Ибриён
9 Аҳди пешина нисбати хизмати муқаддас талаботи қонуние дошт ва дар замин соҳиби ҷойи муқаддас буд,+ ки хайма мебошад. 2 Он хайма аз ду қисм иборат буд. Қисми якум, ки дар он ҷо чароғпоя,+ миз ва нони пешкаш буд,+ Макони пок номида мешуд.+ 3 Аммо дар паси пардаи дуюм+ қисми дигари хайма буд, ки Макони поктарин ном дошт.+ 4 Он ҷо бухурдони тиллоӣ+ ва сандуқи аҳд,+ ки пурра бо тилло рӯпӯш шуда буд,+ қарор дошт. Дар даруни сандуқ зарфи тиллоие буд, ки манн дошт,+ дар он ҳамчунин асои муғҷабастаи Ҳорун+ ва лавҳаҳои аҳд буданд.+ 5 Дар болои сандуқ бошад, каррубиёни пурҷалол буданд, ки сояи онҳо ба сарпӯш* меафтод.+ Вале ҳозир вақти дар ин бора батафсил гап задан нест.
6 Аз замоне ки ҳама чиз ин тавр тартиб дода шуд, коҳинон ҳар рӯз ба қисми якуми хайма медароянд, то хизмати муқаддаси худро ба ҷо оранд.+ 7 Вале ба қисми дуюми хайма дар як сол як бор танҳо саркоҳин медарояд+ ва ӯ бояд бо хун дохил шавад,+ то онро барои худ+ ва барои гуноҳҳое, ки халқ+ надониста кардааст, пешкаш кунад. 8 Ҳамин тавр рӯҳи муқаддас аён месозад, ки то дами вуҷуд доштани хаймаи якум роҳ ба ҷойи муқаддас ошкор нашуда буд.+ 9 Ин хайма рамзи чизест, ки ҳоло вуҷуд дорад+ ва дар он ҳадияву қурбониҳо пешкаш карда мешаванд.+ Аммо ин чизҳо наметавонанд виҷдони касеро, ки хизмати муқаддасро ба ҷо меорад, пурра пок созанд.+ 10 Ин ҳадия ва қурбониҳо танҳо ба чизҳои хӯрданӣ, нӯшиданӣ ва ба ҳар гуна маросимҳои покшавӣ* алоқаманданд.+ Онҳо талаботи қонуние буданд, ки ба ҷисм дахл доштанд+ ва бояд то вақти муқарраршуда, ки дар он ҳама чиз ислоҳ мешавад, ба ҷо оварда мешуданд.
11 Аммо, вақте Масеҳ чун саркоҳини некиҳои иҷрошуда омад, ӯ аз хаймаи бузургтар ва комилтаре гузашт, ки бо дасти одам сохта нашудааст, яъне аз офаридаҳои заминӣ нест. 12 Ӯ ба ҷойи муқаддас на бо хуни бузҳо ва буққаҳои ҷавон*, балки бо хуни худ+ як бор ва барои ҳамеша даромад ва бароямон халосии* абадиро фароҳам овард.+ 13 Охир, агар хуни бузҳову буққаҳои ҷавон+ ва пошидани хокистари модагов касони нопокро муқаддас гардонда, ҷисмро пок мекарда бошад,+ 14 пас, то чӣ андоза хуни Масеҳ,+ ки ба воситаи рӯҳи ҷовидонӣ худро чун қурбонии бенуқсон ба Худо пешкаш кард, виҷдони моро аз корҳои мурда пок месозад,+ то ки ба Худои зинда хизмати муқаддасро ба ҷо орем!+
15 Аз ин сабаб ӯ миёнарави аҳди нав мебошад,+ то даъватшудагон ваъдаи мероси ҷовидониро соҳиб шаванд.+ Ин ба воситаи марги ӯ имконпазир гашт, ба ин восита онҳо аз хатоҳои худ, ки ҳангоми дар аҳди пешина буданашон мекарданд, бо баҳои товон* озод шуданд.+ 16 Ҳангоми бо Худо аҳд бастан марги каси аҳдбаста зарур аст, 17 чунки аҳд ба воситаи марг қувват пайдо мекунад ва, то даме ки одами аҳдбаста зинда аст, он қуввае надорад. 18 Аз ин сабаб аҳди пешина низ маҳз бо хун эътибор пайдо кард. 19 Дар воқеъ, вақте Мӯсо ҳамаи амрҳои Шариатро ба халқ гуфт, обро бо хуни бузҳову буққаҳои ҷавон гирифта, бо пашми сурху шохчаҳои кокутӣ бар китоб* ва тамоми халқ пошиду 20 гуфт: «Ин хуни аҳдест, ки Худо риоя кардани онро ба шумо амр додааст».+ 21 Ӯ ҳамин тавр бар хаймаву тамоми зарфҳои хизмати муқаддас хун пошид.+ 22 Бале, мувофиқи Шариат қариб ҳама чиз бо хун пок мешавад+ ва, то хун рехта нашавад, гуноҳҳо бахшида намешаванд.+
23 Бинобар ин лозим буд, ки он чӣ намунаи+ чизҳои осмонӣ аст, ба воситаи қурбонии ҳайвонҳо пок гардад,+ лекин барои чизҳои осмонӣ қурбониҳои беҳтаре лозиманд. 24 Охир, Масеҳ на ба ҷойи муқаддасе даромад, ки бо дасти одам сохта шудаасту+ нусхаи воқеият аст.+ Ӯ ба худи осмон дохил шуд,+ то ки ҳоло барои мо пеши Худо ҳозир шавад.+ 25 Ӯ барои он дохил нашудааст, ки худро борҳои зиёд қурбон кунад, чи тавре ки саркоҳин ҳар сол+ бо хуни ҳайвонҳо, на бо хуни худ, ба ҷойи муқаддас медарояд. 26 Агар ин тавр мебуд, ба ӯ лозим меомад, ки аз бунёди олам* борҳо азоб кашад. Вале ҳоло ӯ дар охирзамон* худро як бор ва барои ҳамеша ошкор кард, то бо қурбонии худ гуноҳро аз байн барад.+ 27 Чи тавре ки инсон танҳо як бор мемурад ва баъди он доварӣ карда мешавад, 28 Масеҳ низ танҳо як бор барои бардоштани гуноҳҳои бисёр касон қурбон шуд+ ва бори дуюм барои аз миён бурдани гуноҳ намеояд. Он вақт касоне, ки барои наҷот ёфтан бесаброна интизораш ҳастанд, ӯро мебинанд.+