2 Воқеанома
4 Сипас ӯ қурбонгоҳи мисине сохт,+ ки дарозиаш 20 газ*, бараш 20 газ ва баландиаш 10 газ буд.
2 Ӯ аз мис ҳавзи рехтае сохт,+ ки Баҳр ном дошт ва доирашакл буд. Он аз як лаб то лаби дигараш 10 газ буда, 5 газ баландӣ дошт ва даври он бо таноби андозагирӣ 30 газ буд.+ 3 Гирдогирди ин Баҳр, дар зери он, нақшҳои тарбузи ёбоӣ буд:+ дар ҳар газ даҳ тарбуз буд. Баҳр ва ду қатор тарбуз яклухт рехта шуда буданд. 4 Онро бар 12 буққа гузошта буданд,+ ки сетояш рӯ ба шимол, сетояш рӯ ба ғарб, сетояш рӯ ба ҷануб ва сетои дигараш рӯ ба шарқ буд. Баҳр бар болои буққаҳо меистод ва қафои ҳамаи онҳо сӯйи мобайни Баҳр буд. 5 Ғафсии он як кафи даст* буд ва лаби он мисли лаби пиёла, мисли гули савсан буд. Ғунҷоиши ин ҳавз 3000 хум* буд.
6 Ҳамчунин ӯ барои шустушӯ даҳ тос сохта, панҷтоашро аз тарафи рост ва панҷтоашро аз тарафи чап гузошт.+ Дар ин тосҳо он чиро, ки барои қурбонии сӯхтанӣ истифода мешуд,+ мешустанд, Баҳр бошад, барои шустушӯи коҳинон* буд.+
7 Баъд аз ин ӯ мувофиқи дастур+ даҳ чароғпояи тиллоӣ сохт+ ва онҳоро дар ибодатгоҳ, панҷтоашро аз тарафи рост ва панҷтоашро аз тарафи чап, гузошт.+
8 Ӯ ҳамчунин даҳ миз сохт ва онҳоро дар ибодатгоҳ, панҷтоашро аз тарафи рост ва панҷтоашро аз тарафи чап, гузошт.+ Ӯ боз 100 косаи тиллоӣ сохт.
9 Сипас ӯ саҳни+ коҳинон,+ саҳни бузург+ ва дарҳои саҳнро сохт ва ӯ дарҳоро бо мис рӯкаш кард. 10 Ӯ Баҳрро аз тарафи рост, дар тарафи ҷанубу шарқӣ, гузошт.+
11 Ҳиром ҳамчунин лаганҳо, хокандозҳо ва косаҳо сохт.+
Ӯ кори хонаи Худоро, ки барои шоҳ Сулаймон ба ҷо меовард, ба анҷом расонд. Чизҳое, ки Ҳиром сохт, инҳо буданд:+ 12 ду сутун+ ва бошаҳои косашакле, ки дар болои ин сутунҳо буданд, ду тӯр+ барои пӯшондани ду бошаи косашакли сари сутунҳо, 13 400 анор+ барои ду тӯр, ду қатор анор барои ҳар тӯр, барои пӯшондани ду бошаи косашакли сари сутунҳо,+ 14 даҳ ароба ва даҳ тоси болои аробаҳо,+ 15 Баҳр ва 12 буққаи зери он,+ 16 лаганҳо, хокандозҳо, чангакҳо+ ва тамоми ашё барои хонаи Яҳува. Ҳуром-Абив+ ҳамаи инро барои шоҳ Сулаймон аз миси сайқалӣ сохт. 17 Подшоҳ онҳоро дар ноҳияи Урдун, байни Суккӯт+ ва Саредо, дар гил рехт. 18 Шумораи ҳамаи ин чизҳое, ки Сулаймон сохт, беҳад бисёр буд ва вазни мисро муайян накарданд.+
19 Сулаймон барои хонаи Худо ашёи зеринро тайёр кард:+ қурбонгоҳи тиллоӣ,+ мизҳо,+ ки бар онҳо нони пешкаш буд,+ 20 чароғпояҳову чароғҳояшон, аз зари тоза,+ то мувофиқи дастур дар пеши ҳуҷраи дарун даргиронда шаванд, 21 ғунчаҳо, чароғҳо ва анбурҳои тиллоӣ, аз зари тозатарин, 22 оташкушҳо, косаҳо, пиёлаҳо ва бухурдонҳо, аз зари тоза, ва даромадгоҳи хонаро — дарҳои дарунӣ барои Макони поктарин+ ва дарҳои хонаи ибодатгоҳро, ки аз тилло буданд.+