1 Қӯринтиён
5 Ба ман хабар доданд, ки дар байни шумо зинокорӣ*+ дида мешавад, ва он ҳам чунон зиное, ки ҳатто дар байни халқҳои дигар дида намешавад, яъне шахсе бо зани падари худ зиндагӣ мекунад.+ 2 Боз шумо, ба ҷойи он ки мотам гирифта,+ он шахсро аз байни худ дур созед,+ бо ин фахр мекунед? 3 Гарчанд ҷисман бо шумо нестам, хаёлан* бо шумоям ва чун касе, ки дар байни шумост, шахсеро, ки ба ин кор даст задааст, аллакай маҳкум кардаам. 4 Вақте шумо ба номи Ҳазратамон Исо ҷамъ мешавед ва медонед, ки ман бо қудрати ӯ хаёлан бо шумоям, 5 он шахсро ба Шайтон супоред,+ то ҷамоат аз таъсири бади ӯ пок шуда*, рӯҳияи дурустро дар рӯзи Ҳазратамон нигоҳ дорад.+
6 Фахр кардани шумо хуб нест. Магар намедонед, ки андак хамиртуруш тамоми хамирро турш мекунад?+ 7 Пас, хамиртуруши куҳнаро аз худ дур кунед, то хамири нав бошед, зеро шумо бе хамиртуруш ҳастед, чунки Масеҳ, ки барраи+ Иди Раҳоист, бароямон қурбон шудааст.+ 8 Бинобар ин биёед идро на бо хамиртуруши куҳна, на бо хамиртуруши бадиву гунаҳкорӣ, балки бо фатири самимияту ростӣ ҷашн гирем.+
9 Дар номаи худ ба шумо навишта будам, ки бо зинокорон* дигар ҳамнишин набошед. 10 Гуфтанӣ набудам, ки худро тамоман аз зинокорони* ин ҷаҳон,+ чашмгушнагон, ғоратгарон ё бутпарастон ҷудо кунед, чунки дар ин ҳолат ба шумо лозим меомад, ки пурра аз ин ҷаҳон берун шавед.+ 11 Ҳоло бошад, ба шумо менависам, ки бо ҳар касе, ки бародар номида мешаваду зинокор*, чашмгушна,+ бутпараст, бадзабон, бадмаст+ ё ғоратгар+ аст, дигар ҳамнишин нашавед+ ва бо чунин кас хӯрок ҳам нахӯред. 12 Ман ба касоне, ки берун аз ҷамоатанд, коре надорам ва онҳоро доварӣ намекунам. Шумо низ бояд касонеро доварӣ кунед, ки дар ҷамоатанд. 13 Онҳоеро, ки берун аз ҷамоатанд, Худо доварӣ мекунад.+ Пас, шумо «бадкорро аз байни худ дур кунед».+