худои ту, ки ӯро пайваста парастиш мекунӣ, туро наҷот медиҳад». 17 Сипас сангеро оварда, ба даҳани чоҳ гузоштанд ва подшоҳ бо ангуштарини худ ва ангуштарини калоншавандагонаш он сангро муҳр зад, то дар масъалаи Дониёл чизе дигар карда нашавад.
18 Подшоҳ ба қасри худ рафта, тамоми шаб рӯза дошт ва аз ҳар гуна дилхушӣ даст кашид* ва хоб аз чашмонаш гурехт. 19 Баробари дамидани субҳ подшоҳ бархост ва шитобон сӯйи чоҳи шерон равона шуд. 20 Вақте назди чоҳ расид, бо овози ғамгин Дониёлро фарёд карда гуфт: «Эй Дониёл, бандаи Худои зинда! Оё Худоят, ки пайваста ӯро парастиш мекунӣ, туро аз шерон наҷот дода тавонист?» 21 Дониёл дарҳол ба подшоҳ ҷавоб дод: «Эй подшоҳ, то абад зинда бош! 22 Худои ман фариштаашро фиристод ва даҳони шеронро баст+ ва онҳо ба ман зараре нарасонданд,+ зеро дар назари ӯ айбе дар ман ёфт нашуд. Дар ҳаққи ту низ, эй подшоҳ, бадие накардаам».
23 Подшоҳ аз ин хеле шод гашт ва фармуд, ки Дониёлро аз чоҳи шерон бароранд. Вақте Дониёлро аз чоҳ бароварданд, диданд, ки ба ӯ ҳеҷ зараре нарасидааст, зеро ӯ ба Худои худ таваккал мекард.+
24 Подшоҳ фармуд, то он мардонеро, ки Дониёлро айбдор намуда буданд, биёранд ва ҳамроҳи писарону занонашон ба чоҳи шерон партоянд. Ҳанӯз онҳо ба таги чоҳ нарасида, шерон ба онҳо дарафтоданд ва устухонҳояшонро тиккаю пора карданд.+
25 Сипас подшоҳ Дориюш ба ҳамаи одамони рӯйи замин, ба тамоми халқҳо, миллатҳо ва забонҳо навишт:+ «Сулҳу осоиштагии шумо афзун бод! 26 Ман амр мефармоям, ки ҳамаи онҳое, ки дар саросари қаламрави ман зиндагӣ мекунанд, аз Худои Дониёл тарсону ларзон бошанд,+ зеро ӯ Худои зинда ва ҷовидонист. Подшоҳии ӯ ҳаргиз барҳам намехӯрад ва ҳукмрониаш абадист.+ 27 Ӯ халос мекунад,+ наҷот медиҳад ва дар осмону замин аломатҳову муъҷизаҳо ба амал меорад.+ Ӯ Дониёлро аз чанголи шерон халос кард».
28 Ин Дониёл дар подшоҳии Дориюш+ ва подшоҳии Куруши форс+ комёб мегардид.