Ошкорсозӣ
16 Пас аз ин ман шунидам, ки овози баланде аз муқаддасгоҳ+ ба ҳафт фаришта чунин гуфт: «Биравед ва ҳафт косаи ғазаби Худоро бар замин фурӯ резед».+
2 Фариштаи якум рафта, косаи худро бар замин холӣ кард.+ Он гоҳ бар одамоне, ки аломати ҳайвони ваҳширо доштанд,+ ва бар касоне, ки ҳайкали онро мепарастиданд,+ захмҳои дардноку фасоднок пайдо шуданд.+
3 Фариштаи дуюм косаи худро ба баҳр холӣ кард+ ва он ба хуне, ки мисли хуни инсони мурда буд, табдил ёфт+ ва тамоми ҷонварони баҳр мурданд.+
4 Фариштаи сеюм косаи худро ба дарёҳо ва чашмаҳои об холӣ кард+ ва онҳо низ хун гаштанд.+ 5 Ман шунидам, ки фариштае, ки бар обҳо қудрат дорад, чунин гуфт: «Эй Худое, ки ҳастӣ ва будӣ,+ эй Худои бовафо,+ ту росткорӣ, зеро ҳукм баровардаӣ, ки ин чизҳо рӯй диҳанд.+ 6 Онҳо хуни покон ва пайғамбаронро рехтаанд,+ бинобар ин ту ба онҳо хун додӣ, ки бинӯшанд;+ сазои онҳо ҳамин аст».+ 7 Сипас ман шунидам, ки қурбонгоҳ гуфт: «Бале, эй Яҳува, Худои Тавоно*,+ ҳукмҳои ту ҳақ ва одилонаанд».+
8 Фариштаи чорум косаи худро бар офтоб+ холӣ кард ва ба он иҷозат дода шуд, ки одамонро сӯзонад. 9 Одамонро гармии сахт месӯзонд, вале онҳо дар ҳаққи номи Худо, ки бар ин балоҳо қудрат дорад, куфр гуфтанд. Онҳо тавба накарданд ва Худоро ҷалол надоданд.
10 Фариштаи панҷум косаи худро бар тахти ҳайвони ваҳшӣ холӣ кард ва подшоҳии вай торик гашт.+ Одамон аз дард забон мехоиданд, 11 вале аз барои азобу захмҳои худ дар ҳаққи Худои осмон куфр гуфтанд ва аз корҳои худ тавба накарданд.
12 Фариштаи шашум косаи худро ба дарёи бузурги Фурот+ холӣ кард ва оби он хушк шуд,+ то барои подшоҳони+ шарқ роҳ тайёр шавад.
13 Сипас ман дидам, ки се сухани илҳомёфтаи* нопоке, ки мисли қурбоққа буданд, аз даҳони аждаҳо,+ ҳайвони ваҳшӣ ва пайғамбари бардурӯғ берун меоянд. 14 Ин суханон аз девҳо илҳом ёфта, аломатҳо ба амал меоранд.+ Онҳо ба назди подшоҳони тамоми замин мебароянд, то онҳоро ба ҷанге, ки дар рӯзи бузурги Худои Тавоно*+ сар мезанад, ҷамъ оранд.+
15 «Инак, чун дузд меоям.+ Хушбахт аст касе, ки бедор мемонад+ ва либосҳояшро нигоҳ медорад, то луч роҳ наравад ва одамон шармандагияшро набинанд».+
16 Онҳо подшоҳонро, ба ҷое ки ба забони ибронӣ Ҳармаҷиддӯн*+ ном дорад, ҷамъ оварданд.
17 Фариштаи ҳафтум косаи худро ба ҳаво холӣ кард ва аз муқаддасгоҳ,+ аз тарафи тахт, овози баланде баромад, ки мегуфт: «Ба амал омад!» 18 Он гоҳ овозҳо шунида шуданд, раъду барқ ва заминҷунбии сахте шуд. Ин заминҷунбӣ чунон сахт ва пурзӯр буд, ки монанди он аз замони офариниши одамон рӯй надодааст.+ 19 Шаҳри бузург+ се тақсим шуду шаҳрҳои халқҳо нобуд гаштанд ва Худо Бобили бузургро+ ба ёд овард, то косаи шароби хашму ғазаби худро ба вай диҳад.+ 20 Ҳар ҷазира гурехт ва кӯҳҳо аз чашм пинҳон гаштанд.+ 21 Аз осмон жолаи бузурге, ки вазни ҳар якеаш як талант* буд, бар одамон борид+ ва онҳо Худоро аз барои ин бало, яъне жола,+ куфр гуфтанд, чунки ин бало бениҳоят сахт буд.