Рут
2 Ноомӣ аз тарафи шавҳараш Бӯаз+ ном хеше дошт, ки хеле бой буд. Ӯ аз хонадони Элималик буд.
2 Рӯзе Рути мӯобӣ ба Ноомӣ гуфт: «Иҷозат деҳ, ки ман ба киштзорҳо рафта, аз қафои касе, ки ба ӯ писанд оям, хӯшачинӣ кунам».+ Ноомӣ ба вай гуфт: «Майлаш, духтарам, рав». 3 Ӯ баромада, ба киштзоре рафт ва дар он ҷо аз қафои даравгарон хӯша чидан гирифт. Ногоҳ ӯ ба замине расид, ки аз они Бӯаз,+ яке аз хешовандони Элималик,+ буд. 4 Он вақт Бӯаз, ки нав аз Байт-Лаҳм омада буд, ба даравгаронаш гуфт: «Яҳува мададгоратон бод!» Онҳо дар ҷавоб гуфтанд: «Яҳува туро баракат диҳад!»
5 Бӯаз аз сардори даравгарон пурсид: «Ин ҷавонзан аз хонадони кист?» 6 Он мард ҷавоб дод: «Ин ҷавонзани мӯобиест,+ ки аз замини Мӯоб ҳамроҳи Ноомӣ омадааст.+ 7 Ӯ аз мо пурсид: “Мумкин аст аз паси даравгарон сарак чинам*?”+ Ин зан аз саҳари барвақт то ҳол ба по истода кор кард ва танҳо ҳозир барои каме дам гирифтан дар хаскаппа нишаст».
8 Бӯаз ба Рут гуфт: «Гӯш кун, духтарам, ту барои хӯшачинӣ ба киштзори дигар нарав. Дар ҳамин ҷо ҳамроҳи заноне, ки дар замини ман кор мекунанд, бимон.+ 9 Нигоҳ кун, ки онҳо дар куҷо дарав мекунанд, ва ту ҳам аз ақибашон бирав. Ман ба коргаронам фармудам, ки ба ту кордор нашаванд. Агар ташна шавӣ, рафта, аз обе, ки коргаронам кашонда, дар кӯзаҳо пур кардаанд, бинӯш».
10 Он гоҳ Рут то ба замин хам шуда, таъзим кард ва ба Бӯаз гуфт: «Бо кадом корам ман дар чашми ту писанд афтодам ва чӣ шуд, ки ту ба мани ғариб назар кардӣ?»+ 11 Бӯаз дар ҷавоб гуфт: «Ба ман ҳар он чиро, ки ту баъди марги шавҳарат дар ҳаққи хушдоманат кардӣ, нақл карданд. Ту падару модар ва замини хешу таборатро тарк карда, назди як халқи бегона омадӣ.+ 12 Бигзор Яҳува туро барои ин некиҳоят баракат диҳад+ ва бигзор Яҳува, Худои Исроил, ки зери болҳояш паноҳ бурдаӣ,+ ба ту мукофоти арзандае диҳад!» 13 Рут бошад, дар ҷавоб ба ӯ гуфт: «Эй кош дар назари хоҷаам писанд оям, чунки ту маро тасаллӣ додӣ ва дили канизи худро ором кардӣ, ҳарчанд ман сазовори он нестам, ки канизи ту хонда шавам».
14 Ҳангоми хӯрокхӯрӣ Бӯаз ба вай гуфт: «Ин ҷо биёву каме нон бихӯр ва луқмаи худро дар сирко тар кун». Ӯ омада, дар назди даравгарон нишаст. Бӯаз ба ӯ каме ғаллаи бирён дод ва ӯ хӯрда сер шуду боз каме монд. 15 Вақте ки Рут барои хӯшачинӣ аз ҷояш хест,+ Бӯаз ба коргаронаш чунин гуфт: «Монед, ки ӯ аз байни хӯшаҳои даравида* низ бичинад ва ӯро ғам надиҳед.+ 16 Ғайр аз ин, аз бандҳои ғалла каме гирифта, барояш монед, то вай аз қафо онҳоро чинад ва ба ӯ чизе нагӯед».
17 Рут то бегоҳ дар киштзор хӯша чинд.+ Вақте ӯ ғаллаи чидаашро кӯфт, тахминан як эфа* ҷав баромад. 18 Баъд ӯ ғалларо гирифта, ба шаҳр омад ва Ноомӣ дид, ки ӯ чӣ қадар ғалла чидааст. Рут онро ҳамроҳи хӯроки боқимондааш+ ба хушдоманаш дод.
19 Он гоҳ ӯ ба келинаш гуфт: «Ту имрӯз дар куҷо хӯша чидӣ ва дар куҷо кор кардӣ? Бигзор касе, ки ба ту некӣ кардааст, баракат ёбад».+ Рут ба хушдоманаш нақл кард, ки дар киштзори кӣ кор кард. Ӯ гуфт: «Имрӯз ман дар киштзори Бӯаз ном марде кор кардам». 20 Инро шунида Ноомӣ ба келинаш гуфт: «Бигзор Яҳува он мардро баракат диҳад. Ӯ Худоест, ки меҳру вафояшро аз зиндагону мурдагон дареғ намедорад».+ Ноомӣ суханашро давом дода гуфт: «Ин мард хеш+ ва яке аз товондеҳҳои мост*».+ 21 Баъд Рути мӯобӣ чунин гуфт: «Он мард боз ба ман гуфт: “Назди коргарони ман биист, то он вақте ки онҳо киштзорамро пурра дарав кунанд”».+ 22 Ноомӣ ба келинаш Рут чунин гуфт: «Духтарам, беҳтар аст, ки ту бо канизони ӯ бошӣ, чунки дар киштзори дигар туро ғам дода метавонанд».
23 Рут ба канизони Бӯаз ҳамроҳ шуда, то охири мавсими ҷавдарав+ ва гандумдарав хӯша мечид. Ӯ ҳамроҳи хушдоманаш зиндагӣ мекард.+