1 Петрус
5 Бинобар ин ман чун пир, чун шоҳиди азобҳои Масеҳ ва шарики ҷалоле, ки бояд ошкор шавад,+ аз пироне, ки дар миёни шумоянд, чунин хоҳиш дорам*: 2 рамаи Худоро, ки ба уҳдаи шумо гузошта шудааст, чӯпонӣ намоед+ ва ба он назорат кунед. Инро на маҷбурӣ, балки чун бандагони Худо бо ихтиёри худ ба ҷо оред,+ ва на аз меҳр ба моли ҳаром,+ балки аз сидқи дил. 3 Бар касоне, ки ба шумо супурда шудаанд*, ҳукмфармоӣ накунед,+ балки барои рама ибрат гузоред.+ 4 Он гоҳ, вақте чӯпони бузург+ ошкор мегардад, шумо тоҷи ҷалолеро, ки пажмурда намешавад, соҳиб мешавед.+
5 Ба ин монанд, шумо, эй ҷавонон, ба калонсолон* фармонбардор бошед.+ Ҳамаатон дар муомила бо якдигар хоксориро бар тан кунед, зеро Худо зидди ҳавобаландон аст, вале ба хоксорон лутфу марҳамат мекунад.+
6 Бинобар ин зери дасти пурзӯри Худо сар хам кунед, то ӯ шуморо дар вақти муносиб сарбаланд гардонад,+ 7 ва ҳамаи ғамҳои* худро ба Худо партоед,+ зеро ӯ ба шумо ғамхорӣ мекунад.+ 8 Ҳушёру бедор бошед!+ Душмани шумо Иблис мисли шери ғуррон гаштугузор карда, дар пайи он аст, ки касеро фурӯ барад.+ 9 Лекин шумо бо имони қавӣ ба вай муқобилат кунед,+ чун медонед, ки ҳамаи бародарони шумо дар сар то сари дунё бо чунин азобу уқубатҳо рӯ ба рӯ мешаванд.+ 10 Вале, пас аз он ки ба муддати кӯтоҳе азоб кашед, худи Худо, ки бо роҳҳои гуногун лутфу марҳамат мекунад ва ба воситаи Масеҳ шуморо ба ҷалоли ҷовидонии худ даъват кардааст,+ таълиматонро ба охир мерасонад. Ӯ шуморо устувору қавӣ мегардонад+ ва побарҷо мегузорад. 11 Қудрату тавоноӣ то абад аз они ӯ бод! Омин.
12 Ин номаро бо дасти Силвонус*,+ ки ӯро бародари вафодор меҳисобам, мухтасар навиштам, то шуморо рӯҳбаланд кунам ва бовар бахшам, ки ҳамин аст лутфу марҳамати ҳақиқии Худо, ва шумо дар он устувор бимонед. 13 Писарам Марқус+ ва хонуме*, ки дар Бобил асту мисли шумо интихобшуда мебошад, ба шумо салом мерасонанд. 14 Якдигарро бо бӯсаи дӯстона пешвоз гиред.
Бар ҳамаи шумо, ки бо Масеҳ дар ягонагӣ ҳастед, осоиштагӣ бод!