1 Подшоҳон
21 Баъдтар Довуд ба Нуб+ назди Аҳималики коҳин омад. Аҳималик Довудро дида тарсид ва аз ӯ пурсид: «Чаро ту танҳоӣ ва бо ту касе нест?»+ 2 Довуд ба Аҳималики коҳин ҷавоб дод: «Подшоҳ ба ман супориш дода, гуфт: “Бигзор касе дар бораи коре, ки туро ба он мефиристам, ва дастуроте, ки ба ту медиҳам, нафаҳмад”. Бо одамонам бошад, ман гапзанон кардам, ки дар фалон ҷо вомехӯрам. 3 Акнун, агар панҷ нон ё чизи дигаре дошта бошӣ, ба ман бидеҳ». 4 Лекин коҳин ба Довуд гуфт: «Нони одӣ надорам, фақат нони муқаддас ҳаст.+ Ман онро ба шарте медиҳам, ки одамонат аз занон худдорӣ карда бошанд».+ 5 Довуд ба коҳин ҷавоб дод: «Мо чун дафъаҳои гузашта, вақте ба ҷанг мебаромадем, аз занон худдорӣ кардаем.+ Ҷисми ин одамон дар вақти супориши одӣ ки пок бошад, то чӣ андоза имрӯз пок аст!» 6 Он гоҳ коҳин ба ӯ нони муқаддасро дод,+ чунки ба ғайр аз нони пешкаш дар он ҷо дигар ноне набуд. Ин нонро, дар рӯзе ки ба ҷояш нони гарм гузоштанд, аз пеши Яҳува гирифта буданд.
7 Дар он рӯз яке аз ходимони Шоул дар он ҷо буд, чунки лозим омад, ки ӯ пеши Яҳува биистад. Ӯ Дӯаги+ адӯмӣ+ ном дошта, сардори чӯпонони Шоул буд.
8 Довуд ба Аҳималик гуфт: «Оё дар ин ҷо найза ё шамшере дорӣ? Ман шамшер ва дигар аслиҳаамро нагирифтаам, чунки супориши подшоҳ фаврӣ буд». 9 Коҳин дар ҷавоб гуфт: «Шамшери Ҷолёти+ фалиштие, ки ӯро дар водии Эло+ кушта будӣ, дар ин ҷост, он дар матоъ печонда, дар пушти пешбанд+ гузошта шудааст. Агар онро гирифтанӣ бошӣ, бигир, чунки дар ин ҷо дигаре нест». Довуд гуфт: «Аз он беҳтаре нест, онро ба ман бидеҳ».
10 Дар он рӯз Довуд бархоста, боз аз дасти Шоул роҳи гурезро пеш гирифт+ ва оқибат ба назди Окиши подшоҳи Ҷат+ омад. 11 Ходимони Окиш ба ӯ гуфтанд: «Оё ин Довуд, подшоҳи он сарзамин, нест? Магар ӯ ҳамон касе нест, ки дар борааш рақсида чунин месароиданд:
“Шоул ҳазорҳоро зарба зад
Ва Довуд — даҳҳо ҳазорро”?»+
12 Ин суханонро шунида Довуд ба фикр фурӯ рафт ва аз Окиш, подшоҳи Ҷат, сахт ҳаросон шуд.+ 13 Барои ҳамин Довуд рафтори худро дар назари онҳо тағйир дод ва худро дар миёни* онҳо ба девонагӣ зад.+ Ӯ дар рӯйи дарҳои дарвоза аломатҳо мекашид ва оби даҳанашро бар ришаш мерехт. 14 Инро дида Окиш ба ходимонаш гуфт: «Наход набинед, ки ин одам девона аст? Барои чӣ вайро пеши ман овардед? 15 Магар девонаҳои ҳамин ҷо бароям кам буд, ки шумо боз якторо овардед, то дар назди ман девонагӣ кунад? Ин одамро ба хонаи ман овардан чӣ даркор аст?»