Забур
Ба сардори ромишгарон. Таронаи Довуд, бандаи Яҳува.
36 Гуноҳ ба гӯши дили бадкор сухан мегӯяд.
Тарси Худо дар чашмонаш нест.+
2 Ӯ фирефтаи таърифҳои худаш мешавад,
Ба тавре ки гуноҳашро намебинад ва аз он нафрат намекунад.+
3 Даҳонаш пур аз бадию фиреб аст,
Ба кори нек ақлаш намерасад.
4 Дар бистараш ҳилаҳои бад меандешад.
Ӯ бо роҳи хуб равона нест
Ва аз бадӣ рӯй намегардонад.
5 Эй Яҳува, меҳри пойдорат то ба осмон расидааст,+
Вафои ту то ба абрҳост.
Инсону ҳайвонро ту нигаҳ медорӣ, эй Яҳува.+
7 Худовандо, чӣ бебаҳост меҳру вафоят!+
Дар сояи болҳои ту одамизод паноҳ меёбад.+
8 Онҳо аз неъматҳои фаровони хонаат нӯши ҷон мекунанд+
Ва ту аз чашмаи атоҳои ҳаловатбахшат ба онҳо менӯшонӣ.+
10 Минбаъд низ аз онҳое, ки туро мешиносанд, меҳру вафоятро дареғ надор+
Ва покдилонро аз адолатат маҳрум насоз.+
11 Нагузор, ки ҳавобаландон бар ман пой гузоранд
Ва дасти бадкорон маро биронад.
12 Бубин, ки бадкорон фурӯ ғалтидаанд,
Чаппагардон шудаанд ва дигар намехезанд.+