20 Аз шароб кас хандахариши мардум мешавад+ ва май одамро худсар месозад,+
Ҳар кӣ саргарми онҳо шавад, хирадманд нест.+
2 Ҳайбати шоҳ мисли ғурриши шер аст,+
Ҳар кӣ ғазаби ӯро биёрад, бо ҷони худ бозӣ мекунад.+
3 Аз ҷанҷол дур шудан барои инсон шараф аст,+
Вале аҳмақон ба он ҳамроҳ мешаванд.+
4 Танбал зимистон шудгор намекунад,
Аз ин рӯ дар мавсими дарав, вақти нодорӣ, аз дигарон металбад.+
5 Андешаҳои дили одам оби даруни чоҳ аст,
Инсони рамузфаҳм онҳоро кашида мебарорад.
6 Бисёриҳо лофи меҳру вафо мезананд,
Вале кист, ки шахси бовафоро биёбад?
7 Росткор дар беайбӣ роҳ меравад,+
Хушбахтанд фарзандонаш, ки баъд аз ӯ меоянд.+
8 Вақте подшоҳ бар курсии доварӣ мешинад,+
Ӯ ҳар бадиро бо нигоҳи чашмонаш пароканда месозад.+
9 Магар касе гуфта метавонад:
«Ман дили худро пок кардаам,+
Аз гуноҳам тоза шудаам»?+
10 Сангҳои тарозу, ки вазнашон нодуруст бошад, ва андозаҳои дурӯғин —
Ҳар ду дар назари Яҳува нафратовар аст.+
11 Ҳатто кӯдакро аз корҳояш шинохтан мумкин аст,
Ки рафтораш поку дуруст аст ё не.+
12 Гӯши шунаво ва чашми бино —
Ҳар ду офаридаи Яҳува аст.+
13 Ба хоб дил набанд, вагарна қашшоқ мешавӣ,+
Чашмонатро кушо ва аз нон сер мешавӣ.+
14 Харидор мегӯяд: «Нағз нест, нағз нест!»
Вале баъд рафта, аз харидаш лоф мезанад.+
15 Тилло ва марҷони бисёре ҳаст,
Аммо лабҳои доно аз онҳо қиматтар аст.+
16 Агар шахс кафили ғарибе шавад,+ либоси ӯро бигир,
Агар зомини зани бегона шавад, гаравашро бигир.+
17 Нони ҳаром ширин аст,
Вале ҳар кӣ онро бихӯрад, даҳонаш аз сангреза пур мешавад.+
18 Нақшаҳо бо маслиҳат амалӣ мешаванд+
Ва ҳангоми ҷанг роҳбарии коршиносонро бояд ҷуст.+
19 Туҳматгар сирро фош мекунад,+
Пас, бо ғайбатдӯст ҳамнишин нашав.
20 Ҳар кӣ падару модарашро дашном диҳад,
Вақти торикӣ чароғаш хомӯш мешавад.+
21 Меросе, ки дар аввал бо чашмгуруснагӣ ба даст омадааст,
Оқибаташ бобарака нест.+
22 Нагӯ: «Барои бадӣ қасос мегирам!»+
Ба Яҳува таваккал кун+ ва ӯ туро наҷот медиҳад.+
23 Сангҳои нодурусти тарозу дар назари Яҳува шуманд
Ва тарозуи дурӯғин хуб нест.
24 Қадамҳои инсонро Яҳува роҳбарӣ мекунад.+
Магар инсон метавонад ба роҳи худ сарфаҳм равад?
25 Сабукфикрона муқаддас хондани чизе+
Ва баъди назр кардан андеша намудан дом аст барои инсон.+
26 Подшоҳи хирадманд бадкоронро бод карда, ҷудо мекунад+
Ва чархи хирманкӯбиро аз болояшон мегузаронад.+
27 Нафаси инсон чароғи Яҳува аст,
Ки ба дилу даруни кас равшанӣ меандозад.
28 Меҳру вафову ростӣ подшоҳро нигаҳбонӣ мекунад,+
Меҳру вафо тахти ӯро устувор медорад.+
29 Зебу зинати ҷавонон қуввати онҳост,+
Шукӯҳи пирон мӯйи сафедашон.+
30 Захми шаллоқ бадиро меронад+
Ва латукӯб дилу дарунро тоза мекунад.