ҲИКОЯИ 102
Исо зинда аст
МЕДОНӢ, ки ин зан ва ин мардон киҳоянд? Зан Марями Маҷдалия, яке аз дӯстони Исо мебошад. Мардоне ки либоси сафед доранд, фариштагонанд. Ин хоначае ки Марям ба дарунаш менигарад, ҷоест ки ҷисми Исо баъд аз маргаш ба он гузошта шуд, яъне қабри вай аст. Лекин ҳоло ҷисми Исо дар ин ҷо нест! Онро кӣ гирифта бошад? Канӣ, биё бинем.
Баъд аз мурдани Исо, коҳинон ба Пилат муроҷиат мекунанд: «Дар вақти зинда буданаш Исо мегуфт, ки пас аз се рӯз эҳё хоҳад шуд. Аз ин рӯ, амр деҳ, ки қабрашро посбонӣ кунанд. Набошад, шогирдонаш ҷисми вайро дуздида, хоҳанд гуфт, ки вай баъди марг эҳё шуд!». Пилат ба коҳинон мегӯяд, ки посбонҳои худашонро фиристанд.
Вале дар рӯзи сеюми марги Исо, субҳи барвақт, баногоҳ фариштаи Яҳува пайдо мешавад. Ӯ сангро аз дари қабр меғелонад. Посбонон аз тарс дар ҷояшон шах мешаванд. Билохир, вақте ки ба даруни қабр менигаранд, мебинанд ки ҷисми Исо нест шудааст! Баъзеи посбонон ба шаҳр рафта, воқеаро ба коҳинон нақл мекунанд. Оё медонӣ, ки коҳинони шарир чӣ кор мекунанд? Онҳо ба посбонон барои дурӯғ гуфтанашон пул медиҳанд. «Бигӯед, ки шаб, дар вақти хоб будани мо шогирдонаш омада, ҷисми Исоро дуздиданд»,— мефармоянд онҳо.
Дар ин вақт, баъзе аз занҳое, ки бо Исо дӯст буданд, ба сари қабр меоянд ва онро холӣ дида, чӣ қадар ҳайрон мешаванд! Ногоҳ ду фариштае бо либосҳои нурафшон пайдо шуда, аз занҳо мепурсанд: «Чаро Исоро дар ин ҷо ҷустуҷӯ мекунед? Ӯ эҳё шудааст, акнун зудтар биравед ва ба шогирдонаш ин хабарро расонед». Занҳо шитобон давида мераванд! Вале дар роҳ марде онҳоро бозмедорад. Медонӣ, ки ӯ кист? Ин Исо аст! «Биравед ва ба шогирдони ман нақл кунед»,— мегӯяд вай.
Вақте занҳо омада ба шогирдон хабар медиҳанд, ки Исо зинда аст ва онҳо вайро диданд, боварии шогирдон намеояд. Петрус ва Юҳанно давида ба назди қабр меоянд, то ки бо чашмони худ бубинанд; вале қабр холӣ аст! Петрусу Юҳанно бармегарданд, Марями Маҷдалия бошад, дар он ҷо мемонад. Ӯ ба даруни қабр назар меандозад ва ду фариштаро мебинад.
Оё медонӣ, ки бо ҷисми Исо чӣ шуд? Худо онро нест кард. Худо Исоро на дар тани одамие, ки ӯ дар он мурда буд, эҳё намуд, балки Ӯ ба Исо сурати рӯҳонӣ дод, монанди оне ки фариштагон дар осмон доранд. Исо бо мақсади нишон додани зинда будани худ, бадани одамие барои худ мегирифт, то ки одамон вайро дида тавонанд.