1 Подшоҳон
20 Баъд аз ин Довуд аз Ноюти Ромо гурехт. Ӯ ба назди Юнотон омада, гуфт: «Ман чӣ кардаам?+ Айби ман чист ва ман бар зидди падарат чӣ гуноҳе кардаам ки, ӯ қасди ҷони маро дорад?» 2 Юнотон ба ӯ гуфт: «Падарам ҳаргиз туро нахоҳад кушт!+ Ӯ ягон кореро, хоҳ хурд бошаду хоҳ калон, ба ман нагуфта намекунад. Чаро ки падарам ин корро аз ман пинҳон дорад? Ин тавр нахоҳад шуд». 3 Аммо Довуд қасам хӯрда гапашро давом дод: «Падарат нағз медонад, ки ман дар назари ту писанд афтодаам,+ ва мегӯяд: “Юнотон дар ин бора нафаҳмад ки, зиқ мешавад”. Вале қасам ба номи Яҳува, Худои зинда, ва ба ҳаёти ту ки, байни ману марг як қадам мондааст!»+
4 Сипас Юнотон ба Довуд гуфт: «Ҳар чизе гӯӣ, ман бароят мекунам». 5 Довуд ба Юнотон гуфт: «Пагоҳ навмоҳ+ аст ва ман бояд бо подшоҳ дар сари дастархон шинам, вале ту маро ҷавоб деҳ, ки то бегоҳи паспагоҳ дар саҳро пинҳон шавам. 6 Агар падарат маро суроғ кунад, чунин бигӯ: “Довуд илтиҷо карда аз ман ҷавоб гирифт, ки зудтар ба шаҳраш Байт-Лаҳм равад,+ чунки дар он ҷо барои тамоми хонадонаш қурбонии солона пешкаш карда мешавад”.+ 7 Агар ӯ “хуб” гӯяд, бандаат хотирҷамъ хоҳад шуд, вале, агар ба хашм ояд, бидон, ки ӯ қасди баде дорад. 8 Ба бандаат меҳру вафо бикун,+ зеро ту хостӣ, ки бандаат бо ту дар пеши Яҳува аҳд бандад.+ Лекин, агар гунаҳкор бошам,+ маро худат бикуш: барои чӣ маро ба дасти падарат супорӣ?»
9 Он гоҳ Юнотон гуфт: «Не, асло чунин гумон накун! Агар ман фаҳмам, ки падарам ба ту бадие карданӣ аст, ҳатман туро хабардор мекунам».+ 10 Довуд ба Юнотон гуфт: «Кӣ ба ман хабар медиҳад, ки падарат ба ту дағалона ҷавоб дод?» 11 Юнотон ҷавоб дод: «Биё ба саҳро бароем». Ҳар дуяшон ба саҳро баромаданд 12 ва Юнотон ба Довуд гуфт: «Яҳува, Худои Исроил, шоҳид аст, ки пагоҳ ё пагоҳи дигар ман аз падарам дар бораи ту мепурсам. Агар вай ба ту нағз муносибат кунад, ман албатта ба ту паём фиристода инро ошкор мекунам. 13 Аммо бигзор Яҳува маро ба балоҳо гирифтор кунад, агар падарам ба ту қасди бад дошта бошаду ман инро ба гӯши ту нарасонам, то ту сиҳату саломат рафта тавонӣ. Бигзор Яҳува бо ту бошад,+ чуноне ки бо падарам буд.+ 14 Ту бошӣ, ба ман, хоҳ зинда бошаму хоҳ мурда, мисли Яҳува меҳру вафо кун.+ 15 Ҳеҷ гоҳ, ҳатто вақте ки Яҳува тамоми душманонатро аз рӯйи замин пок созад, меҳру вафоятро аз хонадони ман бознадор».+ 16 Юнотон бо хонадони Довуд аҳд баста, гуфт: «Яҳува бозхост мекунад ва душманони Довудро ба ҷавобгарӣ мекашад». 17 Юнотон бори дигар аз Довуд хоҳиш кард, ки ба муҳаббате, ки ба ӯ дорад, қасам хӯрад, чунки ӯро мисли ҷони худ дӯст медошт.+
18 Баъд Юнотон ба ӯ гуфт: «Пагоҳ навмоҳ+ мешавад ва туро суроғ мекунанд, чунки ҷойи ту холӣ хоҳад буд. 19 Пагоҳи дигар туро боз бештар суроғ мекунанд, вале ту, ба ҷое ки он рӯз* пинҳон шуда будӣ, бирав ва дар ин ҷо, дар назди ин санг, бимон. 20 Ман ба як тарафи он се тир меандозам, гӯё ба нишоне тир зада истодаам. 21 Баъд хизматгорамро фиристода, мегӯям: “Рафта, тирҳоро биёб”. Агар ба ӯ гӯям: “Тирҳо дар ин паҳлуи туст, онҳоро бигир”, ту метавонӣ баргардӣ, зеро ба номи Яҳува, Худои зинда, қасам ки, ин барои ту маънои осоиштагиро хоҳад дошт ва хатаре ба сари ту намеояд. 22 Лекин, агар ман ба он бача гӯям: “Тирҳо аз ту дуртаранд”, бирав, чунки хости Яҳува чунин аст. 23 Бигзор Яҳува то абад байни ману ту шоҳид бошад,+ ки мо ба якдигар ваъда додаем».+
24 Довуд рафта, дар саҳро пинҳон шуд. Вақте ки навмоҳ фаро расид, подшоҳ дар ҷойи худ ба сари дастархон нишаст.+ 25 Подшоҳ чун ҳарвақта дар назди девор менишаст. Юнотон дар рӯ ба рӯ ва Абнир+ дар паҳлуи Шоул нишаста буд, ҷойи Довуд бошад, холӣ буд. 26 Шоул дар он рӯз чизе нагуфт, чунки фикр кард: «Ӯ бо ягон сабабе нопок гаштааст,+ бале, ӯ нопок аст». 27 Фардои рӯзи навмоҳ, дар рӯзи дуюм, низ ҷойи Довуд холӣ буд ва Шоул ба писараш Юнотон гуфт: «Чаро писари Исой+ ҳам дина ва ҳам имрӯз ба сари дастархон наомад?» 28 Юнотон ба Шоул ҷавоб дод: «Довуд илтиҷо карда аз ман ҷавоб гирифт, ки ба Байт-Лаҳм равад.+ 29 Ӯ гуфт: “Илтимос, иҷозат деҳ, ки равам, чунки хонадони мо дар шаҳр қурбонӣ меорад ва акаам фармуд, ки ба он ҷо биёям. Агар ман дар назарат писанд афтода бошам, гузор, ки ба ҳама маълум накарда ба дидорбинии бародаронам равам”. Барои ҳамин вай ба сари дастархони шоҳ наомад». 30 Он гоҳ Шоул аз Юнотон ба ғазаб омада гуфт: «Эй писари зани якрав, наход ман надонам, ки ту худат ва модаратро* шарманда карда тарафи писари Исойро гирифта истодаӣ? 31 То даме ки писари Исой дар рӯйи замин зинда аст, ту ва подшоҳиат устувор намемонед.+ Даррав кас фиристода, ӯро наздам биёр, зеро ӯ бояд бимирад».+
32 Аммо Юнотон ба падараш Шоул гуфт: «Чаро ӯ бояд кушта шавад?+ Ӯ чӣ кор кардааст?» 33 Он гоҳ Шоул сӯйи Юнотон найза андохт, то ӯро зарба занад.+ Юнотон фаҳмид, ки падараш қасди куштани Довудро дорад.+ 34 Ӯ ба ғазаб омада даррав аз сари дастархон бархост ва дар он рӯз, дар рӯзи пас аз навмоҳ, хӯроке нахӯрд, зеро барои Довуд ва, барои он ки падараш ӯро паст зад, ғамгин шуд.+
35 Саҳарӣ Юнотон ба саҳро баромад, то бо Довуд вохӯрад, ва хизматгори ҷавон ҳамроҳаш буд.+ 36 Юнотон ба хизматгораш гуфт: «Илтимос, давида, тирҳоеро, ки ман меандозам, биёб». Хизматгор давид ва Юнотон аз вай дуртар тир андохт. 37 Вақте ки хизматгор, ба ҷое ки Юнотон тир зада буд, расид, Юнотон ба ӯ фарёд зада гуфт: «Магар тир аз ту дуртар нест?» 38 Юнотон боз фарёд зад: «Тезтар бидав! Наист!» Хизматгори Юнотон тирҳоро ҷамъ карда, ба назди хӯҷаинаш баргашт. 39 Хизматгор аз чизе хабар наёфт, фақат Юнотону Довуд таги гапро медонистанд. 40 Пас аз он Юнотон аслиҳаашро ба хизматгораш дода, гуфт: «Рафта, инҳоро ба шаҳр бибар».
41 Вақте хизматгор рафт, Довуд аз ҷойи на он қадар дуре, ки ҷанубтар буд, берун омад ва рӯ ба замин афтода се бор таъзим кард. Довуду Юнотон якдигарро бӯсиданд ва барои якдигар гиря карданд, вале Довуд бештар гиря кард. 42 Юнотон ба Довуд гуфт: «Бо хотири ҷамъ бирав, чунки ҳар дуи мо ба номи Яҳува қасам хӯрда+ гуфта будем: “Бигзор Яҳува байни ману ту ва байни насли ман ва насли ту то абад шоҳид бошад”».+
Сипас Довуд бархест ва рафт, Юнотон бошад, ба шаҳр баргашт.