Забур
Таронаи Довуд.
110 Яҳува ба Ҳазрати ман чунин гуфт:
2 Яҳува ҳокимияти* туро аз Сион берун паҳн месозад.
Ӯ ба ту мегӯяд: «Дар миёни душманонат ҳукмронӣ намо».+
3 Халқи ту, рӯзе ки лашкаратро ба ҷанг барӣ, ихтиёран ҳозир мешавад.
Ту ҷавонони зиёде, ҷавонони поку зебое дорӣ,
Ки мисли шабнами зодаи субҳидаманд.
4 Яҳува қасам хӯрдааст ва аз қасамаш намегардад*:
6 Ӯ халқҳоро доварӣ хоҳад намуд,+
Заминро аз ҷасадҳо пур хоҳад кард+
Ва сарвари замини бузургеро* шикаст хоҳад дод.
7 Ту* аз ҷӯйи сари роҳ хоҳӣ нӯшид.
Аз ин рӯ ту сари худро хоҳӣ бардошт.