Ишаъё
55 Эй ҳамаи ташнагон,+ сӯйи об биёед!+
Эй касоне, ки пул надоред, биёед, бихаред ва бихӯред!
Омада, бепул ва муфт+ шаробу шир бихаред.+
2 Чаро барои он чизе, ки нон нест, пул медиҳед
Ва музди меҳнати худро барои он чизе, ки сер намекунад, сарф менамоед?
Ба ман бодиққат гӯш диҳед ва чизҳои нағз бихӯред,+
Он гоҳ шумо аз хӯрокҳои серравған лаззат мебаред.+
3 Гӯшатонро хам кунед ва назди ман оед.+
Гӯш диҳед, то ҷони шумо зинда бимонад,
Ва ман аз рӯйи меҳру вафое, ки ба Довуд ваъда кардааму ин ваъда ҳаққонист,+
Ҳатман бо шумо аҳди ҷовидонӣ мебандам.+
5 Ту халқеро, ки намешинохтӣ, даъват мекунӣ
Ва мардуме, ки туро намешинохт,
Ба хотири Худоят Яҳува,+ Худои Поки Исроил, сӯят хоҳад давид,
Зеро ӯ туро ҷалол хоҳад дод.+
6 Ҳоло ки Яҳуваро ёфтан мумкин аст, ӯро биҷӯед.+
Ҳоло ки ӯ наздик аст, сӯяш бихонед.+
8 «Фикрҳои ман фикрҳои шумо нест+
Ва роҳҳои шумо роҳҳои ман нест,— мегӯяд Яҳува.—
9 Чуноне ки осмон аз замин баланд аст,
Ончунон роҳҳои ман аз роҳҳои шумо
Ва фикрҳои ман аз фикрҳои шумо баланданд.+
10 Чуноне ки барфу борон аз осмон меборад
Ва, то даме ки заминро сероб намуда, онро сабзу хуррам ва ҳосилхез накунад
Ва ба коранда тухмиву ба хӯранда нон надиҳад, барнамегардад,
11 Ончунон каломе, ки аз даҳони ман мебарояд, хоҳад буд:+
Он сӯям бенатиҷа барнамегардад,+
Балки ҳатман хостамро ба ҷо меорад+
Ва дар коре, ки барояш онро фиристодаам, комёб мешавад.
Кӯҳҳову теппаҳо пеши шумо хушҳолӣ намуда, нидои шодӣ мебароранд+
Ва ҳамаи дарахтони саҳро қарсак мезананд.+
Ин Яҳуваро шуҳрат медиҳад+
Ва аломати абадие мешавад, ки ҳеҷ гоҳ аз байн намеравад».