Шоҳсуруд
7 «Чӣ зебоянд пойҳоят дар кафшҳо,
Эй духтари олиҳиммат!
Печу хами ронҳоят мисли ҷавоҳирест,
Ки амали дасти устои ҳунарманд аст.
2 Нофат косаи гирд аст.
Бигзор шароби омехта дар он кам нашавад.
Шикамат хирмани гандум аст,
Ки гирдогирдаш савсанҳо рӯйидаанд.
3 Ду синаат мисли ду оҳубарра аст,
Мисли бачаҳои дугоники ғизол.+
4 Гарданат+ мисли бурҷест*+ аз оҷ*.
Биният мисли бурҷи Лубнон аст,
Ки сӯйи Димишқ нигарон аст.
5 Сарат бар гарданат мисли кӯҳи Кармил+ меистад.
Мӯят+ мисли пашми бунафшранг+ аст.
Шоҳ асири мавҷи гесувонат гаштааст.
6 Чӣ нозанину чӣ дилкашӣ, эй ҷононаи ман,
Ту аз ҳар чизи лаззатбахш дилхоҳтарӣ!
7 Қаду бастат мисли дарахти нахл аст
Ва синаҳоят мисли хӯшаҳои хурмо.+
8 Гуфтам: “Ба дарахт мебароям
Ва меваҳояшро чанг мезанам”.
Бигзор синаҳоят мисли хӯшаҳои ангур бошанд,
Нафасат мисли себи хушбӯй
9 Ва даҳонат мисли шароби ноб».
«Бигзор он ба коми азизам нарм бичакад,
Мисли шаробе, ки бар лабон рехта, хоби касро меорад.
10 Ман аз они дилдорам ҳастам+
Ва ӯ муштоқи ман аст.
11 Биё, дилдорам,
Биё ба сайри саҳро биравем.
Биё дар миёни буттаҳои ҳино+ бимонем.
12 Биё барвақт бархезему сӯйи токзор биравем
Ва бубинем, ки оё дарахти ангур шукуфтаасту
Ғунчаҳо во шудаанд+
Ва оё дарахти анор гул кардааст.+
Он ҷо туро дӯстдорӣ хоҳам кард.+
Ҳам меваҳои навчида ва ҳам пешинаро
Барои ту, эй дилдорам, нигоҳ доштаам.